А. Гафуров,
Номзади илмҳои таърих, дотсент
Аз Таърихи шаҳри Душанбе
Ҷашни 100-солагии пойтахти ватанамон - шаҳри Душанбе ба ҷашнҳои 100 солагии таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, 95 солагии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва 30-солагии қабули Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Барҳақ имсол соли ҷашнҳои бузурги миллиамон аст ва ман ҳамагонро бо ин ҷашнҳои муқаддаси миллӣ табрик менамоям.
Пойтахт-яке аз рамзҳои асосии ҳар як давлат аст ва ин рукни асосии давлату давлатдорӣ мебошад. Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тоҷикон 100 сола шуд. Тӯли ин 100 сол Душанбе аз як деҳаи хурди маъмулӣ ба шаҳри азиму зебо ва замонавӣ табдил ёфт.
Тадқиқоти бостоншиносӣ собит сохтаанд, ки ҳанӯз аз замони неолит ҳудуди водии Ҳисор бошишгоҳи одамони ибтидоӣ буда, дар давраҳои минбаъда низ дар ин ҷо одамон мезистаанд. То давраи дар сарчашмаіои хаттӣ дарӣ ёфтани шаҳри Душанбе дар он одамон зиндагӣ карда, дар ҳудуди имрӯзаи шаҳр маҳаллаҳои зиёди шаҳрмонанд вуҷуд доштанд. Қабатҳои фарҳангии бостоншиносон пайдонамуда ва маводи нумизматикӣ гувоҳи онанд, ки дар замони салтанати давлати Юнону Бохтар, Кушониёну Сомониён Душанбе маскангоҳи аҷдодони мо будааст.
Номи Душанбе бори аввал дар мактуби хони Балх Субҳонқули Баҳодур ба шоіи рус Федор Алексеевич ёд мешавад. Ин мактуб имкон медиҳад, ки бо назардошти қонунҳои илми таърих, ш. Душанберо дорои таърихи 400-сола гӯем.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳо соли 1747 Душанбе дар ҳайати бекигарии Ҳисор ба аморати Бухоро тобеъ мегардад. Дар давраҳои минбаъда бекигарии Ҳисор аксар вақт сиёсати мустақилонаи худро пеш бурда, ба марказ кам итоат мекард. Ҷангҳои феодалии ин давра барои марказонидани минтақаҳои саркаш боиси харобии шаҳру деҳот мегардид. Аз ин ҷост, ки дар асри XIX Душанбе якчанд маротиба мавриди тохтутоз қарор мегирад. Аз ҷумла дар солҳои 40-ӯми қарни XIX шаҳр ду маротиба: аввал аз ҷониби беки Дарвоз –Исмоилхон, сипас аз ҷониби ҳокими Балҷувону Кулоб – Мизробшо вайрон карда мешавад.
Шаҳри имрӯзаи Душанбе дар охири асри XIX аз деҳаҳои Душанбе, Шоҳмансур, Сари Осиё, Ғофилобод, Мири Шикор, Хуҷамбиёи боло ва Хуҷамбиёи поён, Қаримашикор, Чармгарон ва Заргар иборат буд. Деҳаи калонтарин – Душанбе бештар аз 500 ҳавлӣ дошта, дар он 6-8 ҳазор одам мезист. Ин деҳа аз ҷониби шимол то меҳмонхонаи ҳозираи «Авасто», аз ҷануб то кӯчаи Шотемур, аз шарқ то чойхонаи «Роҳат», аз ғарб то нишеби соҳили дарёи Душанберо ишғол мекард. Дар деҳа қалъаи начандон калоне воқеъ буд, ки дар он гарнизони ҳарбӣ ҷойгир буд. Дар атрофи қалъа хонаҳои похсагин бо бомҳои бо қамиш пӯшидашуда ҷой гирифта буданд. Душанберо бо дигар минтақаҳо кӯпрукҳои чӯбин мепайвастанд.
