САФФОРИЁН - МАРҲАЛАИ ДУЮМ ДАР РОҲИ ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ФАРҲАНГУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ 
 
26 майи соли 2023 дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 1150 - солагии таъсиси давлати Саффориён ҳамоиши илмӣ бо номи “Ҷойгоҳи Саффориён дар ба даст овардани истиқлоли Хуросони Бузург” баргузор гардид. Дар он директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор Убайдулло Н. К., олимону кормандони Институт ва маърӯзакунандагон аз дигар муассисаҳои илмии кишвар иштирок намуданд.
Конференсияро директори Институт Убайдулло Н.К. ифтитоҳ намуда, оид ба мавзуи “Сафориён - марҳалаи дуюм дар роҳи эҳёи давлатдорӣ ва фарҳангу тамаддуни ориёӣ” суханронӣ намуд. Сипас, олимон узви вобастаи АМИТ Ҳ. Пирумшоев, профессорон Ҳамза Камол, А. Саидов, Р. Муқимов, номзадони илм Абдувалӣ Шарифзода, Ш. Муҳаммадиев, С. Сайнаков, Н. Сафарзода ва дигарон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Дар конференсия масоили муҳимми таърихию таърихнигории давлати Саффориён, зуҳури Яъқуби Лайси Саффорӣ дар уфуқи сиёсии Хуросон, тавсифи шахсияти Яъқуби Лайс дар манобеи хаттӣ, аҳамияти сиккаҳои саффории аз Кӯлоб дарёфтшуда дар таҳқиқи таърихи сиёсӣ ва иқтисодии Саффориён, шеъру адаби форсии тоҷикӣ дар давраи Саффориён, шахсияти Яъқуби Лайс аз нигоҳи академик В.В. Бартолд ва ҷуғрофиёи таърихии давлати Саффориён ва дигар мавзӯоти марбут ба таърихи ин  хонадони муборизи роҳи озодӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки давлати Саффориён яке аз се давлати тоҷикии асрҳои IX- X буда, асосгузори он Яъқуби Лайс мебошад, ки дар роҳи ба даст овардани истиқлоли Хуросону Мовароуннаҳр аз Хилофати араб муборизаи пайваста бурдааст. Яъқуби Лайс аз дохили табақаи поёнии ҷомеа бо мубориза баромада, то ба мансаби амири Хуросон расид. Шахсияти Яъқуби Лайси Саффорӣ дар манобеи таърихӣ ҳамчун шоҳи одил, раъийятпарвар, сахтгир, хоксор ва далеру ҷасур тавсиф ёфта, яке аз чеҳраҳои мондагори таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик мебошад. Давлатдории Саффориён гарчанде он қадар тӯлонӣ набуд, вале  саҳифаи заррини муборизаи ошкоро дар роҳи эҳёи давлату давлатдорӣ ва фарҳангу тамаддуни ориёӣ, истиқлоли сиёсӣ ба муқобили Хилофати араб маҳсуб меёбад.
 
img_20230526_091706.jpg img_20230526_092717.jpg img_20230526_091602.jpg