Саидов Абудқаҳҳор д.и.т., профессор
 
МАНСУБИЯТИ НАЖОДИИ ТОҶИКОНИ ХИТОЙ
 
Он чи марбути тоҷиконе аст, ки дар Хитой дар айни замон зиндагӣ доранд, мувофиқи маълумоти Н. А Кисляков онҳо аз ду халқияти наздипомирӣ - сарикулӣ ва вахониҳо иборат мебошанд, ки ба забони хоси гурӯҳи эронии шарқии махсуси худ ҳарф мезананд. Дар ҳоле, ки оммаи нисбатан бештари сарикулиҳо танҳо дар Хитой маскунанд, вахониҳо дар Тоҷикистон ва дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Дар ҳудуди Хитой вахониҳо аҳолии нисбатан баъдтар маскуншуда мебошанд, ки аз ҳудуди ин ду давлати мазкур омадаанд.
Сарикулиҳо ягона халқияти наздипомирие мебошад, ки танҳо дар қаламрави Туркистони шарқӣ зиндагӣ мекунанд ва онҳо авлодони аҳолии қадимии аслии ҳамин минтақа мебошанд. Онҳо дар водиҳои дарёи Сарикӯл (Тошқӯрғон) ва шохобҳои он Тагарма, Вачи, қисман Марион ва Раскемдарё ва поёнтар дар соҳили шохоби он - Марион маскун мебошанд. Водии ин дарёҳо аз қисмати ғарбӣ аз олами беруна бо силсилакӯҳҳои Сарикӯл, дар шарқ бошад бо силсилакӯҳҳои Қошғар ва Тошқӯрғон баста мебошад, аз ҳамин рӯ робитаи сарикӯлиҳо бо ҳамсоягон хеле мушкил аст.
Полковник А. Корнилов, ки аз Тошқӯрғон дидан кардааст, менависад, ки намояндагони нажоди ориёии қадим дар Қошғар тоҷикони сарикӯлӣ мебошанд. Тоҷикони Сарикӯл ё сарикӯлиҳо, тавре худро меноманд, дар водиҳои Тошқӯрғон, Тагарма, Вачи, Марион ва дар соҳилҳои Ёрканддарё, аз Марион то Касараб ба таври муқимӣ зиндагӣ мекунанд. Аз нигоҳи аслу насаб сарикӯлиҳо хешовандони тоҷикони Вахон, Шуғнон ва Рушон мебошанд, бо лаҳҷаи махсуси забони форсии қадима сухан мегӯянд.
Капитани ситоди кулл (генштаб) Б. Путята дар охири асри ХIХ менависад: «Табаъаи хитоии Сарикӯл, ба истиснои ҳамвории Тошқӯрғон, ки дар он ҷо тоҷикон маскунанд, асосан қирғизҳо мебошанд.
Забони сарикӯлӣ аз ҷумлаи забонҳои эронии шарқии помирии хонаводаи ҳиндуаврупоӣ мебошад ва аз нигоҳи таснифотӣ бо нигоҳ доштани махсусияти муайяни худ, ба гурӯҳи шуғнонию рӯшонӣ дохил мешавад. Забони сарикӯли хат надорад, аз ин рӯ мактаб ва воситаҳои ахбори умум бо забони уйғурӣ аст ва ҳамин боиси дузабонии мардуми Сарикӯл гардидааст. Номи забон- сарикӯли - аз номи маҳал, ки дар он соҳибони забон иқомат дорад, бармеояд.
Вазъи забониро дар Бадахшони Кӯҳистон тавсиф намуда қайд менамоем, ки дар баробари забони маҳалии гуфтугӯӣ, аз замонҳои қадим дар ин ҷо забони тоҷикӣ (форсӣ), ки ҳамчун воситаи муошират байни ин аҳолии гуногунзабон хидмат мекард, паҳн гардидааст. Ғайр аз ин забони тоҷикӣ дар ин минтақа забони хаттӣ, адабиёт, фолклор, коргузорӣ, хулласи калом, забони ҷанбаҳои зиёди муҳимми ҳаёти маънавӣ ба шумор меравад. Дар партави далелҳои ноҳамгунии забонии халқҳои олам, муқаррароти назариявии илми нажодшиносӣ дар бораи забон, чун нишони нажодӣ, аҳолии Бадахшони Кӯҳистонро наметавон нажодан аз халқи тоҷик ҷудо кард ва онро халқи мустақил донист.