Пас аз заминларзаи 8- сентябри соли 1907 дар Қаротоғ, ки бар асари он ҳазорон нафар ҳалок гардиданд, беки Ҳисор Шоҳимардонқул барои таъмини бехатарии худ бо оилааш ба Душанбе мекӯчад ва онро истироҳатгоҳи тобистонаи хеш қарор медиҳад. Аз ҳамин вақт сар карда, Душанбе ба маркази тобистонаи бекҳои Ҳисор мубадал мегардад. Ба маркази маъмурии водии Ҳисор табдил ёфтани шаҳр ба якбора зиёд шудани аҳолии он мусоидат менамояд. То соли 1920 аҳолии шаҳр то 14-16 ҳазор нафар меафзояд.
Аҳолии Душанбе асосан аз деҳқонон, савдогарон, ҳунармандон ва сӯдхурон иборат буд. Қисми камтарро ғуломон, хизматгорон ва аробакашҳо ташкил медоданд. Дар ибтидои асри XX дар шаҳр ба гайр аз тоҷикон, ки аксари кулли аҳолиро ташкил медоданд, узбекҳо, афғонҳо, ҳиндувон, чиниҳо, яҳудиёни бухорӣ, эрониён ва ғайра зиндагӣ мекарданд.
Тамоми ҳукумати маъмуриро беки Ҳисор бо дастгоҳи мансабдоронаш, ки ба он амлокдорон, ясавулбошӣ, девонбегӣ ва ғайра шомил буданд, иҷро мекард. Амлокдорони Душанбе ба беки Ҳисор тобеъ буданд, охирин амлокдори Душанбе Элҷон буда, ӯ дар як вақт ҷонишини беки Ҳисор низ буд.
Душанбе бо боғоти мевагии бошукуҳу чинорҳои куҳансолаш, ки зери онҳо чойхонаҳо ва кӯкнорхонаҳо ҷой гирифта буданд ва бозиҳои саргармкунанда –бедонабозию кабкбозӣ меоростанд, диққатро ҷалб мекарданд. Сокинони он бо ҳунармандӣ низ шӯҳрат доштанд.
Дар асри X1X ва ибтидои асри XX мансабдорони бешумори ҳарбӣ ва олимони хориҷӣ –Ҷ Вуд, С. Гедин, Лилиентал, Б. Литвинов, А. Федченко, М. Маев, Н. Минаев, В.И. Липский ва дигарон ба Душанбе омаданд. Маҳз навиштаҳои онҳо ба мо имкон медиҳанд, ки ҳаёти он давраи Душанберо то дараҷае омӯзем.
Шаҳр бо оби канали сунъии Ҳазора таъмин карда мешуд. Канали дигар-канали Шоҳмансур буд, ки аз дарёи Кофарниҳон меомад, қад-қади кӯчаи имрӯзаи Айнӣ мегӯзашт.
Дар Душанбе рӯзҳои асосии ҳафта якшанбе ва чоршанбе ба ҳисоб мерафтанд. Ба шаҳр аз тамоми Бухорои Шарқӣ ва мамолики хориҷӣ савдогарону харидорон, ки барояшон зиёда аз 300 дӯкон хизмат мекарданд, ҷамъ меомаданд. Дар майдони бозор 12 чойхона сохта шуда буд, ки дар сояи чанорҳои бисёрасра чой гирифта, ба мардум хизмат мекарданд. Соли 1911 бо фармони Генерал –губернатори Туркистон ба Бухорои Шарҳӣ отряди духтурон ва муҳандисони рус бо мақсади омӯзиши вазъи эпидемиологӣ дар маҳал ва сохтмони беморхона фиристода мешаванд. Ин беморхона дар ш. Душанбе сохта мешавад, ки аввалин бинои шакли аврупоӣ дар шаҳр ва тамоми Бухорои Шарқӣ буд. Бино соли 1915 қомат рост карда, аз сабаби ҷанги якуми ҷахон то охир сохтмони он анҷом наёфт. Ин бино бо номи «хонаи рӯсӣ» машҳур буд.
Куллан таъғир ёфтани вазъияти ҷамъиятиву сиёсии аморати Бухоро ва пошхурии он, таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва пойдоршавии сохти шӯравӣ ба он мусоидат намуданд, ки дар ибтидои солҳои 20-и асри сипаришуда шаҳри Душанбе оҳиста-оҳиста ба маркази маъмурии Бухорои Шарқӣ ва сипас Тоҷикистони тозабунёд табдил меёбад. Муҳимтарин воқеоти сиёсии минтақа минбаъд дар ҳамин собиқ деҳаи кӯчак сурат мегиранд.
Баробари таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро, ки собиқ бекигариҳои аморатро ба вилоятҳо табдил дод (бо баъзе таъғироти марзиву номҳо) вилояти Душанбе низ таъсис дода шуд ва аз 20 октябр то 31 декабри соли 1920 ш. Душанбе маркази маъмурии вилояти Душанбе маҳсуб меёфт, ҳарчанд, ки аз миёнаҳои моҳи сентябри соли 1920 то 21 феврали соли 1921 дар шаҳр амири фирорӣ маскан гирифта, онро ба маркази мубориза алаҳи сохти нави шӯравӣ табдил дода буд. Дар ин ҷо амир сафи артиши хешро пурра намуда, ба муҳориба омодагӣ мегирифт. Вале ӯ дар шаҳр зиёд истода натавонист, зеро қушунҳои якҷояи Артиши Сурх ва Ҷумҳурии Халқии Шуравии Бухоро ӯро дунболагир намуда, ба озодкунии Бухорои Шарқӣ (ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистони ҷанубиву марказӣ) аз амир ва тарафдорони ӯ оғоз намуданд. Ин дастаи муттаҳида ки дар таърих бо номи Отряди экспедитсионии ҳарбӣ-сиёсии Ҳисор ном гирифтааст, дар як муддати кутоҳ тамоми Бухорои Шарқиро таҳти назорати хеш қарор дода, амирро маҷбур сохт, ки ба Афғонистон фирор намояд.
Пас аз ишғоли Душанбе ва дигар навоҳии Бухорои Шарқӣ моҳҳои феврал-марти соли 1921 намояндагони масъули ҳукумати навтаъсиси Ҷумҳурии Бухоро ба шаҳр меоянд ва ба созмон додани органҳои нави ҳокимият машғул мешаванд. Онҳо дар ин ҷо сараввал кумитаи инқилобии тумани Душанберо таъсис доданд, ки ба вилояти Ҳисор шомил буд. Ғайр аз намояндагони масъули ҳукумати Бухоро қароргоҳи отряди ҳарбӣ-сиёсии Ҳисор низ дар Душанбе мемонад ва аз ин вақт ба баъд Душанбе ба маркази сиёсиву маъмурии Бухорои Шарқӣ табдил меёбад.
Пас аз маркази вилояти Душанбе интихоб намудани шаҳр дар моҳи марти соли 1921 дар ин ҷо Назирати вилоятии маориф ба кор оғоз мекунад. Дар муддати кутоҳ ин ташкилот тавонист корҳои зиёдеро анҷом диҳад. Аз ҷумла моҳи апрели ҳамон сол дар пойтахт курси семоҳаи таълимӣ ба кор шурӯъ намуда, дар он қариб 40 нафар таълим мегирифтанд. Аз сабаби нарасидани муаллимон вазифаи онҳоро мудири шӯъбаи маорифи вилоят, сардори милисия, котиби кумитаи инқилобӣ ва амсоли онҳо иҷро мекарданд. Бо кушиши шӯъбаи вилоятии маориф дар Душанбе анҷумани аввалин кормандони маорифи вилоят барпо мегардад, ки масъалаи ҷорӣ намудани корҳои таълимиро дар ҳудуди вилоят баррасӣ менамояд.
Дар масоили фарҳангӣ низ чорабиниҳо амалӣ мешаванд. Курсҳои маҳви бесаводӣ ба кор оғоз намуда, барои бо васоити таълим таъмин намудани толибилмон маблағ ҷудо карда мешавад. Соли 1923 ба Душанбе аз Қаршӣ се ҳазор нусха китоб меоранд, ки дар асоси он аввалин китобхона бунёд меёбад. Худи ҳамон сол типографияи хурд ба кор медарояд. Моҳи декабри соли 1923 аввалин маротиба дар Душанбе рӯзномаи ҳарбиён «По басмачу» чоп мешавад.
Аввали соли 1922 – ибтидои 1923 дар шаҳр аввалин амбулатория ва соли 1923 стансияи пешгирии касалиҳои сирояткунанда (противомалярийная ст.) ба кор шурӯъ мекунанд.
