Насрулло УБАЙДУЛЛО,
директори  Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи А.Дониши
АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор
 
КОНСЕПСИЯИ ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ТАҲИЯ ВА ТАТБИҚИ ОН
 
Соли 2023 барои мардуми кишвари тозаистиқлол ва тамоми тоҷикони дунё соли таҷлили 31-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26 солагии ба имзорасии «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» мебошад. 
Аз фурсат истифода намуда тамоми сокинони кишвари азизро ба ифтихори ин ду ҷашни таърихӣ табрик мегӯям. Бешак, таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва  раванди бадастоварии Ваҳдати миллӣ яке аз нодиртарин дастоварди замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ аз Иҷлосияи таърихии 16-уми даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои таърихию сарнавиштсози он, интихоби роҳбарияти нави олии ҷумҳурӣ ибтидо мегирад. Дар паёми шодбошии худ ба муносибати 24-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳанӯз аз Иҷлосияи XVI-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар оғоз гардида буд.
Маҳз дар натиҷаи амалӣ гардидани қарорҳои иҷлосияи воқеан таърихӣ дар мамлакат барои барқарорсозии сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ризоияти миллӣ, бунёди аркони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, низоми ҳуқуқии адолатпеша ва оғози барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи устувор гузошта шуд».
Воқеан  консепсияи муназзами истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз ҳамин иҷлосияи таърихӣ ибтидо гирифт, ки муаллифу таҳиягари он бевосита Пешвои миллат ва раиси онвақтаи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.  
Иҷлосияи шонздаҳуми даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкиливу ташвишҳои зиёде бошад ҳам, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби колхози ба номи Урунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд ба кори худ шуруъ намуд. Рӯзи дуюм, 17 ноябр бо мақсади аз байн бурдани ихтилоф доир ба ҷараёни иҷлосия ва ба маҷрои муайян ворид намудани он Маҷлиси машваратӣ бо ширкати вакилони халқ, аъзои ҳукумат, шахсиятҳои шинохтаву барӯманд, собиқадорон, олимону адибон, намояндагони азҳобу созмонҳо, ҷамъиятҳо, рӯзноманигорон ва инчунин намояндагони як қатор кишварҳои ИДМ доир гардид.
Иштирокчиёни Маҷлиси машваратӣ дар баромади худ доир ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, қабули конститутсияи нав, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳалли масъалаи фирориён, ҳолати вазнини иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ сухан гуфта, аз Шӯрои Олӣ қотеъона талаб намуданд, ки оид ба ин ва дигар масоили мубрам қарорҳои дахлдор ва созанда қабул намоянд.
Дар ҳамин ҷаласаи машваратӣ ҳангоми баромади худ раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб, вакили мардумии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо лаҳни хеле муассир доир ба аҳволи вазнину мураккаби сокинони вилоят, мушкилоти шадиди иқтисодии ба иллати муҳосираи иқтисодӣ ба миён омада, эҳтиёҷи мардум ба одитарин маводи ғизоӣ ҳарф зад, нахустин пояҳои консепсияи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар ҷумҳурӣ садо доданд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намояндаи мардуми Кӯлоб дар парламент воқеъбинона вазъи вилоят ва ҷумҳуриро таҳлил намуда, аз хисороти азими ба бор овардаи ҷанги шаҳрвандӣ, пуштибонии ҳукумати марказӣ аз баъзе навоҳиҳо ва қувваҳо, ки боиси мураккабшавии вазъи сиёсии кишвар гардид, бесалоҳиятӣ ва аз ӯҳдаи идоракунии кишвар набаромадани мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ  ёдовар шуд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки давом додани хунрезӣ беақлист ва имрӯз мақсади асосии дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҷамъ омадани мо пешгирии ҳамин хунрезӣ ва барқарорсозии сулҳу оромӣ дар мамлакат аст.
Рӯзи 19 ноябр Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони мардумӣ сухан намуда, аз боварӣ ва эътимоди онҳо изҳори сипос кард ва таъкид намуд, ки аввалан натиҷаи овоздиҳӣ нишонаи ҳамфикрӣ ва ваҳдати дохилии мақомоти олии намояндагии кишвар мебошад. Раиси Шӯрои Олӣ дар нахустин суханронӣ ба тарзи мухтасар барнома ва мақсаду мароми худро ҳамчун Сарвари тозаинтихоби давлат манзур намуда, иброз намуд, ки пеш аз ҳама барои муътадил гардидани вазъи ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ ва қатъи хунрезӣ тадбирҳо ҷуста, ба минтақаҳои ҷангзада, пеш аз ҳама вилоёти Кӯлобу Қурғонтеппа ва ноҳияҳои ноороми тобеи марказ сафар менамояд.[1]  Ин қадами дуюми ҷиддӣ ва созанда дар таҳия ва татбиқи консепсияи ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар ҷумҳурӣ буд.
Махсусан, суханони аввалин ва изҳороти қатъии раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард» ва «Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам»[2] барои мардуми кишвар ва тамоми тоҷикон умеди тозаю гармеро дар роҳи раҳоӣ аз вартаи нестӣ ва ба даст овардани мувофиқаи ҳамагонӣ ба бор овард. Чунин суханон ва қадамҳои аввалини Сарвари нав ва ҷавони 40-сола, ки бори вазнин ва масъулияти бузурги таърихиро дар ҳассостарин лаҳзаи тақдирсози миллату кишвар ба дӯши худ гирифт, аз ибтидои марҳалаи нав дар таърихи ҷумҳурии тозистиқлоли Тоҷикистон ва қадамҳои  устувор барои ба даст овардани ваҳдати миллӣ шаҳодат медод. Муҳимтар аз ҳама, ҳанӯз дар рафти кори иҷлосия сокинони кишвар ва инчунин сиёсатшиносону сиёсатмадорони касбии хориҷӣ, дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон  роҳбареро мушоҳида намуданд, ки қодир аст то ҷумҳуриро аз ноустувории сиёсӣ, ҷанги шадиди шаҳрвандӣ ва таҳдиди амиқи парокандагӣ берун оварад.
Марҳалаи дигари таҳияи ва ташаккули консепсияи ваҳдати миллӣ ва қадамҳои нахустини татбиқи ҳуқуқии он дар рафти иҷлосия ҳангоми қабули санадҳои муҳимми сарнавиштсоз ба вуқуъ омад. Дар маҷмуъ Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ 74 номгӯй санадҳои ҳуқуқӣ қабул намуд, ки вобаста ба самт, мазмун ва хусусияти танзимкунанда, метавон онҳоро ба чанд гурӯҳ ҷудо намуд.  Аммо се гурӯҳи масъалаҳое буданд, ки дар шаклгирии консепсияи ваҳдати миллӣ ва аввалин қадамҳои ҷиддӣ дар самти татбиқи он нақши муассир гузоштанд:
- якум  массоиле, ки ба барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва бевосита азнавсозии сохтори мақомоти олии намояндагӣ ва иҷроияи ҷумҳурӣ - Шӯрои Олӣ ва Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда буданд. Дар ин самт Иҷлосия шонздаҳум наздики 50 номгӯй санаду қарори дахлдор қабул намуда, раис ва ҳайати комилан нави Раёсати Шӯрои Олӣ ва сарвазиру аъзоёни Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намуд.
- дуюм, масоиле, ки ба такмил ва таҳкими низоми конститутсионии ҳокимияти давлатӣ нигаронида шуда буданд. Пеш аз ҳама дар ин самт баррасӣ ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба шакли идоракунии президентӣ дар кишвар нақши асосиро соҳиб мебошад. Тибқи қонуни мазкур шакли идоракунии президентӣ дар ҷумҳурӣ пурра қатъ гардида, ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Раиси Шӯрои Олӣ, Раёсати Шӯрои Олӣ ва Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид;  
- сеюм, масоиле, ки бевосита баҳри ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоят ва оштии миллӣ дар ҷумҳурӣ равона шуда буданд. Дар ин самт қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифат ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992» ва дигар санаду қарорҳо мақоми ҳалкунанда доштанд. Баробари он як чанд қонун ва қарорҳои дигаре, ки оид ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ қабул карда шуданд, низ ба ҳалли мушкилоти гурезаҳо ва ба эътидол овардан авзои дохилии кишвар нигаронида шуда буданд.
