Р. Умарзода,
Ходими илмии шуъбаи таърихи санъати
 Институти таърих,  бостоншиносӣ ва мардумшиносии
ба номи А. Дониши АМИТ
 
НИГОҲЕ БА МАРҲАЛАИ АВВАЛИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУНАРИИ ҲАНИФА МАВЛОНОВА
(Бахшида ба 100-солагии Ҳанифа Мавлонова)
Ҳанифа Мавлонова ҳунарманди маъруфи натанҳо кишвари мо, балки ҳунарманди касбӣ ва маъруф дар миқёси собиқ ИҶШС 30 январи соли 1924 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонаводаи дуторнавози мумтоз Муҳиддин Мавлонов таваллуд шуда, соли 1932 бо ҳидояти падар ба Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд (собиқ Ленинобод) қабул мешавад.
Баъди хатми омӯзишгоҳи мусиқӣ (соли 1936), солҳои 1937-1939 дар Театри тамошобини ҷавон фаъолият намуд.
Бояд зикр кард, ки Театри тамошобини ҷавон соли 1935 бо ташаббуси Комитети комсомолии шаҳри Ленинобод дар назди мактаби миёнаи ба номи Пушкин таъсис ёфта буд ва ба он асосан донишҷӯёни омӯзишгоҳ ва хонандагони мактабҳои миёна ҷалб шуда буданд. Дар ибтидои фаъолияти театр барномаи он асосан аз консертҳо, ки дар он суруд ва рақс иҷро мешуд, инчунин аз хониш ва машқҳои ҷисмонӣ иборат буд.
Аввалин кори ҷиддии театри мазкур ба саҳнагузории пйесаи С. Саидмуродов “Раъно” буд. Коргардони намоиш Р. Эркабоев, иҷрокунандаи нақшҳо Маҳбуба Қиёмова (Заррагул), Каримҷон Иброҳимов (Кабир) ва Ҳанифа Мавлонова (Раъно – нақши асосӣ) буданд. Нақшофарони ҷавон образи модар ва наврасони замони ҷанги шаҳрвандиро ба таври воқеӣ офарида буданд. Аз ин ҷост, ки Низом Нурҷонов менависад: “Бо ин спектакл театр зуд таваҷҷуҳи тамошобинони ҷавонро ба худ кашид”.
Ҳамин тариқ, Ҳанифа Мавлонова бо ҷасорати тамом ба роҳи ҳунарии падараш Муҳиддин Мавлонови дуторӣ қадам ниҳода буд ва театрро “хонаи дуюми худ” медонист. Ҳаёти нави инсонҳо, ишқу муҳаббати покро бо ҳунари худ тараннум мекард. Бо хондани шеъру таронаҳое, ки мардуми азияткашидаро ба озодӣ, бедорӣ ва тараққӣ раҳнамун месохт, ба дили мухлисон, хусусан, занону духтарони ҳамзамони худ ҷой гирифта буд. Бо сароидани таронаҳое, ки мавзуъҳояшон дархӯри замон буданд, ғояҳои зиндагии шоистаро тарғиб мекард. Аз ҷумла шеърҳои Муҳиддин Аминзодаро месароид, ки ба андешаи адабиётшиноси машҳур Атахон Сайфуллоев, як хусусияти ашъори ин шоир таронавӣ ва мусиқавӣ будани онҳост. Мухаммаси Муҳиддин Аминзода “Донистам”, ки қаҳрамони лирикиаш зани озод аст, аз ҷумлаи он шеърҳоест, ки Ҳанифа Мавлонова дар он давраи фаъолияти ҳунариаш сароидааст. Он аз тариқи байту мисраъҳое, аз қабили “Фаранҷӣ бар сарам бори гарон будаст, донистам”, занонро ба тарк кардани одатҳо ва русуми куҳнаву нодаркор водор мекард. Ҳамчунин байти зерин:
         Ҳуқуқи худ ба даст оварда дар майдони инсонӣ,
         Ба мо ҳам рӯшноӣ дар ҷаҳон будаст, донистам,
низ аз ҳамон мухаммас аст.
