ВОХӮРӢ БО ҲАМКОРОНИ ЧИНӢ
 
20 сентябри соли 2024 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрӣ бо мутахассисони соҳаҳои бостоншиносӣ (археология) ва геология аз Ҷумҳурии Халқии Чин (Донишгоҳи Ланчжоу) баргузор гардид.
Дар суҳбат аз ҷониби Институт и.в. директор д.и.т. Иброҳимов М. Ф., мудири шуъбаи мардумшиносӣ ва антропологияи таърихӣ д.и.т. Додхудоева Л. Н., мудири шуъбаи бостоншиносӣ н.и.к. Хуҷагелдиев Т., ходимони илмӣ Наврузшоев М. ва Қараев А. иштирок намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ вазъи ҳамкории ду кишвар асосан дар самти таҳқиқотҳои бостоншиносӣ баррасӣ карда шуд, атрофи имконоти тақвият додани ҳамкориҳо, алалхусус тавассути баргузории таҳқиқотҳои муштарак, ташкил намудани таҷрибаомӯзии мутахассисони ҷавон табодули афкор сурат гирифт.  
Суҳбат зиёда аз як соат идома намуда аз ҳарду ҷониб муфид арзёбӣ карда шуд.     
photo_2_2024-09-20_15-22-21.jpg  photo_4_2024-09-20_15-22-21.jpg photo_5_2024-09-20_15-22-21.jpg