Шоиста Исматзода  - ходими илмии
                                            Институти таърих, бостоншиносӣ ва
                                         мардумшиносии ба номи А. Дониши
                                                 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
НАҚШИ ЗАН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
 
       Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боадабу соҳибмаърифат, инчунин заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем.
Эмомалӣ Раҳмон
 
      Дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи паҳлуҳои мубрам ва муҳимми ҷомеаро баррасӣ намуданд. Дар Паём дастовардҳои назарраси ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат иброз доштанд, ки сатҳи камбизоатии мардум аз 83 фоизи соли 1999 дар соли 2023 ба 21,2 фоиз поён оварда шуд, вале гарчанде ин  ниҳоят дастоварди хуб аст, аммо зарур аст, ки дар 7 соли охир ин нишондод бояд то ба 10 фоиз расонида шавад.
Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар ин давра имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Дар замони марҳалаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани  ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил, ёфтаву равиши тоза гирифта истодааст.
Барои ҳамин дар Паёми Пешвои муаззами миллат ба ин масъала, махсусан нақши занону бонувон дар пешрафти ҷаҳони муосир диққати вижа дода шуда, саҳми назарраси онҳо дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври махсус таъкид ёфтааст. Вале, мутассифона,- таъкид карданд, ки ҳанӯз дар ҷомеа ашхосе мавҷуданд, ки барои ба таълим фаро гирифтани духтарон монеъ мешаванд. “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ - таъкид намуданд Пешвои миллат,- мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем”. Ин аст, ки имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди кишвари азизи худ дар ҳамаи соҳаҳо, махсусан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фарогирии духтарон ба таҳсил, касбомӯзии онҳо дар муассисаҳои гуногуни таълимии касбии дохилию хориҷӣ низ таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хоричи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Ҳамзамон, дар даҳсоли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро танҳо тариқи квотаи президентӣ хатм карданд. Маҷмуан дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуда, соҳиби таҳсилоти олӣ гардиданд. Ин дстоварди назаррас дар самти маориф ва сиёсати ҳукумати кишвар марбут ба ҳуқуқу мақоми занҳо дар ҷомеаи муосир мебошад. Пеш аз замони соҳибистиқлолӣ тибқи маълумоти оморӣ, масалан соли 1989 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занони маълумоти олӣ буданд.
Ба замми он, Пешвои миллат ҳангоми суханронии худ таъкид намуданд, ки имрӯз шумораи зиёди бонувони мо ҳамчун соҳибкорони муваффақ шинохта мешванд ва бо бонкҳову  муассисаҳои гуногуни молиявӣ сару кор доранд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ қарзҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодшуда то 30% афзоиш ёфта ба 4,8 миллиард сомонӣ расидааст.
 Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва корҳои идоракунӣ ҷалб гардидаанд ва ин раванд минбаъд низ бо вусъати тоза идома хоҳад ёфт. Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ низ дар ҷомеаи муосири мо хеле муассир аст.
  Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки “мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8- уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем. Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд”.
 Пешвои муаззами миллат инчунин қайд намуданд, ки ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ки шумораи зиёди онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин неруи бузурги стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Ҳаминро бояд фаромӯш накард, ки шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Тавре мебинем, чун анъана, Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш натиҷаҳои бадастовардаро дар самти сиёсати муносибат ба занону бонувон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, онро қаноатбахш ҳисобиданд. Аммо, таъкид намуданд, ки ҷалби минбаъдаи бонувон ба корҳои давлативу ҷамъиятии кишвар боиси вусъати тоза ёфтани рушду нумӯи минбаъдаи он хоҳад гашт.
Зан оинаи поку беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар халқу миллат ва давлат аст. Ба ин маънӣ занону бонувон оинаи Тоҷикистон ҳастанд, ки сатҳи хираду маърифат, одобу ахлоқ, камолоту пешрафт, гузашта ва имрӯзу ояндаи миллату давлати моро дар худ таҷассум мекунанд. Орзу мекунем, ки он оина ҳамеша покизаву мусаффо, зебову пурҷило ва беосебу ҷаҳоноро бошад.
Мо занону бонувон суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар зиндагӣ раҳнамои худ қарор дода, бо азми комил дар ободиву гулгулшукуфоии ватани азизамон сайъ менамоем. Бо ҷонибдории ҳаматарафа аз сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат мо, бонувони тоҷик эътимоди комил дорем, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бо дастовардҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии хеш мавқеи боз ҳам устуворро касб менамояд.