Ходими калони илмии Шуъбаи
таърихи навтарини Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии
ба номи А.Дониши АМИТ
Ҷ. Мирзоев
ИНЪИКОСИ АВЛАВИЯТҲОИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
Яке аз авлавиятҳои фаъолияти давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати хориҷӣ мебошад, ки ҳамасола дар Паёми Сарвари давлат матраҳ гардида, самтҳои афзалиятнок ва дурнамои он муайян карда мешаванд. Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат асосҳои сиёсати хориҷии кишварро амиқан таҳлил намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки “мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд”. Бояд зикр кард, ки бо дарназардошти мушкилоти зикршуда Сарвари давлат самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишварро муайян карда, ҷиҳати пешбурди он дастуру тадбирҳои зарурӣ пешниҳод намуданд.
Дар иртибот ба ин, аз Паёми навбатӣ чунин бармеояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии хеш роҳандозии сиёсати бисёрсамтаро идома дода, ҳамкориҳои густурдаро бо соири кишварҳои дунё таҳким ва тавсеа мебахшад. Ба андешаи Пешвои миллат “чунин рӯйкарди ба оянда нигаронидашуда асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и Тоҷикистонро ташкил медиҳад”. Тоҷикистон бояд дар низоми нави ташаккулёфтаистодаи муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи ба худ муносибро ишғол намуда, муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кишварҳои олами ислом, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико дар заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ таҳким ва тавсеа бахшад.
Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ дар заминаи таҳлили сиёсати хориҷии кишвар, афзалиятҳои онро ба тариқи зайл муайян намуданд:
-
Густариши муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои Осиёи Марказӣ.
-
Таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
-
Ҳамкорӣ бо кишварҳои олами ислом.
-
Таҳкими муносибатҳо бо шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико.
-
Густариши ҳамкориҳо бо ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ.
Ба андешаи Пешвои миллат «густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи эҳтирому эътимоди мутақобила” ба сифати яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишвар минбаъд низ боқӣ мемонад. Сарвари давлат дар ин Паёми навбатии хеш низ густариши ҳамкориҳои зичро бо кишварҳои минтақа - Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон, ки ба таъмини суботу осоиш ва оромии минтақа боис мегарданд, яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб медонад.
Самти дигари афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Пешвои муаззами миллат чун Паёмҳои қаблӣ аз он ёдрас гардиданд, “таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” маҳсуб меёбад. Дар ин маврид бояд зикр намоем, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар иҷлосияҳои Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид дар солҳои 1993-1997 баромад намуда, самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карданд. Аз ҷумла, 30-юми сентябри соли 1994 зимни суханронӣ дар иҷлосияи 49-уми Ассамблеяи Генералии СММ афзалиятнок будани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои аъзои ИДМ иброз дошта, аҳаммияти ду самти фаъолияти ҳукуматро дар чорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъкид карданд, ки манзурашон муносибатҳои муштараку судманд бо Федератсияи Россия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ буд.
Густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои олами ислом низ дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифтааст. Дар ин замина Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш нигаронии хешро аз ҳаводиси дар Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус, Фаластин ба амаломадаро иброз дошта, қайд менамоянд, ки “мо таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар асоси қатъномаҳои қабулкардаи Созмони Милали Муттаҳид ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири таъмини сулҳу суботи пойдор дар ин минтақа медонем”. Дар иртибот ба ин, Сарвари давлат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки” ҳамаи низоъҳо танҳо бо роҳи музокирот ва муколама ҳал карда шаванд”.
Дар Паёми навбатӣ низ густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои дигар аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар ин замина Пешвои миллат иброз доштанд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои мазкур «ба фароҳамсозии шароит ва имконот барои тақвияти мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва иштироки фаъоли он дар равандҳои глобалӣ ва барномаву заминаҳои мухталиф равона гардидааст”. Сарвари давлат ҷиҳати таъмин намудани пойдории низом ва суботи байналмилалӣ нақши муҳимму ҳамоҳангсоз ва муттаҳидкунанда доштани Созмони Милали Муттаҳидро махсус таъкид намуданд.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш дар асоси “ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025, инчунин, 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро ёдрас гардида, амали мазкурро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда, мояи ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон будани онро таъкид карданд. Сарвари давлат қаноатмандии хешро аз ҳамкориҳо бо ҳамаи ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд иброз дошта, густариши ҳамкориҳоро бо онҳо бо мақсади таъмин намудани ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуданд.