Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сол сипарӣ мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди он оғоз намоем.

   Таърих гувоҳ аст, ки вазъияти ҳамон солҳо баамаломада натиҷаи таъсири омил ва неруҳои бегонаест, ки бо истифода аз вазъияти номусоиди сиёсиву иқтисодии давлати навакак ба истиқлолият соҳибшудаи тоҷикон халали ҷиддӣ ворид намуд. Дар натиҷа дар фазои орому осудаи кишвар фазои сунъии вазъияти буҳронӣ ба вуҷуд оварда шуд.

   Баъди баргузории 21 музокироту гуфтушуниди расмӣ бо намояндагони мухолифин 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 7 музокирот ширкат варзида, дар 15 ҳуҷҷат имзо гузоштанд.

   Дар бораи аҳамияти имзои ин санади муҳим Пешвои миллат чунин гуфтаанд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар минтақа барқарор гардонида, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

   Имрӯз Тоҷикистон бо дастовардҳои бузурги худ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешавад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба мактаби омӯзиш дар Донишгоҳҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ва Кения табдил ёфтааст. Бо шарофати Ваҳдати миллӣ, сиёсати сулҳомез ва эҳтироми арзишҳои башарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтанд.

   Тоҷикистон имрӯз бо зиёда бо 183 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 192 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф намудааст. Дар заминаи моддаи 11 Конститутсияи мамлакат ба созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ аъзо буда, аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дифоъ менамояд, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодоти мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Дар кишвар стратегияҳои калидии рушди миллӣ — аз ҷумла, истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ — пайгирона амалӣ мешаванд. Ҳамаи ин муваффақиятҳо меваи ширини Ваҳдати миллӣ аст.

   Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

   Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагию ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳию худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.

   Истиқлолият бошад ба мо имконият дод, ки ғояи ваҳдатро парчами миллат кунем ва ба бунёди кохи ваҳдати воқеӣ ва ҷовидонаи миллат шуруъ намоем. Ин чунин маънӣ дорад, ки мо истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллиро баробар қадр кунем. Онҳоро чун муқаддасоти олӣ ҳифз намоем. Ва ҳеч гоҳ фаромӯш накунем, ки пояи давлати мо маҳз бар ҳамин мафҳумҳо асос ёфтаанд.

   Дар ин росто зарур мешуморем, ки дар бораи нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ва ниҳоди сарварӣ дар пойдор намудани ваҳдати миллӣ қайд намоем.

   Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гашт, барои ҳамаи тоҷикону тоҷикистониён иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз буд. Ин иҷлосия ҳамчун ҷаласаи таърихӣ дар хотири на танҳо имрӯзиён, балки дар дилу дидаи наслҳои оянда низ ҷовидона боқӣ хоҳад монд.

   Дунё бори дигар баъди ба даст овардани истиқлол, сарзамини тоҷикро бо симо ва номи аслии худаш – Тоҷикистон, ҳамчун миллати бузурги соҳиби номаи худшиносӣ, Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ шинохт.

   Зикр намудан зарур аст, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, таъмини амнияти миллии кишварро мустаҳкам намудан зарур аст.

   Ҳоло инсоният бо хатару таҳдидҳои мутлақан нав дучор гардидааст, ки масъалаи ваҳдати миллиро боз муҳимтар ва мубрамтар намудааст.

   Аз дидгоҳи он, ки минтақаи Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи бозиҳои геополитикӣ ва манифатхоҳии давлатҳои абарқудрат қарор дорад, Тоҷикистон ҳамчун узви ин минтақа аз доираи таъсир берун буда наметавонад. Фазои минтақа тақозо менамояд, ки муҳити идеологиву сиёсии кишвар боз ҳам пурқувват карда шавад.

   Дар шароити имрӯза чораҳои ҳифзи ваҳдати миллиро бе мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротгароии динӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст, зеро дар баъзе кишварҳо гурӯҳҳои ҷаҳолатпарасту мутаассибе паноҳ гирифтанд, ки зери ниқоби ислом метавонанд ҳар лаҳза амният ва суботро барҳам зананд.   

    Тавре ки профессор Ятимов С.С дар мақолаи таҳлилии худ қайд менамояд, ки ҷаҳолату таассуб 13 давлатдории тоҷиконро барҳам задааст!

   "Тоҷикон дар тӯли таърих зиёда аз 13 маротиба (Модҳо, Ҳахоманишиҳо, Портҳо, Кӯшониён, Сосониён, Ҳайтолиён, Тоҳириён, Сафориён, Сомониён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорҳо, Музаффариён) давлатдорӣ кардаанд. Он дар маҷмуъ, беш аз 2236 солро дар бар мегирад. Шикасти ин салтанатҳои бузургу хурд бо хатои мардум, аъён ва ашрофи худи миллати мо сурат гирифтааст. Иллати аслии суқути онҳоро ҷаҳолат ташкил медод.

   Давлатдории охирони мо низ метавонист ба вартаи нестӣ ва ин дафъа ба садсолаҳои номаълум ба фано равад. Миллати тоҷикро бори дигар ба ғуломӣ кашад. Онро ҳам сабаб қатъан ҷаҳолат мебуд.

    Аммо бо талошҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ин давлат барқарор ва пойдор шуд. Акнун даҳсолаи чоруми он оғоз шуд.

   Ҳамин тариқ, мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид.

   Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро бо сарварии Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешгирӣ кардем.

   Мо ин ҷашни муқаддаси миллиро бояд чун гавҳараки чашм пос дорем, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азиз кунем. Ваҳдати миллӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

 

АДАБИЁТ

1. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих – Душанбе, соли 2006.

2. Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат, иборат аз 10 ҷилд. – Душанбе (солҳои 2000-2011) .

3. Набиева Р.А., Зикриёв Ф.Б., Зикриёева М.Ф. Таърихи халқи тоҷик дар асри ХХ ва ибтидои асри ХХI - Душанбе. 2009 с.

4. Намоз Ҳотамов, Давлатхоҷа Довудӣ, Сайфулло Муллоҷонов, (Маъруф Исоматов) Таърихи халқи тоҷик «Эр- граф». Душанбе. 2015 с.

5. Луқмонов Т., Қурбонов Б. Таърихи халқи тоҷик. «Матбуот». Душанбе. 2015 с.

6. Яъқубов Ю. Тоҷикон- Душанбе. 1996 с.

7. Ятимов С.С. «Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ», маҷаллаи "Илм ва ҷомеа" № 2 соли 2019

8. Зафар Сайидзода, Фаридун Саидов. Сиёсати давлатии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва рушди устувори Тоҷикистон. – Душанбе – 2002 с.

9. Иброҳим Усмон. Таҳкими сулҳ ва таҳаввулоти Тоҷикистон. Душанбе, 2016 с.

Неъматов И. н.и.т., дотсент

Институти таърих, бостоншиносӣ

ва мардумшиносии ба номи А. Дониши

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон