Узви вобастаи АМИТ,
д.и.т., профессор Пирумшоев Ҳ.
Устод Садриддин Айнӣ дар саргаҳи сомониёншиносии илмии миллӣ
Солҳои 20-ми асри гузашта, дар баробари дигаргунсозиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии дар давлати Шӯравӣ ҷараён гирифта, илми таърих низ ба талаботи идеологии барои замон мувофиқ ба роҳ монда шуд. Ин давра барои Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна давраи анҷоми гузариш аз донишҳои таърихӣ ба илм ҳисоб меёфт. Бо кӯмаки бевоситаи марказҳои илмии Иттиҳоди Шӯравӣ: Москва, Ленинград, Тошкент ва ғайра дар як муддати кӯтоҳ барои ташаккулу дурнамои рушди ояндаи илми таърих дар Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон (1924), сипас ҶШС Тоҷикистон (1929), ки барои ташаккули худшиносии миллӣ мусоидат мекард, ба сифати яке аз масъалаҳои муҳиму расмии давлатӣ, зарурати омӯзиши илмии таърихи гузаштаро пеш овард. Дар ҳолате, ки ақидаҳои миллатгароии пантуркистӣ ҳанӯз аз миёнаи асри XIX арзи ҳастӣ намуда, дар даҳсолаи аввали баъди барқароршавии Ҳокимияи Шӯравӣ бо суръати баланд рушд меёфт ва яке аз ғояҳои марказии он аз комилан инкор намудани таърихи тамаддунофари сокинони азалии Осиёи Марказӣ – тоҷикон иборат буд, ҳифзи арзишҳои таърихӣ, табиист, ба мадди аввал баромад.
Акнун дар асоси маъхазҳои хаттӣ ва маводи бостоншиносӣ кушодани мавқеи тамаддунофари тоҷикон, ташкилёбии аввалин давлати комилан мустақил, пуриқтидору доманфарохи онҳо – давлати Сомониён ба дараҷаи масъалаи марказии таърихнигории миллӣ табдил меёфт.
Аз муаррихони миллии замони Шӯравӣ аввалин шуда, Садриддин Айнӣ ҳанӯз соли 1920 аз нақши таърихии Сомониён ёдовар шуда, навишта буд: “Мо аз таърихи қадим чашм пӯшида танҳо аҳволи пас аз исломиятро ба назар орем, мебинем, ки ба ҳар кори маданӣ пештару роҳбар тоҷикон буданд. Чунончӣ, дар аҳди Сомониён адабиёт ва саноеъ чӣ қадарҳо пеш рафта ва роҳбарони ин корҳо тоҷикон буданд. Он иморатҳои бузург, кӯшкҳои фалакнамой, айвонҳои кайвонбунён ва боғҳои ҷаннатнишон, ки дар аҳди Сомониён дар ухоро бунёд ёфта буд, муассиси ҳамаи инҳо тоҷикон буданд. Таъсири ин маданият буд, ки ҷаҳонгири бузург – Темури Курагон “Тузуки темурӣ”-ро ба тоҷикӣ навишт. Сарои худро аз уламо ва удабои тоҷик зинат дод, катибаҳои ҳамаи иморатҳои худро ба тоҷикӣ сабт кунонд”[1].
С. Айнӣ ба ташаккули забону назми оламгири тоҷикон рӯ оварда, шукӯҳу шаҳомати фарҳангии бесобиқаи ин халқи бостонро дар аҳди Сомониён кушода тавонист. Асари ин адибу муаррихи масъулияти ташкилу пешбурди адабиёти навини тоҷикро ба зимма дошта, – “Намунаи адабиёти тоҷик”, ки соли 1925 дар Самарқанд мураттаб шудаву соли 1926 дар Маскав ба табъ расидааст, дарвоқеъ, муждае буд аз оғози сомоншиносии шӯравӣ.
Садриддин Айнӣ, он замон ҳанӯз маълумияту шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо накарда бошад ҳам, бо як хиради азалӣ зарурати ба таърихи тоҷикону пойгоҳи тамаддунофари он – давлати Сомониён ҷиддан рӯ оварданро эҳсос намудааст. Ин муносибати олимонаву одилонаи ӯ нисбат ба таърихи халқаш дар оғози пешгуфтори ба китоб бахшидааш равшан ба назар мерасад. “Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, - ишора намудааст муҳаққиқ, - то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳру Туркистон, чунон ки як қавми муаззам бо номи “тоҷик” ё ки “тозик” истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳру Туркистон махсус ба асре ё тасаллути подшоҳеву амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқаи форсизабон ҳастанд, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, шайбонӣ, астархонӣ ва манғит, ки ирқаи муғул, турк ва ӯзбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷёфта ҳаст. Пас маълум мешавад, ки ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо маҳз бо сабаби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи “тоҷик”, ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷоҳост”[2]. Ба ин гуфтаҳо агар таваҷҷӯҳ кунем мебинем, ки устод Садриддин Айнӣ ба дарки воқеияти таърихӣ миёни Мовароуннаҳр ва Хуросон ҳад гузоштааст. Дар манобеи таърихӣ низ миёни ин мафҳумҳои ҷуғрофиёӣ ҳамеша фарқ гузоштаанд. Чуноне, ки муаллифи рисолаи “Ататабату-л-катаба”, Ҷувайнӣ менависад: “Худованди олам Муизуддунё ва-д-дин (лақаби Султон Санҷари Салчуқӣ) мамолики Мовароуннаҳр ва билоди Туркистонро ба ибни амри ӯ хоқон Ҳасан Тегин арзонӣ дошт”[3].
Дар гуфтаҳои устод Айнӣ дар баробари “Мовароуннаҳр” ду бор такрор ёфтани “Туркистон” ба назар мерасад, ки он аз номгузори расмии маъмурии замони ба тобеъияти мустамликадории Русия кашидани Осиёи Миёна (таъсисёбии Генерал-губернатории Туркистон) ва то тақсимоти миллӣ-ҳудудии шӯравӣ (Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон), соли 1924, бармеомад. Новобаста аз такроран овардани Туркистон, ақидаи устод доир фаҳмиши ҷуғрофию маъмурии Мовароуннаҳр, бидуни шубҳа побарҷост.
Албатта, С.Айнӣ метавонист, аниқтараш мехост ба ҷои ибораи дар ибтидои асримиёнагӣ ҷуғрофии “Туркистон” номоварди ҷуғрофӣ-маъмурии “Хуросон”-ро мавриди истифода қарор диҳад. Ҳол он ки ҳудудии расман эътирофшудаи давлати Сомониён Мовароуннаҳру Хуросонро дарбар мегирифт ва инро муҳаққиқ нағз медонист. Сабаби аз овардани номи Хуросон худдорӣ кардани С.Айниро низ дар: а) Хуросон дар давраи охири асримиёнагӣ ва замони нав қисми ҳудудии Эрон ҳисоб меёфт; б) дар раванди маракаи тайёрӣ ба тақсимоти миллӣ-ҳудудии минтақа ҳомиёни ғояҳои миллатгароии пантуркизм бо тамоми восита кӯшиш ба харҷ медоданд, ки ҳақиқати таърихии сокинони азалии минтақа будани тоҷиконро инкор карда, онҳоро чун қисмати ба ин ҷо муҳоҷир шудаи форсҳо ё аз кадоме аз қабилаи арабҳо нишон диҳанд. Устод Айнӣ чунин муҳоҷиратро билкул рад намуда, аз қадимулайём дар Мовароуннаҳр “мавҷудияти як қавми бузург ба номи “тоҷик”, ки мансуб ба ирқи орист”, ба сифати далели раднопазир пешниҳод намудааст.
Хулосаи эҳтимолии моро, ки С.Айнӣ дар он фазои ҳассоси сиёсии замон наметавонист кушоду равшан фикрашро баён карда, аз ибораи дар қадим барои минтақа ночаспони таърихиву маъмурии “Туркистон” сарфи назар намояд. Чунин эҳтиёткорӣ аз мантиқи сӯхбати ӯ бо шарқшиноси барҷаста И.С.Брагинский, ки соли 1940 баргузор гардидааст, бармеояд. Дар ин вохӯрии навбатии (панҷум) ду донишманд, устод С. Айнӣ иқрор шудааст, ки камбудии “Намунаи адабиёти тоҷик” дар ба он дохил накардани “чунин шоирони тоҷик мисли Фирдавсӣ, Хайём ва дигарон ки берун аз ҳудуди имрӯзаи Осиёи Миёнаи шӯравӣ зиндагиву фаъолият доштанд, зоҳир мешавад”. Сабаби чунин муносибатро устод ба вазъи сиёсии замон пайвастааст[4]. И.С. Брагиский чун шоҳиди ҳол, ёдовар шудааст, ки С.Айниро дар он вақт барои майл ба панэронизм ва дар китоб ворид намудани шеъри Рӯдакӣ “Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме” гунаҳгор карда буданд. Мисраҳои дар ин қасида доир ба ташвиқи амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ барои аз Ҳирот ба Бухоро баргаштан ҷой доштаро рамзи даъват намудани амири дар натиҷаи инқилоб соли 1920 сарнагуншудаи Бухоро, шарҳ дода, адибро чун тарафдори қувваҳои аксулинқилобӣ айбдор намуданд.
