RU
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН
Дар солҳои аввали истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҳрони амиқи сиёсӣ ва низомӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ ба амнияти миллӣ, якпорчагии давлат ва ояндаи миллати тоҷик хатари ҷиддӣ эҷод намуда буд. Дар чунин шароити ҳассосу сарнавиштсоз ҷомеа ба роҳбаре ниёз дошт, ки тавонад мардумро муттаҳид сохта, ба низоъҳои дохилӣ хотима бахшад ва заминаи сулҳу суботро фароҳам оварад.
Дар натиҷаи талошҳои пайвастаи ҷонибҳои музокиракунанда 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санади сарнавиштсоз ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон заминаи устувор фароҳам овард.
Таърих ҳангомаҳои басо аҷибе дорад, ки ба назар саҳлу сода менамояд, вале дар асл ин ҳангомаҳо чун сароғози воқеаҳои бузург хизмат мекунанд. Андешаи миллӣ ҷавҳари ҳастии миллат, шарти бақои ҷовидонии он аст ва дар заминаи фаҳмидану дарк кардани манфиатҳои миллӣ ташаккул меёбад. Ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдори тоҷикон дар ҳашт даври музокирот ва 24 вохӯрӣ аз апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 амалӣ гардид.
Ба ин маъни андешаи миллӣ муҳимтарин рукни ҳастӣ ва ҳифзи хусусиятҳои равонии миллат мебошад. Он таърихан дар раванди инкишофи миллат ташаккул ва такомул ёфта, дар фарҳанг ва маънавиёташ зуҳур мекунад.
Ба сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмию ризоият ва ваҳдати миллӣ расидани халқи мо шаҳодати пирӯзии ақли солим буд. Махсусан, дар рӯзҳои вазнин ба эътидол оварданӣ вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба Ватан баргардонидани гурезаҳо фазои эътимоду бовариро афзуда, сулҳи деринтизори тоҷикон оқибат 27 июни соли 1997 фаро расид. Дар оғози расидан ба сулҳу салоҳ хидмати халқи тоҷик ва мардуми табиатан сулҳдӯсту сулҳпарвари Тоҷикистон хеле бузург аст. Онҳо дар лаҳзаҳои басо ҳассос ва тақдирсоз сиёсати сулҳпарваронаи роҳбарияти мамлакатро пуштибонию дастгирӣ намуда, меҳнати ҳалолу зиндагии осоиштаро аз ҳама гуна ҷангу саргардониҳо ва адолату душманӣ афзалтар донистанд.
Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар мебошад.Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ, намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Он дарахте, ки Пешвои миллат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре басамар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибатҳои байналмиллалӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт.
Замоне ба худ омадем, ки ҷумҳурӣ дар остонаи фоҷеаи миллӣ қарор гирифта буд. Саъю талоши зиёд, гузашт ба якдигар лозим омад, то ин ки дастёбӣ ба сулҳу ризоият муяссар гардад. Ин ягона стратегияи дурусти рақибони сиёсӣ ба якдигар буд, ки ҳифзи давлату давлатдории тоҷиконро таъмин намуд.
Ин сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба кормандони илму фарҳанги ҷумҳурӣ қувват ва илҳоми тоза бахшид. Соли 1999, яъне дар соли ҷашни 1100 – солагии давлати Сомониён, бо мақсади мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ, барои пур кардани ҷойи холии шуури одамон, яъне ба ҷои идеологияи коммунистии аз байн рафта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи эҳёи таффакури миллӣ, анъана ва фарҳанги халқи тоҷикро пеш гирифтанд. Маҳз баҳри амалӣ намудани ҳамин мақсад аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим, қонунҳо омода шуда ва аз тарафи парлумон қабул карда шуданд. Аз ҷумла, илова ба Қонун «Дар бораи забони давлатӣ», ки ҳанӯз 22 июли соли 1989 қабул гардида буд, 27 декабри соли 1993 Қонун «Дар бораи маориф», 12 октябри соли 1995 Низомнома дар бораи мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 13 декабри соли 1997 Қонун «Дар бораи фарҳанг», 8 июни соли 2007 Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», 5 октябри соли 2009 – Қонуни нав «Дар бораи забони давлатӣ» ва ғайраҳо далели равшан мебошанд.
Ҷанги шаҳрвандӣ барои хоҷагии халқи мо ҳисороти азимеро оварда, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одамон гардид. Вобаста ба ин, дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
Рӯзи аввали фаъолияти худ ба сифати сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд, ки «ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам».
Гирди як миз ҷамъ овардани гурӯҳҳои ба ном мухолифин, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ кори осон набуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян карда, барои ҳалли он кӯшиш ба харҷ доданд. Имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.
Ин сулҳ боварии даҳҳо хазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи некӣ тоҷикон буд.
Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва нерӯҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Зарур ба таъкид аст, ки дар зери мафҳуми «миллат» бояд танҳо ягонагии этникӣ, яъне ваҳдати танҳо тоҷикон фаҳмида нашавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад. Ваҳдати миллӣ, ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва монанди инҳост. Зеро ҳеҷ яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гурӯҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонанд.
Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид фароҳам оварад.
Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои айёнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд.
Дар бораи аҳаммияти «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон» Президенти кишвари соҳибистиқлоламон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳаммияти фавқулодаи худ бо «Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расми истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва бо арзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Бояд қайд кард, ки дар давраи ҷаҳонишавии дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст.Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин ҷараён дар ташвишанд.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳу осоиштагӣ падидор аст.
 Бузургтарин дастоварди Сарвари давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳалаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.
Дар тӯли 35-соли истиқлоли давлатӣ кишвари мо таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ - артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.
Сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ барои мо қутбнамое гардид,ки дар заминаи он мо ба марҳалаи нави зиндагӣ-барқарорсозӣ ва ободонии ватани азизамон рӯ овардем. Оромиву амнияте, ки аз баракати Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон тасаллут ёфт, барои бунёди сохтмонҳои азим, равнақи самтҳои мухталифи иқтисодиёт, тавзеҳи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои ҷаҳон пояҳои мустаҳкам гузошт.
Бинобар ин моро зарур аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – ваҳдати миллиро пос дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу ҳимоя намоянд.
 
Адабиёт:
  1. Эмомалӣ Раҳмон.  Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат [Матн]: Ҷилди 6. – Душанбе: «Ирфон», 2006. – 544 с.
  2. Эмомалӣ Раҳмон.  Тоҷикон дар оинаи таърих [Матн]: Аз Ориён то Сомониён. Китоби дуюм. – Душанбе: Ирфон, 2002. –– 256 с..
  3. Салимов Н., Шарифзода А. Тоҷики Оламшумул. – Душанбе: Ирфон, 2011, 372 с.
  4. Яъқубшоҳ Ю. Тоҷикшинос. -Душанбе , 1999. – 112 с..
 
Қозизода ШӮҲРАТҶОН – ходими илмии
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии
ба номи А. Донишии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон