ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР МАВЗӮИ «ТАҲҚИҚОТҲОИ БОСТОНШИНОСИИ АСРИ САНГИ ПОМИРИ ШАРҚӢ»
 
6-уми июли соли равон дар толори Институти таърих, бостоншонсӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи «Таҳқиқотҳои бостоншиносии асри санги Помири Шарқӣ» баргузор гардид. Ҳамоиши илмиро ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ д.и.т., профессор Иброҳимов М.  Ф. ифтитоҳ намуд. Дар ҳамоиши мазкур маърӯзаҳо доир ба натиҷаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ, ки аз 9 июн то 3 июли соли 2023 аз ҷониби экспедитсияи муштараки Тоҷикистону Россия дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ гузаронида шуд, барассӣ гардиданд.
Дар ҳамоиш баромад намуданд:
- ходими калони илмии Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии Шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Россия, н.и.т, Светлана Шнайдер (роҳбари экспедитсия аз ҷониби Россия);
- ходими илмии шуъбаи этнология ва антропологияи таърихӣ Маснав Наврузбеков (роҳбари экспедитсия аз ҷониби Тоҷикистон) ва ходими илмии шуъбаи бостоншиносӣ Исломҷон Ашурмадов дар мавзӯи «Натиҷаҳои ниҳоии тақиқоти бостоншиносӣ  дар Помири Шарқӣ дар давоми мавсими саҳроии соли 2023»;
- Сергей Лешинский д.и.г-м. (Россия) дар мавзӯи  «Таҳқиқоти геологӣ ва геоморфологӣ дар мавзеи Оқҷилга ва водии дарёи Истиқ (д. Чештеппа)»;
- ходими илмии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон   Бобомулло Бобомуллоев дар мавзӯи «Кашфи сангнавиштҳои нав дар Помири Шарқӣ»;
- ходими илмии Институти геология ва археологияи Ҷумҳурии  Полша  Грета Бранклеони дар мавзӯи «Таҳқиқоти геоархеологӣ дар Помир».
Баъди муҳокимаи  маърӯзаҳо ҷонишини директор оид ба ба корҳои илмӣ ва таълимӣ Иброҳимов М. Ф. ҳамоиши илмиро ҷамъбаст намуд. Натиҷаҳои пурраи таҳқиқотҳои бостоншиносии  ёдгориҳои асри санги Помири Шарқӣ дар мавсими саҳроии соли 2023 дар  шакли мақолаи алоҳида баъди нашр дастрас хоҳанд шуд.
 
img_20230706_152956_423-702678284.jpg img-20230706-wa00501.jpg img-20230706-wa0068.jpg