И.С. Брагинский солҳои 20-ум маҳз дар ҳамин вазъи ногувор қарор доштани С.Айниро дар назар дошта, қайд намудааст: “Дар чунин вазъият С. Айнӣ наметавонист ба ин тазкира чунин шоирон, мисли Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва бисёр дигаронро ворид намояд. Инро дар аснои сӯҳбат ӯ ба ҳайси камбудӣ арзёбӣ карда, адиб доир ба зарурати ислоҳ намудан чунин ибрози назар намудааст: “Барои он ки касе нагӯяд тоҷикон ҳуқуқи форсҳоро ба мероси умумии классикӣ ба инобат намегиранд, мо ин шоиронро “форс-тоҷик” ном мебарем. Тоҷикон инро рад намекунанд, вале аз ҳаққи худ даст кашиданӣ нестанд...”. Ҳаминро ба асос гирифта, С.Айнӣ истилоҳи “форс-тоҷик”, ё “адабиёти форсу тоҷик”-ро мавриди истифода қарор дод, ки дар ҳоли ҳозир илм онро қабул кардааст”[5].
Аз ин рӯ, аз кадом самте, ки ба гуфтаҳои устод С.Айнӣ – шахсияти воқеан дар саргаҳи илми таърихи ватанӣ қарордошта, назар накунем, аз онҳо чунин ҳақиқати маҳз мебарояд: 1) тоҷикон ориёинажод буда, сокинони азалии Осиёи Марказӣ ҳисоб меёбанд; 2) асосгузори давлати шукӯҳманди Сомониён тоҷикон буданд.
Маълум аст, ки дар тазкираҳо Рӯдакӣ танҳо ба сифати асосгузори шеъри форсӣ ба эътибору эътирофи баландтарин соҳиб шудааст. Масалан, Рашидии Самарқандӣ ба таври рамзӣ дар ин мисраҳо зеби сари шоирон хондааст:
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шомрон зебад сарӣ.
Ё байти Низомии Арӯзӣ:
К-он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон,
Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.
Дар ин радиф ҳамчунин наметавон аз баҳои муаррихи арабзабони зодаи Марв Абӯсаъид Тамимии Марвазӣ (тав. 1113), ки маъруф ба Самъонист, ёдовар нашуд. Ин муаллиф ба зодаи Самарқанд будани Рудакӣ ишора карда мегӯяд: “Ва бад-ин ҷо Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдурраҳмон ибни Одами Рӯдакӣ – шоири самарқандӣ маъруф аст, ки гуфтораш ба форсӣ малеҳ ва девонаш дар шаҳрҳои Аҷам пароканда аст. Шеъри ӯ накӯ ва гуфтораш матин аст. Ва вай аввал касест, ки ба форсӣ шеъри хуб гуфтааст”[6].
Муаллифи номбурда, барои тақвияти назари худ, ба гуфтаҳои бузургони қаблӣ истинод намуда, қайд кардааст: “Абӯсаъди Идрисии Ҳофиз (адиб ва муаррихи аразабони асри XI – Ҳ.П.) гуфтааст: “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар замони худ дар шеъри форсӣ бар ҳамгинони худ пешӣ дошт”. Самъонӣ ҳикояти шунидаашро, ки ба Балъмӣ мансубият дорад, чунин бозгӯӣ намудааст: “Абулфазли Балъамӣ – вазири фармонравои Хуросон Исмоил ибни Аҳмад мегӯяд, ки Рӯдакиро дар Арабу Аҷам назир нест”[7].
