н.и.т., мардумшиносон
Юсуфбекова Зинатмо, Шовалиева Мумина
СУМАНАК – РАМЗИ НАВРӮЗ
Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардумони Осиёи Марказӣ, Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Туркия, Хиндустон, Покистон буда, ҳамчун ҷашни рӯзи аввали Соли нав (ҳангоми баробаршавии шабу рӯзи баҳорӣ- 21-22 март) ва оғози киштукори баҳорӣ ба ҳисоб меравад. Анъанаҳои наврӯзӣ аз қадим то имрӯз дар байни халқҳои номбаршуда ҳифз шуда, аҳамияти худро гум накардаанд.
Соли 2010 Иди Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ҷашни байналмилалӣ эълон карда шуд, ки мувофиқи он ҳар сол дар тамоми дунё иди Наврӯз рӯзи 21 ва 22 март таҷлил карда мешавад.
Наврӯз дорои суннатҳои хоси худ мебошад. Яке аз суннатҳои наврӯзӣ хӯрокҳои наврӯзӣ ба ҳисоб меравад, ки онҳо асосан аз донагиҳо: гандум, лубиё, нахуд; кабудӣ ва чорвои забҳшуда омода карда мешаванд.Маъмултарини онҳо суманак, далда, калапоча, шарбат аз меваҳои хушк ва ғайра мебошанд.
Суманак- Суманак яке аз хӯрокҳои асосии наврӯзӣ буда, метавон онро ҳамчун рамзи наврӯзӣ номид. Он 25 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, яъне аз 1-уми мартаз ҷониби занон бо мақсадитайёркардани таоми анъанавии наврӯзӣ аз гандум омода карда мешавад. Суманакро бо чунин тарз тайёр мекунанд: Гандумро дар зарфи обдор гузошта, то неш бароварданаш ҳар рӯз оби онро иваз мекунанд. Сипас, онро дар лаълиҳо дар ғафсии 2-3 см ҷой карда, дар ҷойҳои гарм мемонанду ҳар рӯз ба он об мепошанд. Ҳангоми боридани борон, лаълиҳоро ба таги борон мемонанд. Вақтекисабзаи он ба 5-10 см мерасад, якчанд занҳои ҳамсоя ҷамъ шуда, ба тайёр намудани суманак шурӯъ мекунанд.Тарзи тайёр кардани суманак меҳнати зиёдро талаб мекунад. Як нафар зан наметавонад аз ӯҳдаи он барояд. Аз ин рӯ, дар тайёр кардани он якчанд зан иштирок мекунад.
Баъд аз шустани сабзаи суманак дар об, он бокордёдастбаякчандқисмҷудо карда шуда, ба воситаи гӯштқиммакунак майда карда мешавад. Пас, онро дар табақ гузошта, бо даст ҷабида, ширраи онро менгиранд ва ба деги калони ҳаҷмаш то 50 кг меандозанду болои оташдон мегузоранд. Баъзан вақт ба он чормағз, орд ва ҳафт сангча (бинобар сабаби тагсӯз нашуданаш) меандозанду онро он то саҳар меҷӯшонанд. Ҳамаизаноне, ки аз якдеҳа ваё як маҳалбарои пухтани суманак ҷамъшудаанд, бо кафгир онро бо навбат то субҳ, то омода шуданаш бе танафус мекобанд.
Бояд қайд кард, ки пеш аз таёр намудани суманак болои дегро пӯшида муддати як соат дам медиҳанд. Танҳобаъдазон, баназармерасад, ки суманак омода шудааст. Ранги қаҳвағӣ ва тамъи боллазат хоси он мебошад. Иннавъи суманакро “Суманаки дегӣ” меноманд.
Як хусусияти дигари суманак дар он аст, ки дар омода кардани он танҳо занҳо ширкат меварзанд, иштироки мардон тибқи расму оинҳоманъаст. Ин ҳурок аз ҷониби гурӯҳи занони иборат аз панҷ ё зиёда аз он тайёр карда мешавад. Баъзан ҳолато то 30-40 нафар занон аз шом то субҳ дар тайёр кардани он ширакат варзида, сурудҳо дар васфи суманак мехонаду рақс мекунанд. Яке аз сурудҳои маъмул дар васфи суманак суруди "Суманак дар ҷӯш мо кафча занем” мебошад.