Ҳамин тариқ, таҳияю ташаккули консепсияи ваҳдати миллӣ ва қадамҳои  татбиқи он дар амал аз иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои олӣ ибтидо гирифт. Аммо, дар панҷсолаи аввали баъди иҷлосия  консепсияи ваҳдати миллӣ ва роҳҳои татбиқи он боз ҳам мукаммалтар гардид.  Яке аз марҳалаҳои муҳимми дигар дар ташаккул ва татбиқи ин консепсия қабули конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон, шаҳрванд ва бо мақсади демократӣ кардани ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бори нахуст дар таърихи давлатдории навин Конститутсияи нави мамлакатро (6 ноябри соли 1994) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар иртибот ба арзишҳои олӣ, аз ҷумла ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд.  Бе таҳким ва такмили рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, тамомияти арзии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро амалан таъмин мекунад, ба даст овардани ваҳдати миллӣ ғайриимкон буд.
Муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ мебошад. Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукумативу ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти кишвар аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд. Роҳандозии гуфтушунид бо мухолифин, пайгирона ба раванди муфид ва натиҷаовар мубаддал сохтани он, новобаста аз мушкилоту мураккабӣ ва таҳдидҳои хавф ба ҷон дошта, паҳлуи дигари сиёсати сулҳофарию ваҳдатсози сарвари ҷавони мамлакат буд.
Гуфтушуниди сулҳи деринтизор байни ҳукумати қонунӣ ва иттиҳоди мухолифин се солу се моҳ тӯл кашид. Дар чандин мамолики хориҷи дуру наздик аз моҳи апрели соли 1994 то моҳи июни соли 1997 зиёда аз бист вохӯрии расмӣ байни тарафҳо ва 6 мулоқот дар сатҳи олӣ доир гардид. 
Дар маҷмуъ раванди музокироти тоҷиконро ба 8  давра ҷудо мекунанд, ки ҳар яки он аз чандин марҳала иборат буд. Даври панҷуми музокирот дар се марҳала ва даври ҳаштум аз ду марҳала иборат буд. Воқеан, даври ҳаштум, ки аз  9 апрели соли 1997 оғоз ёфтаву 27 июни ҳамон сол бо ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ дар шаҳри Москва   анҷом пазируфт, марҳалаи ҳалкунанда буд. Ба замми вохӯриҳои тарафҳо дар давоми солҳои 1995-1997 сарвари тозаинтихоби Тоҷикистони мустақил шаш маротиба бевосита бо роҳбари иттиҳоди мухолифин мулоқот намудааст. Махсусан, мулоқоти Хусдеҳ, ки 10-11 декабри соли 1996 дар қисмати шимоли Афғонистон баргузор шуд, азми қавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи ба даст овардани сулҳ ва хотима бахшидан ба муноқишаҳои дохилиро нишон дод. Ба хотири  ба даст овардани сулҳу оромӣ, суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузашту созишҳои мусолиҳаомези зиёд даст зад.
Ҳамин тариқ, бо кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат, ҳамчунин хираду заковати мардуми бонангу бофарҳанги тоҷик дар ин роҳ натиҷаҳои матлуб ба бор омад ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Имзои чунин Созишнома таҷрибаи нодир ва ибратомӯзе дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ дар таърихи ҷомеаи инсонӣ буд.
Баъди имзои созишнома барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини давра ба давраи сулҳу оромӣ, фароҳам овардани муҳити эътимод ба ҳамдигар, аз байн бурдани фазои хушунат ва даргириҳои мусаллаҳона, тарғиби ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, халъи силоҳ ва дар амал татбиқ сохтани муқаррароти санадҳои имзошуда, муҳайё намудани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо тасмими тарафҳои музокироти сулҳи тоҷикон Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд. Таъсиси КОМ ҳанӯз 23 декабри соли 1996  дар рафти мулоқоти чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари ИНОТ муқаррар ва баъдан ба  Созишномаи ниҳоӣ ворид карда шуда буд.
 
 
 
 

[1] Садои мардум, 1992, 24 ноябр.
[2] Садои мардум, 1992, 24 ноябр.