Сипас ӯ фаъолияти ҳунариашро дар Театри драмаи мусиқии ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд идома додааст. Давоми солҳои 1939-1943 (то ба кор омадан ба Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ) дар театри мазкур дар намоиши “Дохунда” нақши Гулнор, ҳамчунин нақшҳои Гулсара, Ширин ва Лайлиро аз драмаҳои мусиқии “Гулсара”, “Фарҳод ва Ширин”, “Лайлӣ ва Маҷнун” иҷро кард. Мавсуф дар ибтидои фаъолияти эҷодиаш нақши Санавбарро дар драмаи мусиқии “Санавбар”-и Раҳим Ҷалил иҷро карда, муваффақият пайдо мекунад.
 Намоишномаи “Санавбар”, ки пештар низ ба саҳна гузошта шуда буд, моҳи апрели соли 1940 низ бо коркарду такмили дубора ба саҳна гузошта шуд. Дар он нақши Санавбарро Ҳанифа Мавлонова иҷро кард. Намоиши навбатӣ аз ҷиҳати мусиқӣ ва вокалӣ низ нисбат ба асарҳои пештара дар сатҳи баландтар буд. “Сурудхонии Мавлонова ва Искандаров (иҷрокунандаи нақши Латиф – Р. У.) натиҷаҳои кор бо вокал ва тарбияи овозро, ки дар театр оғоз шуда буд, равшан инъикос намуд”, - менависад Н. Нурҷонов.
Соли 1943 дар Душанбе даҳаи санъати вилояти Ленинобод баргузор шуд, ки дар он ҳунарманди аллакай маъруф Ҳанифа Мавлонова низ иштирок ва ҳунарнамоӣ кард. Ба ӯ унвони Артисткаи Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон дода шуд ва масъулони давр ӯро барои кор ба Театри опера ва балети Душанбе даъват карданд. Аз ҳамон замон роҳи ӯ ба сӯйи саҳнаи бузурги ҳунари касбӣ – опера оғоз ёфт.
Ҳанифа Мавлонова дар саҳнаи ин театри бузург беҳтарин нақшҳои операвӣ, аз ҷумла, Маҳин (“Тоҳир ва Зуҳро”-и А. С. Ленский), Татяна, Лиза, Мария (“Евгкний Онегин”, “Моткаи қарамашшоқ”, “Мазепа”-и П. И. Чайковский), Аида, Дездемона, Леонора (“Аида”, “Отелло”, “Трубадур”-и Ҷ. Верди), Гулрӯ (“Пӯлод ва Гулрӯ”-и Ш. Сайфиддинов), Нисо (“Бахтиёр ва Нисо”-и С. А. Баласанян), Малоҳат (“Бозгашт”-и Ё. Сабзанов), Сурма (“Домоди номдор”-и С. Ю. Урбах), Тоска (“Тоска”-и Ҷ. Пуччини), Ярославна (“Княз Игор”-и А. П. Бородин)-ро бо камоли маҳорат ва ҳунар иҷро кардааст.
Муҳаққиқони соҳа дар бораи хусусиятҳои ҳунари Ҳанифа Мавлонова менависанд, ки вай таҷрибаи мактаби вокалии русро, ки дорои психологизми нозук буда, изтиробу ҳаяҷон ва дарду алами инсонро баён менамояд, омӯхта, дар заминаи анъанаҳои миллӣ образҳои хотирнишини психологии вокалию саҳнавӣ офаридааст. Ба андешаи Низом Нурҷонов, “аксари партияҳои Ҳанифа Мавлонова лирикӣ буда, драмаи тезу тунд доранд. Ӯ бештар ба нақшҳои фоҷиавӣ майл дошта, андешаҳои руҳии инсонро амиқ ва бағоят барҷаста ифода карда метавонад”.
Соли 1951 бо унвони Артисткаи Халқии РСС Тоҷикистон ва соли 1968 бо унвони Артисткаи Халқии Иттиҳоди Шуравӣ, инчунин бо ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (соли 1968) сарфароз гардид. Ӯ аввалин зани тоҷик аст, ки Консерваторияи Маскавро (солҳои 1952-1959) маҳз бо ихтисоси мусиқии академӣ хатм кардааст.
Ӯ аз соли 1967 то соли 1993 (аввал дар факултети санъати Донишкадаи омӯзгорӣ, сипас дар Донишкадаи давлатии санъат) дар тарбия кардани мутахассисони ҷавон низ саҳми худро гузоштааст.
Дар ин баробар, Ҳанифа Мавлонова сурудҳои халқӣ, классикӣ, бахусус Шашмақом ва оҳангҳои композиторони тоҷикро бо маҳорати хос сароидааст, ки то имрӯз маҳбубу маъруф мебошанд.