Масъала сари он, ки оё сарикӯлиҳо мардуми бумии ин сарзаминанд, ё не, қобили баҳс мемонад. Наздикии бешубҳаи онҳо бо шуғнониҳо ба нуқтаи назаре дар хусуси кӯчонда шудни сарикӯлиҳо аз Шуғнон сабаб гардидааст. Баъзе донишмандон бошанд, ба ҳамон умумиятҳо такя намуда чунин мешуморанд, ки халқҳои Помир, баръакс аз шарқ ба ғарб ҳаракат намудаанд ва сарикӯлиҳои Тоҷикистон гуруҳе аз помириҳое мебошанд,ки дар маҳалли зисти қаблии худашон боқӣ мондаанд. Аз ҷиҳати мансубияти мазҳабӣ сарикӯлиҳо исмоилӣ мебошанд.
Барои ҳалли масъала дар бораи худномгузории нажодии бадахшиёни куҳистон аҳамияти истисноӣ, ҳалкунандаро маълумоти муаллифи муътабар тоҷикшинос М. С. Андреев доро мебошад, ки ӯ бо ин масъала тақрибан дар давоми ним аср ба таври махсус машғул буд ва дар натиҷаи таҳқиқотҳои амиқи ин масъала ба хулоса омад, ки ин худмуайянкунии куҳани сокинони болооби Панҷ, ҳамчун тоҷикро бояд ба эътибор гирифт ва бо он эътино кард. Дар ҳақиқат ва таърихан, аз нигоҳи забони ҳам онҳо тоҷиканд.
Доир ба мансубияти нажодии бадахшониён (помириҳо) дар адабиёти илмӣ ду нуқтаи назари хилофи ҳамдигар ва якдигарро истиснокунанда мавҷуд аст. Аз дидгоҳи яке бадахшониён – тоҷикон мебошанд, дигаре бошад, иддио дорад, ки онҳо тоҷик нестанд ва аз як қатор халқиятҳо иборат мебошанд (Л.Ю. Моногаров ва И. Муҳиддинов).
Муҳаққиқи тоҷикистонӣ А.С. Давидов бар асоси таҳлили амиқ, воқеъбинона ва ҳамаҷонибаи маълумот ва шаҳодатҳои тарихӣ, нажодшиносӣ, бостоншиносӣ, антропологӣ ва забоншиносии беш аз 50 муаллифе, ки дар Бадахшони Кӯҳистон буданд, ба таври муътамад ва илмӣ собит намуд, ки аз рӯи мансубияти нажодӣ аҳолии Бадахшони Кӯҳистон (помириҳо) - тоҷикони асил ҳастанд. Ӯ чунин меҳисобад, ки мавҷудияти шеваҳо ва гӯишҳои эронии шарқии қадимтарини худи кӯҳистониёни Бадахшон ва истифодаи васеъи забони умумихалқӣ – тоҷикӣ, тафовути динӣ, хусусиятҳои анъанавии фарҳанги ориёӣ ва тафовутҳои зоҳирӣ (гандумгун, чашмкабуд), имкон медиҳад онҳоро чун дигар точикони кӯҳистонӣ нигаҳдорандагони покизагии антропологӣ ва нажодии халқи тоҷик маҳсуб донем. Куҳистони Бадахшон бо мардуми таҳҷоӣ хеле пештар аз зуҳури сакоиҳо дар минтақа, аз асрҳои II то милоди сокин шудаанд, ва аҳолии муқимии Куҳистони Бадахшон бо аҳолии ҷануби Тоҷикистон ва дигар вилоятҳои ҳамҷаворе, ки Бохтари қадимро ташкил медоданд, аслу насаби ягона доштанд.