Мизи мудаввар бахшида ба ҳафтаи илм
12- апрели соли 2024 бахшида ба ҳафтаи илм мизи мудаввар дар мавзӯи " Кашфи қалъаи Муғ ва оғози корҳои бостоншиносӣ дар Тоҷикистон" доир гардид. Дар он директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ д.и.т. профессор Убайдулло Н.К. ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ д.и.т. Иброҳимов М.Ф. ва олимону кормандони институт иштирок намуданд. Бо сухани ифтитоҳи директори институт д.и.т. профессор Убайдулло Н.К. оғоз намуда, сипас суханро ба маърӯзакунандагон доданд.
Дар мизи мудаввар академик Юсуфшо Яъқубов оид ба мавзуи "Нақши қалъаи Муғ дар омӯзиши таърих ва фарҳанги Суғд", Филимонова Т.Г. дар мавзуи"Новые материалы по каменному веку из Пянжкого района", Каримова Г.Р. оид ба "Научные школы археологии на грани исчезновения", Шоинбеков Ф.Н. "Саҳми академик Ю.Я. Яъқубов дар омӯзиши Қалъаи Муғ", Каландарова О.И. "Элементы наборного пояса из археологических памятников южного Таджикистана ( II в. до н. э - VI в. н.э.)", Шарипов А. Ф. Таҳқиқоти бостоншиносӣ дар қабатҳои палеолити поён дар бошишгоҳи Лоҳутӣ IV (ҳафриёти соли 2022), Ашурмадов И. "Ёдгориҳои бостоншиносӣ дар минтақаи Кӯлоб", Қараев А. "Ёдгориҳои бостонии ноҳияи Данғара", Қодирова М. "Бусы из погребений эпохи бронзы могильника Гелот", Худжагелдиев Т.У. "Исследования стоянок среднего палеолита в лёссово - почвенном разрезе Хонако III" баромад намуданд.