Аз нимаи дуюми соли 1924 вазъият дар Бухорои Шарқӣ то андоза муътадил мегардад ва имконияти пиёда намудани чорабиниҳои сиёсӣ пайдо мешавад. Аз ин хотир, бо қарори Кумитаи Марказии Умумибухороӣ аз 7 июни соли 1924 Комиссияи Фавқуллодаи Диктаторӣ фаъолияти хешро хотима медиҳад ва ба ҷои он Кумитаи Марказии Иҷроияи муваққатии шӯрои вакилони халқи Бухорои Шарқӣ бо марказ дар Душанбе созмон меёбад. Ин органи демократии ҳокимият дар давоми моҳҳои июл-августи соли 1924 дар Бухорои Шарқӣ маъракаи интихоботи вакилонро барпо мекунад ва моҳи сентябри соли 1924 дар натиҷаи ин интихобот анҷумани якуми Шӯрои вакилони халқи Бухорои Шарқӣ барпо мешавад. Ин анҷумани таърихӣ масоили ба пуррагӣ маҳв сохтани босмачигарӣ, барқарор намудани хоҷагии халқ, тақсимоти миллӣ-марзии халқҳои Осиёи Миёнаро баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул менамояд. Анҷуман инчунин ҳайати роҳбарикунандаи КИМ-и Бухорои Шарқӣ ва вакилонро ба анҷумани V-и умумибухороии Шӯроҳо интихоб мекунад. Бояд зикр намуд, ки дар Душанбе баргузор шудани ин анҷуман ва ширкати аҳолии камбизоат ба сифати вакил аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, боварии мардумро ба ҳукумати нав афзуд, дар шуури мардуми асрҳо беҳуқуқу бепуштибон инқилоберо ба вуҷуд овард.
Боиси таваҷҷӯҳ аст, ки дар рӯзи дуюми кори анҷумани якуми Шӯроҳои Бухорои Шарқӣ ба ифтихори чорумин солгарди инқилоби Бухоро, дар ш. Душанбе аввалин электростансияи дизелӣ ба кор шурӯъ намуд, ки қобилияти таъмини 200 нуқтаи равшанидиҳандаро бо барқ бархурдор буд. Ин иқдом барои тамоми шаҳри онвақтаро бо равшанӣ таъмин намудан басанда буд.
Ҳамин тариқ, пас аз баргузор шудани анҷумани 1-и Шӯроҳои вакилони халқи Бухорои Шарқӣ ва маркази он таин шудани ш. Душанбе, пойтахти минбаъда статуси худро ҳамчун маркази минтақа мастаҳкам месозад ва муҳимтарин масоили ҳаёти ҷамъиятии Бухорои Шарқи дар Душанбе баррасӣ мешаванд.
14 октябри соли 1924 сессияи навбатии КИМ_и Умумироссиягӣ дар хусуси тақсимоти марзи миллии Осиёи Миёна қарор қабул менамояд, ки тибқи он Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон созмон меёбад ва Раиси Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум интихоб мешавад, ки то ин дам дар шаҳри Душанбе дар ҳайати Комиссияи Фавқулоддаи Диктаторӣ ва Кумитаи муваққатии Марказии Иҷроияи Бухорои Шарқӣ фаъолият намуда, дар ин ҷо таҷрибаи кории лозима дошт ва минтақаро хуб медонист. Аз сабаби он, ки ҳайати ҳукумати ҷумҳурӣ дар ш. Тошканд қарор доштанд, онҳо то омадан ба Душанбе дар Тошканд якчанд ҷаласа мегузаронанд, ки аксар ба масоили ташкилӣ ва ба Душанбе интиқол додани пойтахт бахшида шуда буданд.
Аввалин ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон – Кумитаи инқилобӣ 7 декабри соли 1924 дар ш. Тошканд бо иштироки Б. Додобоев, Ҳомидов, Ч.Имомов, Ҳоҷӣ Раҳматулло Бобоҷонов, С.Соколов, Ш.Шотемур, А.Қурбӣ, И.Федко ва ба таври даъват- Дяков Ҷ.Зокирӣ ва М.Исмоилов, баргузор мешавад.
