ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ МУБОРАК!!!
Паёми табрикотии директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон УБАЙДУЛЛО НАСРУЛЛО КАРИМЗОДА ба ифтихори 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамдиёрони арҷманд!
Бо ифтихори бузург фарорасии ҷашни миллии тоҷикону тоҷикистониён-32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи ҳайати профессорону кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ ва аз номи худам барои ҳар яки шумо табрик мегӯям.
Воқеан, ҷашни Истиқлол муҳимтарин ҷашни миллӣ, сарчашмаи бахту саодат, ваҳдату ягонагӣ ва зиндагии орому осудаи мардуми кишвари азизи мо мебошад. Истиқлол дар таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик марҳалаи комилан нав, давраи аз нав эҳё шудани ин миллати тамаддунофар, бунёди давлати соф миллӣ, эҳёи анъанаву суннатҳои волои аҷдодӣ аст. Дастовардҳои ҷолибу наҷиби замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтаҳи таърихӣ, ки кишвари рӯ ба нестӣ ва парокандагӣ овардаро наҷот бахшида, онро ба давлати рушдёфта ва дорои мақому манзалати баланд дар арсаи байналмилалӣ табдил дод, бори дигар дар таърих аз неруи бузурги созандагию офарандагӣ, хираду фарҳанги пешрафтаи тоҷикон ҳамчун куҳантарин сокинони сайёра шаҳодат медиҳад.
Аз ин рӯ, Истиқлол беназиртарин неъмат барои мардуми шарафманди кишвари азизамон мебошад. Истиқлол ин сулҳу ваҳдат, оромию осудагии мардум буда, барои миллати заҳматкашу соҳибфарҳанги тоҷик имконоти нави рушдро фароҳам овард.
Бо эҳтирому ифтихор мо, кормандони Институти таърих тамоми сокинони сарбаланди кишварро табрику муборакбод гуфта, дар ин айёми саодату сарфарозӣ бароятон саломатию умри дароз, бахту толеи фирӯз, файзу баракати рӯзгор, эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва нангу номуси ватандориро орзумандем. Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки имрӯз ҷашни миллӣ дорад ва ҳамчун давлати муосир ва демократӣ дар арсаи ҷаҳон эътироф шудааст, аз ҳар яки мо талошу кӯшиши наву созандаро тақозо намуда, боз ҳам муттаҳидтар гардидани моро дар дар зери парчами сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят менамояд. Мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем ҳар сол солгарди Истиқлоли давлати миллии худро бо дастовардҳою натиҷаҳои назаррас пешвоз гирем ва пешрафти кишвари азизамон саҳмгузор бошем.
ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!