Албатта, метавон боз чандин иқтибосоти тавсифотии ба устод Рӯдакӣ бахшидашударо пеш овард. Вале хизмати бузурги устод С. Айниро дар ба ҳайси расман сардафтари адабиёти тоҷику форс эътироф шудани зодаи фазои адабии замони Сомониён Абӯабдулоҳ Рӯдакӣ дар он аст, ки ӯ ин маълумоти маъхазиро аз мизони воқеъбинонаи илмӣ гузаронда, тавонист дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намудани мақоми ин шоири тоҷикро чун сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик комилан асоснок намояд.
С. Айнӣ аз аввалин адабиётшиносони дар пояи воқеан илмӣ қарордошта, ба устод Рӯдакӣ чунин баҳо додааст: “Назар ба иттифоқи аҳли тазкира ва тароҷими аҳвол, устод Рӯдакӣ аввалкасест, ки шеъри форсиро аз қасида, ғазал, қитъаву рубоӣ тадвин карда.
Ҳарчанд пеш аз Рӯдакӣ мисли Баҳроми Гӯр, ҳаким Абуҳафзи Суғдӣ ва Хоҷа Абулаббоси Марвазӣ шеъри форсӣ иншо карда бошанд ҳам, гуфтаи эшон ба дараҷаи девон нарасида, бинобар ҳамин сабаб номи Рӯдакӣ ба сардафтарии “Намунаи адабиёти тоҷик” гузашт... Ба ҳар ҳол, зуҳури устоде мисли Рӯдакӣ аз Мовароуннаҳр боиси ифтихори тоҷикон аст”[8].
Дар ин радиф бояд қайд кард, ки устод С. Айнӣ дар таълифоти номбурда аз шоирони тоҷику форси замони Сомониён: Фазл ибни Аббос, Дақиқӣ (Абӯмансур Муҳамад), Оғочии Бухороӣ (Мирзо Абулҳасан), Абӯнасри Форобӣ, Маънавии Бухороӣ, Маҷдуддин Абӯисҳоқи Кисоӣ, Абӯалӣ Сино ёдовар шуда, намунаи ашъори эшонро пешкаши хонандагон намудааст[9]. Дар маҷмӯъ, ишораҳои дар “Намунаи адабиёти тоҷик” ҷой дошта, нишондиҳандаи боэътимоде ҳисоб меёбанд, ки аз ташаккули қавии забони адабии тоҷик дар замони Сомониён дарак медиҳанд. Ҳамин кӯшиши барои илм ниҳоят ниҳоят зарурии С.Айнӣ дар мақолаи “Устод Рӯдакӣ”, ки соли 1940 ба табъ расондааст[10], бештар тақвият ёфтааст.
Бояд қайд кард, ки оянда, бо мурури эътирофи мақому эътибори илмии устод С.Айнӣ дар таҳқиқи таъриху фарҳанги тоҷику форс, дар маҷмӯъ тамоми Осиёи Марказӣ, дар доираи роҳбарияти олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва шарқшиносии сатҳи байналмилалӣ, барои ибрози озоди ақидаҳои илмии эшон заминаи мусоид фароҳам омад. Ба ҳайси аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани устод (14 апрели соли 1951) нишондиҳандаи амиқи эътирофи пешсафии илмии ӯ буд. Маҳз ҳамин пешсафиро дар назар дошта, собиқ Раиси филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС, академики АИ ИҶШС. Е.Н. Павловский ҳангоми номзадии устодро ба ин фазифаи масъул пешниҳод кардан, иброз доштааст: “ Устод Айнӣ оғозгари таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи улуми иҷтимоӣ дар қарни XX Тоҷикистон аст”[11].
Дар воқеъ, солҳои 30 ва 40-уми асри гузашта, хулосаҳои илмии С.Айнӣ доир ба ин ё он масоили таърихиву фарҳангии замони асримиёнагӣ ва нави тоҷику форс ва соири дигар халқҳои Осиёи Марказӣ чун ҳақиқати қобили қабул дар илм эътироф мешуданд. Бесабаб нест, ки то имрӯз мероси гаронбаҳои устод таровати илмии худро нигоҳ медорад. Ин дар мисоли хулосаи ӯ доир ба мақоми таърихии давлати Сомониён равшан ба назар мерасад.
Чи тавре дар боло ишора рафт, гарчанде устод С.Айнӣ ба таҳлили таърихи давлати Сомониён тадқиқоти махсус набахшида бошад, ҳам дар саргаҳи воқеан омӯзиши илмии ин масъала қарор доштану онро аввалин шуда, возеҳан чун давлати шукӯҳманди тоҷикон нишон додан аз хизмати бесобиқаи таърихии муҳаққиқ дар ин ҷода гувоҳӣ медиҳад.