Масъалаи асосии ҷаласаи аввалин ба маркази ҷумҳурӣ – ш. Душанбе кучонидани ҳукумат буд, ки дар ин бора аъзои ҳукумат С.Соколов маърӯза намуд. Тибқи қарори қабулшуда рӯзи ба Душанбе омадан 29 декабр муайян шуда, аъзои Кумитаи инқилобӣ Шириншо Шотемур вазифадор карда мешавад, ки пешакӣ ба Душанбе рафта барои ҳукумат ва муассисаҳои ҳукуматӣ биноҳои мувофиқ интихоб намояд ва барои иҷрои ин чораҳо 10 ҳазор рубл ӣудо карда мешавад.
Ҳайати якуми ҳукумат 16 январи соли 1925 ба воситаи ҳавопаймо ба Душанбе омад. Боқимонда аъзоёни ҳукумат ба воситаи нақлиёти бобоӣ – аспу ароба ва таҳти муҳофизати ҳарбиёни полки 13-и тирандозии куҳӣ пас аз ду ҳафта ба Душанбе меояд ва танҳо 5 феврали соли 1925 ҳайати ҳукумат дар Душанбе пурра ҷамъ мешавад.
Ҳамин тариқ, воқеоти ибтидои солҳои бистум, ки дар собиқ аморати Бухоро ба вуқуъ пайвастанд, вазъи ҷамъиятиву сиёсии минтақаро ба куллӣ тағир доданд, ба он мусоидат намуданд, ки собиқ даҳае, ки дар ҳаёти сиёсии минтақа саҳме надошт, ба яке аз марказҳои маъмуриву сиёсии Осиёи Миёна мубаддал гардад ва минбаъд ҳамчун пойтахти ҶШС Тоҷикистону имрӯз ба сифати пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол шинохта шавад.
2 ноябри соли 1926 дар ҷаласаи Раёсати Кумитаи инқилоби ҶШМС Тоҷикистон (суратҷаласаи №23) нақшаи аз ҷониби меъморон тартибдодаи шаҳри Душанбе аз назар гузаронида шуда ва доир ба номи аввалин кӯчаҳои шаҳр ва он ҷойҳое, ки онҳо мегузаранд, қарор карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки «Ноҳияҳои зерини кӯчаҳои Душанбе-Пенин, Коммунистӣ, Интернатсионал, Советӣ, Карл Маркс, Деҳқон, Қӯрғонтеппа… ҳамагӣ ҷамъ 18 номгӯй тасдиқ карда шавад».
27 апрели соли 1927 Шӯрои комиссарони халқи ҶШМС Тоҷикистон «Дар бораи сохтмони шаҳри Душанбе» қарор қабул намуд, ки барои шаҳрсозии мураттаб аз рӯи барнома замина муҳайё намуд. Соли 1927 аз рӯи лоиҳаи меъмор П.И. Ваулин дар Душанбе аввалин қасри бошукӯҳ барои гузаронидани анҷуман, конференсия ва ҷаласаҳои гуногун – Қасри деҳқон сохта шуд. Ҳоло дар ин бино Театри драммавии русӣ ба номи В. Маяковский ҷойгир аст. Соли 1928 ҷанубтар аз кинотеатри ҳозираи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ бинои Комиҷроияи Марказии ҶШМС Тоҷикистон сохта шуд.
Ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон дар роҳи минбаъдаи давлатдории халқи тоҷик давраи муҳим ба шумор мерафт. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав пайдо гашт, ки пойтахти он шаҳри Душанбе гардид. 19 октябри соли 1929 Анҷумани фавқулодаи Шӯроҳои ҶШСК Тоҷикистон дар хусуси табдил додани номи Душанбе ба Сталинобод қарор қабул намуд. 1 декабр Раёсати КИМ ИҶШС ба қарори Анҷумани фавқулодаи Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон дар хусуси табдил додани Душанбе ба Сталинобод ризоият дод.
10 сентябри соли 1929 ба Душанбе қатораи нахустин омад. Алоқаи роҳи оҳан бо Москав кушода гардид. Маҳз аз ҳамин давра болоравии қатъии иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон оғоз меёбад. Ба василаи қаторахои аввалин барои сохтмони заводҳо оиди тайёр намудани хишти пухта ва оҳану бетон таҷҳизоти зарурӣ оварда шуд.
