ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ КАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН.
Андешаҳои профессор Муҳаммад Абдураҳмон дар бораи академик Бобоҷон Ғафуров
 

ДУШАНБЕ, 22.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар замони  соҳибистиқлолӣ тарғиби шахсиятҳои мондагор, мероси  маънавӣ ва суннатҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дастгирӣ  меёбанд,  муваффақтарин  сиёсати илмию фарҳангие мебошад, ки барои  тақвият бахшидан ба истиқлоли сиёсӣ, худшиносӣ, эҳёи хотираи  таърихӣ  ва  таҳкими давлатдории миллӣ  заминаи босазо мегузорад. Хабари таҷлили бузургдошти 115-солагии ходими сиёсӣ, олими барҷаста ва Қаҳрамони  Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров  ба хонадони ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муждае аст, ки мояи ифтихору арҷгузорӣ мебошад.

Устод Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруфи  илму фарҳангу адаби миллати тоҷик мебошад, ки барои  ташаккул ва ташвиқу тарғиби  тамаддуни мардуми  тоҷик  хизматҳои  шоёне намудааст. Ӯ арбоби  давлатӣ, таърихнигор ва шарқшиноси  шинохтаи Машриқзамин мебошад, ки  дар ташаккули мактаби  таърихнигорони навини тоҷик, таъсиси муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва ҷалб намудани донишмандони варзида  ба корҳои илмӣ заҳматҳои беназир дорад. Махсусан хизмати олимону  пажуҳишгарони зиёде,  ба монанди Султон Умаров, Солеҳ Раҷабов, Александр Семёнов, Александр Якубовский, Михаил Андреев ва дигарон дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик беҳамто арзёбӣ шудааст.

Академик Бобоҷон Ғафуров раванди таҳқиқоти «Шахсиятҳои наҷиби халқи тоҷик»-ро амалӣ ва  ҳамзамон «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро таълиф намудааст, ки ин асар ба забони русӣ тарҷума ва  се маротиба —  солҳои 1949, 1952 ва 1955 дар шаҳри  Москва  нашр гардидааст.

Бо  ибтикори Бобоҷон Ғафуров мавзуи аҳди Кӯшониён ба барномаи таҳқиқотии  ЮНЕСКО ворид гардида, соли  1968 дар шаҳри Душанбе ба ин муносибат Конференсияи байналмилалӣ оид ба таърих ва фарҳанги  Осиёи Марказӣ дар замони Кӯшониён  дар сатҳи баланд  баргузор гардид.

Дар баробари ин диққати  Б. Ғафуров ба давраи ҳалкунанда дар таърихи давлатдории тоҷикон —  аҳди Сомониён бесабаб набуд. Ин даврае буд, ки забон, адабиёт, фарҳанг ва дар маҷмуъ тамаддуни халқҳои ҳинду аврупоӣ, аз ҷумла тоҷикон рушд намуда буд. Забони тоҷикӣ забони давлатӣ ва забони адабиёт гардид. Маҳз бо ин забон бузургони илму адаби тоҷик – Дақиқӣ, Шаҳиди Балхӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигар мутафаккирони мо асарҳои  мондагор  эҷод намуданд.

Дар қатори ин асару мақолаҳо осори дигаре, аз қабили «Тоҷикон», «Таърихи дуҷилдаи халқи тоҷик», «Давраи Кӯшониён  ва тамаддуни ҷаҳонӣ», «Масоили муҳими  наҳзатҳои  миллӣ-озодихоҳӣ»,  «Тадқиқи тамаддуни  Осиёи Марказӣ»,«Ал-Форобӣ дар таърихи тамаддун» ва ғ. боиси ифтихори  миллати  тоҷик ва тамоми тоҷикони  ҷаҳон маҳсуб  мешаванд. Мавриди тазаккур аст, ки «Тоҷикон»-и  Б. Ғафуров  баъд аз «Шоҳнома» ва «Ёддоштҳо»-и  устод Садриддин Айнӣ барои милати тоҷик бузургтарин таснифот ба шумор меравад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки академик Бобоҷон Ғафуров  муаллифи  зиёда аз 400 асару мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ  мебошад. Монографияи «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна» соли 1972 дар Москва  ба забони русӣ  чоп шуда, соли 1983  қисми 1 ва соли 1985 қисми 2 ба забони тоҷикӣ баргардонида шуд, ки он ҳамчун шиносномаи  таърих ва тамаддуни миллати тоҷик шинохта  шудааст.

Китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров, воқеан, оинаи  тамаддуни  миллати тоҷик, хазинаи бебаҳои таърихи ниёгон ва шуҷоату бузургии тоҷиконаи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки муҳимтарин  сарчашмаи  илмию таърихии  милати тоҷикро барои наслҳои имрӯзу  фардо  баррасӣ  намудааст.

Инчунин Бобоҷон Ғафуров барои интихобу нашри намунаҳои беҳтарини адабиёти халқҳои Шарқ, аз ҷумла осори адибони тоҷик  кӯшиши  зиёде  ба харҷ додааст. Дар ин раванд  як қисми «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бо муқаддимаи академик  Бобоҷон Ғафуров ба табъ расида буд. Бо дастгирии ӯ дар шаҳри Москва нашри интиқодии «Шоҳнома» бо хатти форсӣ дар нуҳ ҷилд чоп шуд. Ин гувоҳи он аст, ки таваҷҷуҳи Бобоҷон Ғафуров ба «Шоҳнома» ҳамчун асари фалсафаю  ҳикмат хеле зиёд будааст.

Дар баробари ин, ҷойгоҳи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун арбоби сиёсӣ ва таърихшиноси ҳирфаӣ дар ташвиқи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бо назардошти расму ойинҳо, забон ва услуб дигаргуна ба назар мерасад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ӯ кашшофи таърихи мардуми тоҷик ва дигар мардумони ориёитабор аст, ки ифтихораш барои  мардуми мо  ҳамеша  ҷовидон боқӣ мемонад.

Мегӯянд, ки «бузургонро бузургон зинда медоранд». Дар воқеъ, Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ чун рамзи сипос ва эътирофу эҳтиром барои  хизматҳои  таърихӣ ба  абармардони тоҷик  Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур ва аз ҷумла, ба Бобоҷон Ғафуров унвони баландтарини давлатӣ- Қаҳрамони Тоҷикистонро мушарраф  гардониданд. Ин амале буд, ки барои нигоҳ доштани ном ва хизматҳояшон барои Ватан  ва рушди давлатдории миллӣ муҳиммияти хос дорад.

Хулоса,  хизматҳои  академик  Бобоҷон Ғафуров дар эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ташаккули миллати тоҷик хеле муҳим аст. Ӯ  ба хотири  омӯзиши амиқи  таъриху тамаддуни  халқи тоҷик аз ҳама имконияти замони худ истифода намуда, корҳоеро ба анҷом расонида тавонистааст, ки имрӯз бояд намунаи заҳмати ҳар олиму пажуҳишгари тоҷик гарданд. Хизматҳои илмию таҳқиқотӣ ва ватанпарастонаи ӯ на танҳо дастуру ҳидояти  фарҳангӣ, балки рамзи бузургию пос доштани хотираи абармардони миллат ва ҳифзи манфиатҳои  миллӣ ба ҳисоб меравад.

Ба андешаи мо то ҳанӯз  тамоми паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти ин   донишманди бузург ба шакли пурра баррасӣ нагаштааст. Бинобар ин, мо бояд дар шинохти ин чеҳраи сиёсию миллӣ Маркази махсуси «Бобоҷон Ғафуров» таъсис дода, дар он таҳқиқоти илмию таърихиро  амалӣ намоем.

Ин нобиғаи бузург марди заминӣ ва бонуфузе буд, ки сухани ӯ   дар дунёи сиёсати замонаш мақому мартабаи баланду боло дошт. Имрӯз ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ва дигар форсизабонони аҳли башар ба бузургии  шахсияти Бобоҷон Ғафуров  арҷ гузошта,  асари «Тоҷикон»-и ӯро пайвандгари наслу асолати таърихӣ мешуморанд.

Аз ин бармеояд, ки таҷлили  бузургдошти 115 — солагии академик Бобоҷон Ғафуров рамзи  арҷу эҳтиром ба хотираи неки ин  фарзанди сарсупурдаи  миллат ва илму фарҳанги точик  мебошад.

Муҳаммад АБДУРАҲМОН,
 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

АКС аз бойгонӣ

https://khovar.tj/2023/10/hizmat-oi-benaziri-ka-ramoni-to-ikiston-andesh...