Бесобиқа шинохтани хизмати ӯ ҳаргиз маънои онро надорад, ки дар таърихнигории давраи тӯлонии собиқ таърихи Сомониён ҷой надошта бошад. Бобҳои қаблии таълифоти мазкур доир ба ҳамеша дар осори муаррихони асри миёнагӣ ва давраи нав ҷой доштани таърихи Сомониён бо такя ба далелҳои сарчашмавии боэътимод сухан рафт. Вале борҳо ишораи ҳақиқате пеш оварда шуд, ки маълумоти дар маҷмӯъ ниҳоят қавии муаррихон характери илмӣ надошта аз бозгӯии оддии воқеаҳо беш буда наметавонист. Аз тарафи дигар, то ибтидои асри XX, аниқтараш то барқароршавии Ҳокимияти Шӯравӣ ва эътирофи илмии тоҷикон чун халқи эронинажоди воҳид, ки роҳи тӯлонии ба худ хоси таърихиро тай намуда, чун миллати воҳид ташаккул ёфтааст, касе аз муаррихон, давлати Сомониёнро чун давлати комилан хоси тоҷикон муаррифӣ накардааст. Муаррихон онро ҳамеша қисмати таърихӣ ва таркибии давлати Форсу Эрон муаррифӣ намудаанд. Аз ин рӯ, устод С.Айниро ба ҳайси гиреҳкушои бо тамоми мафҳум ҳақиқати таърихӣ – комилан шинохтани давлати тамаддунофари Сомониён, чун давлати тоҷикон бояд эътироф кард.
Ҳарчанд устод С.Айнӣ ба ин далел ҳанӯз соли 1926 дар “Намунаи адабиёти тоҷик” ишора карда бошад ҳам, вале дар рисолаи “Шайхурраис Абӯалӣ Сино”, ки соли 1940 бо алифбои лотинӣ дар Сталинобод (Душанбе) ва соли 1941дар Ленинград (Санкт-Петербург) бо ҳуруфоти кириллӣ рӯи чоп дидаааст[12], бештар таваҷҷӯҳ намуда, ин қазияро боз возеҳтар кушодааст. Аз ҷумла дар ин китоб омадааст:
“ Баъд аз тахминан 200 соли истилои араб Эрон ва Азияи Миёнаро, дар канораҳои мамлакат – дар ҷоҳои дуртар аз маркази хилофат ҳукуматҳои феодалии миллӣ ташкил ёфтанд, ки онҳо исман ва расман ба Бағдод (маркази хилофат) тобеъ буда, ҳақиқатан дар худ мустаҳкам буданд. Яке аз бузургтарин ва дарозумртарини ин гуна ҳукуматҳо ҳукумати Сомониён буд...
Кам-кам сулолаи Сомониён қувват ёфта, аввал Самарқандро ба худ марказ карда, дар вақти Исмоили Сомонӣ Бухороро пойтахти худ намуда, аз соли 875 то 999 дар хуросон ва Мовароуннаҳр ҳукумат ронданд.
Мовароуннаҳр ва Хуросон, ки дар вақти истилои араб тамоман ба тороҷ рафта буд... Аммо дар вақти ҳукумати Сомониён ҳукумат марказият пайдо кард ва эксплотатсия қариб аз тарафи як даст – дасти ҳукумати марказӣ мерафт. Баъд аз он ки Сомониён дар Хуросон ҳукумати Саффориёнро тамоман нест карданд, дар шарқ ва шимол роҳи ҳуҷуми кӯчманчиёни бодиягардро бастанд ва дар дохил феодалеро, ки даъвои ҳукумат кунад, боқӣ нагузоштанд. Мовароуннаҳр ва Хуросон аз дохил ва хориҷ амнияти куллӣ пайдо кард...
