ОҒОЗИ КОРҲОИ ЭКСПЕДИТСИЯИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР ЁДГОРИИ ШАҲРИ ҚАДИМАИ КАРОНИ НОҲИЯИ ДАРВОЗ
Мутобиқи фармоиши директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши (ИТБМ) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ва дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 20 июни соли ҷорӣ корҳои бостоншиносӣ бо сардории сарходими илмии шуъбаи бостоншиносии Институт, академики АМИТ Ю. Яқубов дар ёдгории Карони ноњияи Дарвоз оғоз гардид.
Корҳои ҳафриётӣ дар шаҳри Карон асосан дар Дижи шоҳ, ки то соли ҷорӣ зиёда аз 50 ҳуҷраи он аз хоку санг поккорӣ карда шуда буд, айни ҳол дар ҳуҷраҳои № 31, 34, 35 баргузор мегарданд.
Шаҳри қадимаи Карон (қалъаи Куҳна) 15 майи соли 2012 аз тарафи бостоншиноси маъруф, академики АМИТ Юсуфшоҳ Яқубов кашф гардидааст. Ин ёдгорӣ 1 км дуртар аз қисмати шарқии ҷ.д. Рузвай дар баландии 1700 м аз сатҳи баҳр ва 350 м аз сатҳи дарёи Панҷ мавқеъ гирифтасст. Қисмати ҷануб, ғарб ва шарқии онро дарёи Панҷ иҳота карда, қисмати шимолиаш бошад бо деворҳои ҳимоявӣ иҳота шудааст. Ёдгории мазкур аз 4 қисми асосӣ: Маъбади оташ, Дижи шоҳ, майдони чавгонбозӣ ва хонаи ситорашиносӣ иборат мебошад. Аз руи бозёфтҳои бостоншиносӣ муайян кардан мумкин аст, ки ҳудуди хронологии Карон фосилаи зиёдро дарбар мегирад: аз асрҳои 3-4 то 15-16.
Ба нақша гирифта шудааст, ки дар давоми экспедитсия инчунин дар дигар ҷамоатҳои ноҳияи Дарвоз таҳқиқоти бостоншиносӣ гузаронида мешавад. Дар ҳайати экспедитсия таҳти сарварии академик Яқубов Ю. кормандони зерини шуъбаи бостошиносии Институт дохиланд: ходими илмӣ Шоинбеков Ф., ходими хурди илмӣ Ашурмадов И., лаборанти калон Саидшоҳи С., унвонҷуй Амонуллоҳи С. ва ронанда Бурҳонов Ғ.