БОЗЁФТҲОИ НАВ АЗ ҚАЛЪАИ ҲИСОРАК
Дар ёдгории Ҳисораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки бостоншиносони Тоҷикистону Россия экспедитсияи бостоншиносӣ аз 07.07.2023 идома дорад. Дар он бостоншиносон аз ҷониби Тоҷикистон Ш.Ф.Қурбонов (роҳбари экспедитсия аз ҷониби Тоҷикистон), Воҳидов Ш.Ҳ. ва Маҳмудов Н. ва аз ҷониби Федератсияи Россия Луре П.Б. (роҳбари экспедитсия аз ҷониби Россия), Семенов Н. В., Паршуто В. А., Буклаева Е.П., ЖулинаД. А. Аминов Ф.Ш. ва дигарон иштирок доранд. Мақсади асосии экспедитсия таҳқиқи таърихи ибтидои асрҳои миёнаи водии болооби Зарафшон ва дар навбати худ омӯхтани системаи муҳофизатии Қалъаи Ҳисорак мебошад. Дар рафт экспедитсия бурҷҳои шимолии шаҳраки Ҳисорак таҳқиқ карда шуда, се бурҷ аз зери хок тоза карда шуд. Дар қисмати шимолу ғарбии ёдгории Қалаъаи Ҳисорак сафолҳои замони кушониён ва дар ёдгории куҳандизи қалъа як оташкадаи хонагии зардуштӣ дарёфт гардид. Бозёфҳои зикршуда гувоҳӣ медиҳанд, ки дар замони кушониён дар ин қалаъа одамон зиндагӣ мекарданд ва замоне аҳли қалъа ба дини Зардуштӣ эътиқоду боварӣ доштанд. Экспедитсия мазкур то санаи 31 июли соли ҷорӣ идома меёбад.