МИЗИ МУДДАВАР: «ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ» - ҚАДАМИ ҶИДДИЕ ДАР ШИНОХТИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКОН

 
14 майи соли 2023 дар маркази «Пажӯҳиши афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ва Маркази «Пажуҳиш ва афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат» мизи мудаввар дар мавзӯи «Консепсияи омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён»-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» доир гашт. Дар он ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, саркотиби илмии АМИТ доктори илмҳои таърих, профессор Қосимшо Искандаров, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ доктори илмҳои таърих, профессор Убайдулло Н.К. ва дигар олимони соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ иштирок намуданд.
Мизи мудавварро  ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз  ифтитоҳ намуд. Сипас, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш доктори илмҳои таърих, профессор Убайдулло Н.К. баромад намуда, қайд кард, ки Истиқлоли давлатӣ барои омӯзиш ва таҳқиқи воқеии таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик шароити мусоиду созгорро муҳайё сохта, ба марҳалаи комилан нави рушди таърихнигории миллӣ ибтидо гузошт. Маҳз дар ҳамин давра муаррихони ҷумҳурӣ ба пажӯҳиши саҳифаҳои ноаён ва берун аз доираи таҳқиқ мондаи таърихи халқи тоҷик рӯ оварда, натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардиданд.  Ба андешаи устод Убайдулло Н.К.  муҳимтарин омили созгор дар самти таҳқиқу омӯзиши таърихи халқи тоҷик ин, пеш аз ҳама таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху фарҳанги суннатии аҷдодӣ мебошад.  Ҳамзамон, директори Институт ёдрас шуд, ки  ба чоп расидани силсилаи таҳқиқоти таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» қадами ҷиддие дар шинохти таърихии тоҷикон ва мақоми онҳо дар ташаккулу пешрафти тамаддуни минтақа ва ҷаҳон мебошад. Силсилаи мазкур дар ибтидо ҳамчун дастури муҳимми таълимӣ барои хонандагони зинаҳои гуногуни таҳсилот (солҳои 1995-1999) бо забонҳои тоҷикиву русӣ ва англисӣ ба чоп расида буд. Нашри мукаммали «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» дар чор китоб солҳои 1999 - 2006 сурат гирифт, ки дар шинохт ва таҳқиқи таъриху тамаддуни халқи тоҷик аз рӯи меъёрҳои нави таърихнигорӣ тобиши нав ва комилан ҷиддиро ба миён овард.
Академик Кароматулло Олимов, узви вобастаи АМИТ Ҳайдаршо Пирумшоев ва доктори илмҳои таърих, профессор Ҳамза Камол  низ перомуни аҳамияти илмии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён»-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши он дар худшиносиву худогоҳии миллӣ, аҳамияти таърихиву фарҳангӣ он ва дигар паҳлуҳои он,  ки дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик аз асарҳои нодири замони истиқлол ба ҳисоб мервад, суханронӣ намуданд.
 
1_3.jpg2_1.jpg 3_3.jpg
Институти таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