ИДОМАИ ҲАФРИЁТ ДАР ЁДГОРИИ БОСТОНИИ САНҶАРШОҲ
Бостоншиносони тоҷик ва шарикони хориҷии онҳо бо роҳбарии ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, н.и.т. Шарофиддин Қурбонов ва Абдураҳмон Пулотов аз 15.05.2023 бо ҷалби донишҷӯёни факултети таърихи ДОТ дар ш. Панҷакент таҳқиқи қасри Санҷаршоҳ (ҳафриёти 7-8)-ро идома медиҳанд. Дар натиҷаи ҳафриёт дар ин мавзеъ ҳуҷрае пайдо гардид, ки андозаи он дар давраи якуми сохтмонӣ ба 15.6 x 19 метр мерасад. Бояд ёдовар шуд, ки дар натиҷаи ҳафриёти мавсими 2022 аз ин ҳуҷра пораҳои деворнигораҳо пайдо шуданд, ки аз ҳашамат ва зебоии ин қаср шаҳодат медиҳанд.
Аз нигоҳи таърихи ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ ёдгориҳои бостоншиносии Тоҷикистон ниҳоят пурарзишанд. Дар ин ҷо равшан нишон додан мумкин аст, ки маданияти аҷдодии ин сарзамин дар замонҳои дур то чӣ андоза ба қуллаи баланди ташаккули худ расида буд. Дар баробари ин алоқаи он бо тамоми марказҳои асосии тамаддуни ҷаҳонӣ равшану возеҳ мегардад. Бо дидани ёдгориҳои Тоҷикистон кас мутмаин хоҳад шуд, ки фарҳанги маҳаллӣ ба замони қадим решаҳои амиқ давондааст.
Ёдгории бостонии Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакент аз замири чунин ёдгориҳои беназири кишвар мебошад, ки бо бозёфтҳову биноҳои нодири худ аз ҳунар, завқу ҳаваси меъмориву кулолгарии сокинони болооби водии Зарафшон дар ибтидои асрҳои миёна дарак медиҳад. Ёдгории аввали асримиёнагии Санҷаршоҳ дар деҳаи Суҷина, 12 км шарқтар аз шаҳри Панҷакент (вилояти Суғд) ҷойгир буда, мутааллиқ ба асрҳои 5-9 мелодӣ мебошад. Новабаста аз он ки қисми зиёди ёдгориро солҳои 50-70-уми асри гузашта бо мақсади бунёди боғ масъулини онвақтаи деҳаи Суҷина ҳамвор кардаанд, бостоншиносон дар талоши равшан намудани асрори зери он нуҳуфта ҳастанд. То имрӯз дар ҳудуди ёдгорӣ 8 ҳафриёти бостонӣ таҳқиқ шудааст, ки дар натиҷа барои дарки сохтори шаҳрак, ҳунар ва фарҳанги моддии он маводи пурқимати таърихӣ ба даст омадаанд.
Ҳамасола, шурӯъ аз соли 2008 аз ҷониби бостоншиносони тоҷик ва шарикони хориҷии онҳо дар асоси шартномаи ҳамкории байни Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷамъияти тадқиқоти Авруосиё дар ёдгории номбурда ҳафриёт гузаронида мешавад. Ҳафриёт то нимаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.