Сабаб ин буд, ки дар замони шавкати Сомониён Хуросон ва Мовароуннаҳр нисбат ба замони бевосита ҳукумат рондани волиёни араб ба таври шинохтаношуданӣ ободӣ пайдо кард... Дар замони Сомониён баробари мустақил шудани ҳокимияти миллии феодалӣ забон ва адабиёти миллӣ – форсӣ, ки дар охирҳо дар Азияи Миёна номи тоҷикиро гирифт, ташкил ёфт... Абулҳасани Рӯдакӣ, Муродии Бухороӣ, Дақиқӣ ва дигарҳо дар ҳамин давра расидаанд, ки онҳо сардафтари адабиёти баъд аз исломии форс – тоҷик ҳисоб мешаванд... Дар замони шавкати Сомониён Бухоро ранги Бағдоди дуюмро гирифт, аз ҳар тараф ба ин дарбор рӯ оварданд, донишмандони маҳаллӣ расиданд ва дар шаҳриБухоро китобҳои нодири дунё ғун гардиданд”[13]. Муддао аз овардани чунин иқтибоси тӯлонӣ дар он аст, ки дараҷаи баҳои воқеъбинонаи устод ба бартарияти давлатдории Сомониён чун дастоварди муҳимтарин ва бесобиқаи тоҷикон возеҳтар эҳсос шавад.
Дар ин ҷо бояд ба як нуқта бояд диққат дод, ки устод ба ҷои мафҳуми “халқият” “миллат”-ро овардааст, ки барои воқеъияти замони феодалӣ мувофиқат намекунад. Ин худ нишондиҳандаест аз ҳанӯз боқӣ мондани таъсири лексикони араб, ки маъмулан мафҳуми миллатро ба ҷои халқият истифода мебаранд.
Доир ба масъалаи мансубияти Сомониён ба даҳои давлатсолории тоҷикон дар дигар асари Устод С. Айнӣ “Маънии калимаи “тоҷик” дар луғатҳо ва ҷои кор фармуда шудани он дар таълифоти муаллифони Шарқ ва баромадгоҳи ин калима” боз возеҳтар баён ёфтааст. Аз ин рӯ ба таҳлили вожаи “тоҷик”, ки устод С. Айнӣ дар асоси маъхазу луғатҳои зиёди мухталиф ниҳоят дақиқназарона маънидод намудааст, банд нашуда, фақат овардани баъзе аз нишондиҳандаҳои фарҳангии тоҷикони аҳди Оли Сомони иктифо мекунем. Аз ҷумла устод ба фарҳангсолории тоҷикон, ки дар тамоми таърихи тӯлонӣ онҳо дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳони ислом ҳамеша пешсаф будааанд, ишора намуда, хосатан ин рисолати азалии онҳоро дар замони Сомониён дақиқан чунин муайян намудааст: “Тоҷикон дар замони пеш (масалан, дар замони Сомониён) маданитарини халқҳои Шарқи исломӣ буданд.
Тоҷикон дар асри X устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои фосизабон дар адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор мебошанд. Аз миёнаи тоҷикон ва дар асри X расида баромадани устод Рӯдакӣ як ҳодисаи тасодуфӣ набуда, балки ифодакунандаи таланти миллии ин халқ аст. Дар ҳамон давру замон расида баромадани Хусравонӣ, Шаҳиди Балхӣ, Муродии Бухороӣ, Дақиқӣ ва дигар шоирони бузург ва баъд аз замони Рӯдакӣ ва бевосита ба замони ӯ расидани Фирдавсӣ, Фаррухӣ, Унсурӣ барин шоирон ин қавли моро исбот мекунанд... Тоҷикон хидмати худро дар илму адабиёт дар асрҳои поинтар ҳам – дар асрҳое ҳам, ки ба сабаби шабу рӯз бо ҳам ҷангидани амирону хонон ва ба сабаби зулмубедоди аз ҳад зиёди онҳо мамлакат хеле хароб шуда буд, низ давом додаанд”[14].
Устод С.Айнӣ ин баҳои худро дар нисбати точикону давлатдории Сомониён идома дода, ба тариқи зайл тақвият бахшидааст: “Тоҷикон натанҳо дар илму адабиёт хидмат кардаанд, балки онҳа ба сифати арбоби давлату сиёсат ҳам дар олам Шарқ, хусусан дар Осиёи Миёна ва Эрон, ролҳои калон бозӣ кардаанд.
