Қозизода Шуҳратҷон,
доктарант PhD-и Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии
ба номи А. Дониши АМИТ
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - РОҲНАМОИ ҶАВОНОН
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади хеле муҳимм ва сарнавиштсоз, ифодагару раҳнамо ва фарогири раванди рушди устувори ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодву фарҳангии мамлакат буда, тараққиёти оянда, роҳу василаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва калидиро мушаххасу муайян месозад. Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро вобаста ба ҳадафҳову хусусиятҳои хоси марҳалаи муайяни инкишофи мамлакатро муайяан намуда, тадбирҳои мушаххасро барои татбиқи онҳо дар шароити ҷаҳони хеле мураккаби имрӯза пешниҳод менамояд.
Аҳли ҷомеа ҳар сол Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш пазируфта, онро сармашқи фаъолияту раҳнамоии худ менамоянд. Зеро татбиқи ҳар як нуқтаи дар Паём зикршуда қарзи инсонию шаҳрвандӣ ва кафили зиндагии осоишта мебошад. Ин сол низ сокинони ҷумҳурӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро, ки тавассути радиову телевизион ва дигар васоити ахбори омма мустақиман пахш гардид, муташаккилона гарм истиқбол намуданд. Зеро дар ин паём дастовардаи кишвари соҳибистиқлол дар соли сипаришуда дар қиёс ба солҳои пешин мӯшикофона таҳлил шуда, вазифаҳо барои рушди ҳама соҳаҳои мамлакат барои соли 2024 ва солҳои баъд муайян гардид.
Яке аз омилҳои муҳими такондиҳандаи рушди ҷумҳурӣ истифодаи неруи созандаи ҷавонони кишвар мебошад. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар қайд гардид, ки ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда, иқтидори воқеии пешрафти давлату ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Чи тавре, ки Пешвои миллат қайд кардан “Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд”.
Ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, ҳамаи кишварҳои пешрафтаи сайёра барномаҳои миллии хешро бо такя ба ин нерӯи созанда тарҳрезӣ намуда, ҷавононро дар меҳвари сиёсати давлатии худ ҷой медиҳанд.
Тавре аз паёми Сарвари давлат бармеояд, танҳо соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони мо ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёми худ таъкид намуданд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.
Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯз кам нестанд гурӯҳҳое, ки мехоҳанд сулҳу субот ва ободӣ дар бисёр кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо набошад. Пеш аз ҳама ин гуруҳҳо барои шомилӣ намудани ҳадафҳои худ бештар аз қишри осебпазири ҷомеа, махсусан ҷавонони камдонишу ҷаҳонбиниашон маҳдуди истифода бурда мешаванд.
Бешакку шубҳа ворастан аз доми ингуна одамони ифротгаро наврасону ҷавонони кишвар донишу заковат ва матонату шуҷоатро тақозо мекунад.
Дар робита ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромад, паём ва вохӯрии худ таъкид аз он мекунанд, ки имрӯз ҷавонон бояд аз ҳар гуна ҷараёнҳои номақбул канорагирӣ намуда худ, оила, ҷомеаи кишварро ба фалокат наандозанд. Ҷавонони кишварро зарур аст, баҳри ободию осудагии Ватани азизи хеш камари ҳиммат баста, донишҳои замони муосирро аз худ намоянд. Волидайнро низ зарур аст, ки дар пайи назорати доимии фарзандон бошанд ва фарзандон низ дар ин радиф аз маслиҳату машварати бузургон бархурдор гашта, дар пайи омӯзиши илму маърифату касб гардида аз бекорӣ дурӣ ҷӯянд.
Мо, ҷавонони пешоҳанги замони истиқлол ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар фазои озоди кишвари азизамон тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба донишандӯзи азхуд намудани техналогияи муосир, забономӯзи ва касбу ҳунари замонавӣ машғул гардида, дар пешрафти кишвари азиз нақши босазо гузорем.