Юсуфов Муҳаммадҷон Шафеъович
докторант (Phd)и курсе сеюми шуъбаи бостоншиносӣ
 
ДОЛОНИ ЗАРАФШОН – ҚАРОҚУМ ДАР ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ УМУМИҶАҲОНИИ ЮНЕСКО ТАҶРИБАИ НИГОҲДОРИИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ
Роҳи абрешим роҳи ҳамгироӣ, мубодила ва муколамаи Шарқу – Ғарб ба ҳисоб рафта дар тӯли беш аз ду ҳазор сол  дар пешрафт ва шукуфоии тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузоштааст [12, 137]. То замони мо роҳҳои зиёди қадимаи тиҷоратӣ боқӣ мондааст, ки яке аз онҳо роҳи бузурги абрешим мебошад. Роҳи бузурги Абрешим дар тӯли мавҷудияти худ тавонист, ки дар рушду нумӯи тамаддуни Шарқу – ғарб ва густариши тиҷорат хело нақши калон гузорад. Имконияти баррасии мавзеъҳои марбут ба роҳи Абрешим дар ҳудуди Осиёи Марказӣ, Чин ва кишварҳои шарқ ва ғарб дар якҷоягӣ ҳамчун номинатсияҳои силсилавии мероси ҷаҳонӣ солиёни зиёд аст, ки баррасӣ ва таҳлил карда мешавад [3, 10-12].
Ташаккулёбии ин роҳи бузурги тиҷоратӣ ба асри II – и пеш аз мелод рост меояд. Барои инкишофи алоқаҳои тиҷоратии байни Чин ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ сафари сайёҳони чинӣ Чжан Сзян, Ганн – Ин, ва сафари сайёҳӣ македонӣ Майк Татсианӣ, ки аз бисёр мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дидан намудааст такони ҷиддӣ дод. Сабаби асосии Роҳи бузурги Абрешим ном гирифтани ин роҳ дар он аст, ки яке аз молҳои асосии тиҷоратии тоҷирон матоъҳои абрешими чинӣ, махсусан атлас ва шоҳӣ буд [7, 156]. Воситаи асосии нақлиёт, ки бо онҳо молҳои тоҷирон ба нуқтаҳои нисбатан дур кашонида мешуд, шутурҳо ба ҳисоб мерафтанд.
Дар ҷаҳони муосир барои ҳифзу – муаррифии ёдгориҳои беназир ва мероси бою ғанӣ давлатҳои гуногун талош карда истодаанд. Яке аз чунин ташкилоте, ки барои аз нав эҳё намудани маконҳое, ки аз он ҷойҳо шоҳроҳи Бузурги Абрешим мегузашт кӯшиш карда истодааст, ин Шӯрои байналхалқии муҳофизати ёдгориҳо ва маконҳои ҷолиб (ИКОМОС) мебошад. Равиши роҳиндозии “Долонҳои меросӣ” маҳз бо ташаббуси ИКОМОС пешниҳод гардидааст. Бори аввал чунин пешниҳод аз ҷониби ИКОМОС соли 2011 дар ҷаласаи Ашқобод баррасӣ ва қабул гадидааст.
Соли 2013 ду номинатсияҳои силсилавӣ ва фаромиллии Роҳи Бузурги Абрешим муаррифӣ карда шуданд.
Пас қабули лоиҳаҳои дар боло зикр гардида аз ҷониби Ҷумҳуриҳои Чин, Қазоқистон ва Қирғизистон 33 ёдгории мероси Роҳи Бузурги Абрешим 22 адад аз ҷониби Чин, 8 адад аз Қазоқистон ва 3 адад аз Қирғизистон омода шуда буданд, моҳи июни соли 2014 дар иҷлосияи 38 – уми Кумитаи мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси ҷаҳонии Роҳи Бузурги Абрешим шомил карда шуданд. Лоиҳаи дуюми пешниҳод гардида, ки ба Долони Панҷакент – Самарқанд – Пойкент дахл дошт аз ҷониби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар якҷоягӣ пешниҳод гардида буд, бо машварати ИКОМОС ва Маркази мероси Умумиҷаҳонӣ барои таҳким ва такмили ҳуҷҷатҳо ба кишварҳои узв фиристода шуд.
  Тоҷикистон, ки яке аз қисматҳои муҳимтарини Роҳи Бузурги Абрешим ба ҳисоб мерафт, дар замонҳои қадим аз ҳудуди сарзамини тоҷикон якчанд шохаҳои асосии ин шоҳроҳ мегузаштанд. [3, 237].Бо шарофати Роҳи Бузурги Абрешим дар асри V дар водии Зарафшон шаҳрҳо пайдо мешаванд, корвонсаройҳо ва қалъаҳо сохта мешаванд. Шаҳрҳо ба марказҳои савдо, ҳунармандӣ, фарҳанг ва конфессияҳои гуногуни динӣ табдил ёфтанд. Абрешими чинӣ, оинаҳо, зарфҳои чиниву лакӣ, шишаи румиро ба қаламрави Тоҷикистон тавассути Роҳи Бузурги Абрешим ворид мешуданд.