Баъд аз омода намудани суманак,онро бо пиёлаҳо рехта, дар хони наврӯзӣ мегузоранд. Ҳамчунин, суманак ба ҳамаи ҳамсояҳо,хешовандон бо камоли хушнудӣ ба хотири истиқболи соли нав, ба хотири ҷамъоварии ҳосили хуб, аз ҷумла, ғалладонагӣ тақсим карда мешавад.
Барои оилаҳое, ки азодоранд, дар давоми як сол мондани сабзаи суманак манъ аст. Мувофиқи анъанаҳо мабодо сабзаи суманак сурх шавад, он ба аҳли он оила нохушӣ меорад.
Ҳамин тавр, суманак рамзи шодӣ , хушбахтӣ ва некӯӣ мебошад.
Дар Тоҷикистон якчанд роҳҳои тайёр кардани суманак вуҷуд дорад. Маъмултаринион “Суманаки дегӣ” мебошад, ки дар боло тарзи омодасозии онро зикр намудем.
Дар минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон тайёр намудани “суманаки тагиаловӣ” ва ё "Суманаки кулчагӣ" маъмул аст. Ин тарзи суманакро болои лахчаҳои дегдон дар шакли кулча мепазанд ва қисми онро ба ҳамсояҳо тақсим мекунанд. Қисми дигарашонро дар дастурхони идона мегузоранд. Дар айни замон, дар шароити шаҳр, суманак дар “духовка” ва дар дегдон тайёр карда мешавад.
Дар Кӯлоб мо тарзи тайёр кардани “Суманаки дегчагӣ”-ро мушоҳида намудем. Дар он ҷо шираи гандумро ба хамир илова мекунанд, ки дар натиҷа ба ҳалво монанд мешавад. Қисми фатирро ба равған партофта, бо қошуқи чубин каф мезаданд.
Дар рафти кафзании зиёд он шакли ҳалворо мегирад, ки баъд аз хунук шуданаш пора-пора ба қисмҳо тақсим намуда, ба табақҳо мегузоранд.
Дар минтақаҳои кӯҳии Қаротегин, Дарвоз ва Кӯлоб, «Суманаки хурмагӣ» маъмуласт, ки онро дар хурма ҷудо карда, ба он каме орд ва равғани растанӣ меандозанд ва то субҳ дар хокистари гарми дегдон мемонанд, ки он шакли оталаро мегирад.
Ҳамин тавр, суманак яке аз хусусиятҳои хоси Наврӯз дониста мешавад. Сабзаи суманак - (баландиаш то 10см), дар дастурхони идонаи наврӯзӣ - "ҳафт син” ва “ҳафт шин” бо ҳамроҳии худи суманак гузошта мешавад. Ҳар як меҳмоне, ки ба хона ворид мешавад, ангуштони худро ба сабзаи суманак монда, ба чашму абрӯяш молида, дуо мекунад, ки худо ба ӯ умри дарози бенуқсону беофат насиб гардонад.
Ба андешаи мо, сабзаи суманак – ин рамзи зиндагӣ, баҳор, бедоршавии табиат, хушбахтӣ, шодмонӣ ва инчунин гирифтани ҳосили хуб дар соли нав аст, ки боз аз он суманак омода мекунанд. Барои кишварзон ва деҳқонони тоҷикистонӣ Наврӯз, пеш аз ҳама, иди тақвимӣ, оғози кишту кори баҳорӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳосилашро дар тирамоҳ-ҷашни иди ҳосилғундорӣ –Меҳргон ба даст меоранду дар таомҳои наврӯзии оянда (суманак, гандумкуча ва ғ.) ки аз гандум ва ҳафт намуди зироатҳои ғалладона истифода мебаранд, инъикос ёфтааст.
Таъоми Суманак дар ҷашни Наврӯз нақши асосӣ ва муҳимро мебозад. Мо наметавонем бидуни он иди Наврӯзро таҷлил намоем.