Соли 1930 Ҳукумати Тоҷикистон аввалин лоиҳаи банақщагирии шаҳри Душанберо тасдиқ намуд. Моҳи феврали соли 1930 дар ҷаласаи Шӯрои шаҳри Душанбе оиди сохтмони фурудгоҳ дар қафои бино вокзали роҳи оҳан ва харидорӣ намудани таҷҳизод ба маблағи ҳазор сӯм қарор қабул карда шуд. Аз соли 1931 дар Душанбе ба тарзи доимии ду ҳавопаймои Ф –13 ҷойгир гашта, дар назди Шӯрои шаҳр аэроузел ташкил карда шуд. Миёнаҳои солҳои 30-уми фурудгоҳ бо ҳавопаймоҳои тамғаи АНТ –9, ПС-5, П-5, Стал –2 пурра карда шуд.
Дар нимаи якуми солҳои 30-ум аз рӯи лоиҳаи меъмор П.И. Ваулин дар Душанбе нахустин биноҳои дуошёна-Кумитаи Шӯрои халқ (рӯ ба рӯи бинои Ҳукумати шаҳр) ва Комиссариати халқии кишоварзӣ (ҳозира бинои Вазорати адлия) сохта шуд. Соли 1934 дар хиёбони ба номи академикон С. ва З. Раҷабовҳо (собиқ кӯчаи ба номи Кӯбышев) аввалин мактаби тоҷикии дуошёна сохта шуд, ки ҳоло дар ин бино Осорхонаи бостоншиносони Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Моҳи июни соли 1935 дар кӯчаи Лоҳутӣ (хиёбони Рӯдакӣ) ба сохтмони бинои Кумитаи марказии ҳизби Коммунистии (КМ ҲҚ) Тоҷикистон ба гармидиҳии буғӣ оғоз намуданд (ҳозира бинои Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар ҳамин сол бинои Бонки Давлатӣ–Бонки Миллии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Дар соли 30-ум индустриякунонии ба тадриҷи шаҳр оғоз ёфт, ки дар он 20 корхонаи саноатӣ –заводҳои хишт, чарм, чӯбкоркунанда, таъмири мошинҳо, пивокашӣ, гаҷбарорӣ, шоҳибофӣ, ду фабрикаи дузандагӣ, комбинати гӯшт, ГЭС – и Варзоб ва ғайра пайдо гардид. Агар дар соли 1929 ҳаҷми маҳсулоти умумии дар соли 1939 он 45,2 млн. сӯмро ташкил медод.
3 марти соли 1938 Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи генералии шаҳри Душанберо, ки меъморони Ленингради М. Баранов, Н.Баранов, муҳандисон Г. Сидко ва Г.Шлеховский таҳия намуда буданд, тасдиқ намуд. Нақша барои 170 ҳазор истиқоматкунандагон муқаррар шуда буд ва сохтмони шаҳр танҳо дар соҳили чапи дарёи Душанбе пешбинӣ шуда буд. Вале аллакай дар соли 1939 сохтмончиёни пойтахт ба соҳили рости дарёи Душанбе қадам ниҳоданд. Ҷавонони шаҳр ба сохтмони кӯли Комсомол ва боғи он шурӯъ намуданд, корҳо оиди бунёд намудани иншоотҳои варзишӣ, ки ба оғози сохтмони комплексӣ бузурги варзиши асосгузоштанд, саршуданд.
23 январи соли 1939 бо фармони Раёсати Шӯрои вазирони ҶШСТ дар Душанбе се ноҳияи маъмурӣ –Душанбе (соли 1961 ноҳияи Октябр, соли 1999 –ноҳияи Исмоили Сомонӣ) Маркази ва Роҳи Оҳан таъсис дода шуд.
Дар соли 1939 шумораи аҳолии Душанбе ба 82,5 ҳазор нафар расида буд.