Барои ба феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ ворид гардидани долони Зарафшон – Қароқум корҳои зиёде анҷом дода шуд. Баргузории ҷаласаҳо гувоҳи гуфтаҳои боло шуда метавонанд. Ҷаласаи навбатии номзад ба мероси ҷаҳонии Роҳи Абрешими Туркманистон, ки 9 – 18 – уми октябри соли 2018 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор гардид имконоти пайвастан ба лоиҳаи кунунии Ӯзбекистону Тоҷикистон, тамдиди долон ба Марв ҳамчун долони эҳтимолии Зарафшон – Қароқум тамаркуз кард. Семинари пӯшидашавии Фонди боварии ЮНЕСКО / Ҷопон, ки 28 – уми июни соли 2019 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор гардид, лоиҳаи хазинаи боварии мақсадноки ЮНЕСКО / Ҷопон “Дастгирии мероси ҷаҳонии Роҳи Абрешим дар Осиёи Марказӣ” (Марҳилаи II, 2015 – 2019) мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва он имкон дод, ки номзадҳои эҳтимолии иловагӣ – долони Фарғона – Сирадарё, ки чор кишварро муттаҳид мекунад (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) ва долони Панҷакент – Самарқанд – Пойкент, ки се кишварро (Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон) муттаҳид мекунад баррасӣ ва омода карда шавад. Зимни мулоқот Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон лоиҳаи аввалини интихоби объекти мувофиқшуда барои долони Фарғона – Сирдарё бо 30 объекти пешниҳодшударо муаррифӣ намуданд. Барои номинатсияи зикргардида “Долони Роҳи Абрешим, Панҷакент – Самарқанд – Пойкент” (Тоҷикистон ва Ӯзбекистон): ҳамроҳшавии Туркманистон ба ин раванди пешбарӣ бо мақсади васеъ намудани ин номинатсия ба қаламрави Туркманистон бо қитъаи Қарорқуми Омул – Марв тасдиқ карда шуд ва ба ИБТОМ супорида шуда, нақши котибот ва мақоми ҳамоҳангсозӣ ин долони мероси ҷаҳонӣ тасдиқ карда шуд. Худи долон “Долони Зарафшон – Қароқум” номгузорӣ карда шуд [11, 236].
Рӯзҳои 8 – 10 – уми августи соли 2019 ИБТОМ бо дастгирии Коллеҷи Донишгоҳи Лондон дар Истамбул мулоқоти байнидавлатии намояндагони расмии кишварҳои иштирокчии Кумитаи ҳамоҳангсозии Роҳи Абрешим (Долони Зарафшон – Қароқум) баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот намояндагони кишварҳо аз раванди пешбарӣ кардани мавзеъҳои долони Зарафшон – Қароқум ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҷонибдорӣ намуданд.
Рӯзҳои 2 – 9 – уми сентябри соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар оид ба омӯзиши усулҳои муосири ҳуҷҷатгузорӣ, аз ҷумла истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин (Дрон) баргузор гардид. Лекторҳо профессор Казуя Ямаучӣ (Донишгоҳи Тейко, Ҷопон) ва профессор Тим Вилямс (Коллеҷи Донишгоҳи Лондон), инчунин мутахассисони ИБТОМ – Дмитрий Воякин, Фаррух Ҳабибуллоев ва Денис Сорокин, коршиноси даъватшуда аз Қазоқистон (Экспертизаи бостоншиносӣ) буданд. Семинар аз ҷониби ЮНЕСКО – Хазинаи мақсадноки Ҷопон оид ба дастгирии мероси ҷаҳонии Роҳи Абрешим дар Осиёи Марказӣ (марҳилаи II), Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ЮНЕСКО, инчунин ИБТОМ ташкил карда шуд. Семинар бо мақсади пурзӯр намудани раванд омодасозии номзадҳо ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО гузаронида шуд, маълумоте, ки дар рафти семинар ба даст оварда шудааст, барои таҳияи ҳуҷҷатҳои силсилавии номинатсияи трансмиллии “Роҳи Абрешим: долони Фарғона – Сирдарё” истифода мешавад [4. 189].
Ҷаласаи шашуми ҳамоҳангсозӣ оид ба пешбарии силсилавии мероси ҷаҳонии Роҳи Абрешим рӯзҳои 23 – 25 – уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Ҳамадони Эрон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкури ҳамоҳангсозон ва коршиносони миллӣ аз Озарбойҷон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Ҷумҳурии Корея, Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки аъзои Кумитаи роҳбарӣ ҳастанд ширкат доштанд. Вакилон дар бораи рафти татбиқи лоиҳаи Роҳи Абрешим: долони Зарафшон – Қароқум (Тоҷикистон ва Ӯзбекистон), инчунин дар бораи кӯшишҳои аз ҷониби ИБТОМ дар якҷоягӣ бо Коллеҷи Донишгоҳи Лондон дар Осиёи Марказӣ гузориш пешниҳод намуданд.
Пас аз баргузории ҷаласа дар шаҳри Ҳамадони Ҷумҳурии ИсломииЭрон барои татбиқи бомуваффақияти лоиҳа оид ба таҳияи хатсайри номинатсиявии силсилавӣ фаромиллии мероси умумиҷаҳонии Роҳи Абрешим: долони Зарафшон – Қароқум, аз 30 – юми март то 3 –юми апрели соли 2020 аз ҷониби котиботи пешбари ИБТОМ дар якҷоягӣ бо Институти бостоншиносии Коллеҷи Донишгоҳи Лондон бо иштироки коршиносони се кишвар Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар робита ба бемории Ковид – 19 ҷаласаи онлайнӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар ҷаласаи онлайнии мазкур Каримова Г.Р (Тоҷикистон), П.Б. Луре (Россия), М. Шенкар (Исроил) ба сифати мутахассис даъват гардиданд, ки барои иштирок кардан дар омода намудан ва навиштани хатсайри пешбарии ёдгориҳои дар Тоҷикистон воқеъгардида розигӣ доданд. Дар маҷлис ҳангоми муҳокима аз 86 ёдгорие, ки ба таърихи минтақаи болооби Зарафшон бештар аҳаимяти калон доранд, 9 – тояш интихоб карда шуд [13, 75]. Нӯҳ ёдгорие, ки дар ин минтақа ҷойгиранд, се марҳилаи таҳаввулоти меросро бо мурури замон инъикос мекунанд, ки дар шакли ёдгориҳои археологӣ, мақбараҳо ва системаҳои обёрӣ пешниҳод шудаанд. 
Ёдгориҳое, ки дар ин масир ҷойгир шудаанд, анъанаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, динӣ ва илмӣ, ки барои рушди Роҳи Абрешим аҳамияти калон доштанд, ба фаъолияти минбаъдаи робитаҳои ҳамаҷониба дар ин масир мусоидат кардаанд.
Рӯзҳои 10 – 25 соли 2023 дар шаҳри Ар – Риёзи шоҳигарии Арабистони Саудӣ Иҷлосияи 45 – уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО баргузор гардид. Дар раванди иҷлосияи мазкур кумита номзадҳои навро барои рӯйхати мероси ҷаҳонӣ дар асоси арзёбии Шӯрои байналмилалии ҳифзи ёдгориҳо ва маконҳои ҷолиб баррасӣ карда шуд. Дар асоси натиҷаҳои баррасии номзадҳо долони Зарафшон – Қароқуми Роҳи бузурги Абрешим ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Долони Зарафшон – Қароқуми Роҳи бузурги Абрешим, ки ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст, 31-то мавзеъ мебошанд, ки дар се кишвар ҷойгиранд: аз 31 мавзеъи пешниҳодшуда  9 – то дар Тоҷикистон, 15 – то дар Ӯзбекистон ва ва 7 – тояш дар Туркманистон воқеъ гардидаанд [2].
Қайд кардан ба маврид аст, ки хатсайрҳои Шоҳроҳи бузурги таърихии “Абрешим” ки тавассути кишвари мо мегузарад дар долонҳои он объектҳои таърихию фарҳангии сатҳи байналмиллалӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла дар долони “Зарафшон-Қароқум” 9 (нуҳ) адад объектҳои таърихию фарҳангӣ аз қабили “Панҷакенти Қадим”, “Шаҳраки Санҷаршоҳ”, “Шаҳраки Ҳисорак”, деҳкадаи “Гардани Ҳисор”, “Қалъаи Муғ”, “Қум”, Қалъачаи “Тали Хамтуда”, низоми обёрикунии “Токсанкорез” ва мақбараи “Хоҷа Муҳаммади Башоро” мебошад [9]. Ин ёдгориҳо солҳои сол аз ҷониби муҳаққиқону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ таҳқиқу кашф ва ҳафриёт гардидаанд. Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур таҳия ва такмил гардида ба идораи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО барои ворид намудан ба феҳристи ҷаҳонӣ ирсол карда шуд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки аллакай парвандаҳои номинатсионии 9 адад объекти таърихию фарҳангии долони “Зарафшон-Қароқум” аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комил арзёбӣ шуда, ин объектҳо расман ба феҳристии пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Дохил гардидани 9 ёдгорӣ аз Тоҷикистон ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО як қадами ҷиддии дигар барои ҳифз ва нигоҳдошти мероси бою рангини аҷдодонамон мебошад. Қариб ҳамаи ёдгориҳои дар боло зикргардида дар наздикии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент ҷайгир шудаанд, ки барои ба макони сайёҳӣ табдил ёфтани онҳо муносиб мебошад. Ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани онҳо бори дигар исботи раднопазир барои таърихи бою рангин ва тамаддуни қадима доштани миллати тоҷик.