Мо дар хусуси Сомониён аз ҷиҳати шӯҳраташон чизе нагуфтаем, фақат ҳаминро хотиррасон мекунем, ки тамоми халқи тоҷику форс дар хусуси ин ки баъд аз истилои араб мисли як миллат бо забон, адабиёт ва маданияти худ дар ҷаҳон боқӣ мондаанд, аз Сомониён миннатдоранд (ба китобе, ки тадқиқотчии бузурги муосири мо – Саид Нафисӣ ба Рӯдакӣ бахшида навиштааст, муроҷиат карда шавад). Аз тоҷикон вазирон ва арбоби сиёсат бисёр баромадаанд ва бештарини онҳо барои мустаҳкам намудани давлат ва обод кардани мамлакат хидматҳои намоён кардаанд”[15].
Чи тавре аз мазмуни осори ба таъриху фарҳанги форсу тоҷик бахшидаи устод С.Айнӣ бармеояд, ӯ ин решапайвандиро амиқ эҳсос менамояд ва дар байнии он садде гузоштанӣ нест. Вале бархилофи муаррихони арабу форси (тоҷики) асримиёнагӣ ва муҳаққиқони замони нав, ки бо сабабҳои дар боло ишораёфта, мавқеву мақоми тоҷиконро дар ин раванди дар назар тавъами таърихӣ ҷудо накарда буданд, устод С.Айнӣ тавассути эҳсоси воқеан илмии худ, тавонист мақоми муайянкунандаи тоҷиконро дар фазои доманфарохи фарҳангии Осиёи Марказӣ ва Эрон кушода тавонад. Хосатан давлати Сомониёнро чун даҳои давлатофарии тоҷикон нишон додани ӯро бояд чун падидаи ниҳоят воқеъбинонаи илмӣ, дар таърихнигории миллӣ, бояд шинохт. Дар маҷмӯъ устод С.Айнӣ барои омӯзиши воқеан илмии таърихи халқи тоҷик пойдевори ниҳоят қавӣ гузошт. Маҳз он заминаи мӯътамаде гардид, барои дар оянда руи кор омадани таърихи мукаммали тамаддунофару ифтихоровари халқи тоҷик.
[1] Айнӣ С. Публитсистика, мақола, ҳикоя ва фелетонҳо // Куллиёт. – Ҷ.9. – Душанбе: Ирфон, 1969. – С. 217.
[2] Айнӣ С. Намунаи адабиёти тоҷик. – Душанбе: Чопхонаи “Mega Basim”, 2010. – С. 9.
[3] Мунтаҷабуддин Бадеъ Атобак ал-Ҷувайнӣ. Атабату-л-катаба. Ба тасҳеҳ ва эҳтимоми аллома Муҳаммади Қазвинӣ ва Аббоси Иқбол. – Теҳрон: Шикати саҳҳоми чоп, 1329 ш. – С. 4.
[4] Брагинский И.С. Двадцать пять встреч с Садриддином Айнӣ // Ҷашнномаи Айнӣ. Ҷузъи IV. – Душанбе, “Дониш”, 1971. – С.301-302
[5] Брагинский И.С. Двадцать пять встреч с Садриддином Айнӣ. – С.302-303.
[6] Самъонӣ. Китоб-ул-ансоб // Сомониён дар оинаи таърих. Ҷилди дувум (Мутуни арабиасос). – Хуҷанд: Нашриёти давлати ба номи Раҳим Ҷалил, 1998. – С. 276.
[7] Самъонӣ. Китоб-ул-ансоб. – С.276.
[8] Айнӣ С. Намунаи адабиёти тоҷик. – С. 17.
[9] Ниг.: Айнӣ С. Намунаи адабиёти тоҷик. – С. 17-21.
[10] Ниг.: Айнӣ С. Устод Рӯдакӣ // Шарқи сурх. – 1940. – № 2-4.
[11] Айнӣ К.С. Дебоча ба кит.: Айнӣ С. Шайхураис Абӯалӣ Сино. – Душанбе: “Матбуот”, 2005. – С.IV.
[12] Ниг. Айнӣ С. Куллиёт. – Ч.II (китоби якум), - Душанбе, 1963. – С.51-88. 487)
[13] Пурратар ниг.: Айнӣ С. Шайхурраис Абӯалӣ Сино. – Душанбе: “Матбуот”, 2005. – С.3-9
[14]Айнӣ С. Маънии калимаи “Тоҷик” ва дар луғатҳо кор фармуда шудани он дар таълифоти муаллифони Шарқ ва баромадгоҳи ин калима //С. Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик. – Душанбе, 2010. – С. 372-373.
[15] Ҳамон ҷо. – С.374.