Ҷамъбасти лоиҳаи “Нигоҳдории мероси фарҳангӣ барои наслҳои оянда” тавассути барномаи «Хазинаи сафирони Амрико оид ба нигаҳдории мероси фарҳангӣ»
Рӯзи 25.04.2024 дар маросими ҷамъбасти Лоиҳа раиси шаҳри Панҷакент муҳтарам Абдухолиқ Холиқзода, Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микалер, намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Институти таърих,бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба нми Аҳмади Дониш,профессор Насрулло Убайдулло, роҳбари лоиҳа, директори Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонони пешсаф” Додоева Малика, директори «Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразм» Худоёрова Нориниссо, кормандони пойгоҳ, бостоншиносон ва намояндагони муассисаҳои таълимию фарҳангии шаҳр, сокинони маҳаллаҳои атрофи ёдгорӣ ширкат намуданд.
Чамъомади тантанавӣ бо ташриф аз осрхонаи Панҷакенти қадим ва шиносоӣ бо бозёфтҳои мавзеъ, аксҳои ранга доир ба рафти корҳои анҷомёфта шуруъ гардида, сипас дар ҷамъомади тантанавӣ доир ба рафти омодасозии лоиҳа,мақсад ва ҳадафҳои асосии он,корҳои иҷрошуда ба таври муфассал аз ҷониби сухангӯён маълумот дода шуд.Таъкид шуд, ки Лоиҳа аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонони пешсаф” ва “Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразм” – и Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳамоҳангсозии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва амалӣ гардид. Мақсади асосии лоиҳа, асосан аз нигаҳдорӣ ва ҳифзи ёдгории шаҳри Панҷакенти қадим аз харобшавӣ, нигоҳ доштани меъмории асл бо истифодаи усулҳои миллӣ-анъанавии маҳаллӣ ҳангоми барқарорсозӣ иборат буд. Дар доираи лоиҳа маъбади оташпарастии асрҳои V – VIII, девори истеҳкомии асри V, толори пазироии меҳмонон бо номи “Рустамнома” ва девори мудофиавии асри VIII-и ин шаҳри қадима тармим ва барқарор карда шуданд. Ҳамзамон бори аввал дар доираи ҳамин лоиҳа атрофи ёдгории нодир бо панҷарадевори дарозиаш баробар ба 2,8 км. иҳота карда шуд. Ҳамин тавр дар рафти корҳои барқарорсозӣ чаҳор иншооти ёдгорӣ аз растаниҳои бегона, аз харобаҳои археологӣ тоза карда шуда, дар чор мавзеъ корҳои иловагии бостоншиносӣ гузаронида шуданд. Бо истифода аз усули суғдиён деворҳои боқимонда мустаҳкам карда шуда, бо хишти андозаи 50Х25Х10см, 48Х23Х10см барқарор карда шуданд.
Дар охири ҷамъомад ба Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи раиси шаҳри Панҷакенти қадим, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва роҳбарияти Институти таърих барои ҷонибдорӣ ва иҷрои лоиҳаи мазкур дар роҳи барқарорсозии яке аз ёдгориҳои нодири кишвар изҳори миннатдорӣ баён гардид. Чорабинӣ бо дидан намудан аз осори шаҳри қадима ва корҳои иҷрошуда ба анҷом расид.