КОНСТИТУСИЯ БАХТНОМАИ  МИЛЛАТИ ТОҶИК

Паёми табрикотии директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон УБАЙДУЛЛО НАСРУЛЛО КАРИМЗОДА ба ифтихори 29-умин солагарди  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамдиёрони арҷманд!
Бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми сокинони сарбаланди кишварро аз номи ҳайати профессорону кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ табрику муборакбод менамоем.
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
6 ноябри соли равон аз қабули аввалин Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар раъйпурсии умумихалқӣ расо 29 сол сипарӣ мегардад ва ин рӯйдод яке аз падидаҳои равшани даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишварамон ва муҳимтарин рӯйдоди таърихи навини халқи тоҷик мебошад.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6 ноябри соли 1994 бо дастгирию талошҳо ва иродаи устувори халқи тоҷик санади тақдирсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Бояд қайд кард, ки қабули Конститутсия бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар миқёси давлатҳои пасошуравӣ яке аз таҷрибаи аввалин ба шумор рафта, комилтарин Конститутсияи ҷаҳон дар шумораи 10 Конститутсияи беҳтарини дунё маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад.
Бигузор, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамои халқи мо ба сӯи ҷомеаи озоду пешрафта бошад, риоя ва таъмини волояти қонун ҳамчун ҷузъи таркибии ҳаёти сокинони мамлакат боиси пешравиҳои нав ба нав ва боз ҳам баланд шудани арзишҳои олии инсонӣ гардад.
Ин ҷашни фархундаро, ки дар созандагӣ, хушрӯзӣ ва саодатмандии сокинони кишвар заминагузор аст, ба мардуми соҳибтамаддуни миллати тоҷик муборакбод гуфта, сиҳатмандӣ, шодию нишот, саодати рӯзгор ва дастовардҳои минбаъдаи рушди давлати тозабунёдро орзумандам.
Рӯзи Конститутсия муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!