ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМУШ НАМЕШАВАД!

07 майи соли равон бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ дар толори маҷлисгоҳ Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ – и солҳои 1941 - 1945” ба муносибати Иди ғалаба баргузор гардид.
Нахуст ба кори Конференсия ноиби президенти Академия миллии илмҳои Тоҷикистон - Саидов Абдусаттор Самадович ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба Президенти Академия миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд, зимни баромади хеш роҳбарияти академия афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои табрикотии худ бахшида ба солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм таъкид карданд, ки: "Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ «зарбаи асосии фашизми гитлерӣ ба муқобили халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ равона гардида буд. Аммо дар ҷавоб урдуи фашистӣ ба қаҳрамониҳои беназир, далериву шуҷоатмандӣ ва муборизаи беамони мардумӣ дучор гардида, дар натиҷа дастгоҳи пурқудрати ҳарбии фашизм шикаст хӯрд, сулҳу оромӣ дар ҷаҳон таъмин гардид ва роҳи халқҳои гуногуни ҷаҳон ба сӯи озодӣ ва зиндагии осудаву созанда кушода шуд".
Қайд гардид, ки дар қатори муборизони ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсӯз садҳо ҳазор фарзандони ватандӯсту шуҷои Тоҷикистон низ қаҳрамониву диловариҳои бемисл нишон дода, даҳҳо ҳазор нафарашон ба хотири ҳимояи ояндаи осудаи инсоният ҷони худро қурбон кардаанд.
Умуман, мо ҷоннисориҳои ҷанговаронро дар ҷабҳаҳои набарди мардона ва заҳмати шабонарӯзии калонсолону модарону хоҳаронро дар ақибгоҳ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Санаи 8 майи соли 1945 дар шаҳрчаи Карлсхорсти назди Берлин ҳуҷҷати расмии бечунучаро таслим шудани фашистони Олмон имзо гардид. Ба ин муносибат 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба эълон гардид ва то ҳол қариб тамоми мардуми собиқ шуравӣ ин санаи бузурги таърихиро ҳар сол ҷашн мегиранд. Хизмати шоёни он абармардоне, ки солҳои 1941 -1945 ватану миллатро ҳимоя намуданд, ҳаргиз аз хотири ин миллати тамуаддунофар фаромӯш намешавад!
Дар идома Ҳотамов Намоз, сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор дар мавзуи “Корнамоии фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ва Ғафуров Абдулло, сарходими илмии Шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ, дотсент дар мавзуи “Саҳми Академияи илмҳои Тоҷикистон ва кормандони он дар ғалаба бар фашизм”., Забеҳуллои Беҳрӯз, мудири Шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, номзади илмҳои филологӣ дар мавзуи “Нақши адабиёт ва адибони тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” баромад намуда ба иштирокдорон маълумотҳои амиқ доданд.
 

438146651_122146595120192650_7156578088490964585_n.jpg438171296_122146595078192650_785879734250010284_n.jpg

 

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / Tajik National Academy of Sciences