КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИИ «НАТИҶАҲОИ МАҶМӮИИ ТАҲҚИҚОТИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР ТОҶИКИСТОН»
(Гузориш аз рафти баргузории конференсияи байналмилалии илмии “Натиҷаҳои маҷмӯии таҳқиқоти бостоншиносӣ дар Тоҷикистон”18-20 марти соли 2024)
18-20 марти соли 2024 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш АМИТ, Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии Шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Россия ва Донишгоҳи давлатии Олтойи Россия конференсияи байналмилиалии илмӣ таҳти унвони «Натиҷаҳои маҷмӯии таҳқиқоти бостоншиносӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии конференсия фароҳам овардани фазои илмӣ барои мутахассисони соҳаи бостоншиносӣ ва илмҳои гуногуни табиатшиносӣ ҷиҳати мубодилаи таҷриба ва муаррифии натиҷаҳои илмӣ, ки ҳангоми омӯзиши ҳамаҷонибаи маводҳои бостоншиносии Тоҷикистон ба даст оварда шуданд, мебошад.
Конференсияро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон д.и.и., профессор Хушвақтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, оид ба аҳаммияти махсуси конференсия дар мубодилаи таҷриба, таҳкиму густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илми бостоншиносӣ, давом додани таҳқиқотҳои муштараки бостоншиносӣ бо ҷалби мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои судманди илмӣ суханронӣ намуд. Сипас, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ д.и.т., профессор Убайдулло Н.К., иҷрокунандаи вазифаи мудир шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ Хуҷагелдиев Т.У., мудири кафедраи бостоншиносӣ, мардумшиносӣ ва осорхонашиносии Донишгоҳи давлатии Олтой д.и.т., профессор, А.А.Тишкин, ходими калони илмии Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии ШС АИР н.и.т. Шнайдер С.В ва дигарон дар бахши пленарӣ баромад карданд.
Дар ин конференсия олимон аз 9 кишвар (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Россия, Белоруссия, Олмон ва Чин иштирок доштанд. Умуман, дар конференсия зиёда аз 40 маърӯза шунида шуд, ки мавзуъҳои он аз давраи охири асри санг то замони муосири мардумшиносиро дар бар гирифтанд.
Инчунин ширкаткунандагони конференсияи байналмилиалӣ дар чорабинии фарҳангии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба «Ҷашни Наврӯзи байналмиллиалӣ» иштирок намуда, бо фарҳангу анъанаҳои ҷашни Наврӯз шинос шуданд.
Баъди ҷамъбасти конференсия меҳмонон –иштирокдорони хориҷии конференсия аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистони ИТБМ ба номи А.Дониши АМИТ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо таассуроти хуб баргаштанд.