Душанбе дар ду даҳсолаи аввал, ҳамчун пойтахт роҳи пуршарафи меҳнатиро тай намуд. Вале дар пеши чашм мувофиқи он замон аз қишлоқи оддии ба шаҳри замонавӣ мубаддал гардид. Душанбе дар индустриякунонии Тоҷикистон саҳми зиёд гузошт. Маҳсулоти он ба сохтмонҳои муҳимтарин ва корхонаҳои дурдасттарини ҷумҳурӣ расонда мешуданд. Синфи коргарӣ пойтахт дар баланд бардоштани хоҷагии кишоварзӣ ва гузаронидани системаҳои муҳими ирригатсионӣ кӯмаки зиёд расонд. Душанбу маркази фарҳангии мамлакат гардид. Дар ин ҷо бешатри мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ мутамарказонида шуданд, беҳтарин кадрҳои илмӣ меҳнат мекарданд, аҳли санъату адаб эҷодкорона кор мекарданд.
Субҳи 22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ бе имони ҷанг ногаҳон ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум намуд. Ҳукумати Шӯравӣ дар изҳороти хурд ба воситаи радио дар ҳудуди ҳамин рӯз халқ ва армияро барои муборизаи беамон ба зидди истилоҳгарон даъват намуд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт.
Фиристодаҳои Душанбе дар набардҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардонаги ва диловарӣ зоҳир мекунанд. Ягон задухурди калоне набуд, ки дар он ҷанговарони душанбегӣ иштирок надошта бошанд. Даҳҳо ҳазорҳои онҳо бо ордену медалҳо ИҶШС мукофотонида шуданд, ба ҳаждаҳ нафар душанбегиён унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд. Фиристодагони Душанбе бо мардонагию диловарӣ дар ғалабаи умум бар душман саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ хоҷагии халқи Душанбе ба тарзи ҳарбӣ гузаронида шуд. Сохтмонҳои саноатӣ якбора паст рафт, зеро маблағгузории асосӣ дар навбати аввал барои тадбирҳои мудофиавӣ масраф мегаштанд. Бо вуҷуди ин дар ҳамин давра Навбати аввали комбинати бофандагӣ, заводи семент, фабрикаи трикотажӣ, якчанд корхонаҳои соҳаи озуқаворӣ, Канали Калони Ҳисор ба истифода дода шуданд.
Ҳарсола симои шаҳри Душанбе низ зеботар мегашт. Аз соли 1946 васеъ намудану асфалтпӯш кардани кӯчаҳо оғоз гардид. Дар нимаи дуюми солҳои 40-ум сохтмони муҷтамаи зебое, ки сохтмонаш аз соли 1939 оғоз ёфта буд, ба охир расид. Нақшаи асосиро дар он театри Академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, майдони ба номи 800-солагии Маскав, меҳмонхонаи «Вахш» ва бинои истиқоматии сеошёна бо мағозааш мебозиданд. Дар айни замон майдони ба номи 800-солагии Маскав яке аз ҷойҳои зеботарини пойтахт ба ҳисоб меравад.
Дар соли 1946 сохтмони Қасри Ҳукумат, ки ҳоло дар он Маҷлиси Намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтанд, ҳамчунин майдони Дӯстӣ ба охир расонда шуд.
Соли 1964 аз ҷониби меъморони Тоҷикистон «Муқарароти асосии инкишофи шаҳри Душанбе барои солҳои 1965-1980» (муаллифон В. Пекарский, И. Ткачев, С. Самонина, Т. Терещенко, В. Бирюков) пешниҳод карда шуд, ки дар ин маврид он барои 460 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ шуда буд. Ин муқарарот дар шакли лоиҳаи сохтмони Душанбе, ки 25 апрели соли 1966 тасдиқ ёфт, барои сохтмони муттасили шаҳракҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои Московский, хиёбони Саъдии Шерозӣ, маҳалаҳои истиқоматии 1 ва 2-юми Советӣ, микрорайони 82 такони сахт буд. Дар ибтидои солҳои 60-ум фурудгоҳ, вокзали роҳи оҳан, меҳмонхонаи «Душанбе», дар Осиёи Миёна калонтарин беморхонаи клиникии № 3 сохта шуданд.
Дар солҳои 70-80 кӯча ва хиёбонҳои пойтахтро биноҳои нави бошукӯҳ – Пажӯҳишгоҳҳои бешумори Академияи имлҳо, Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амният, муҷтамаи ёдгории Садриддин Айнӣ, меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ва «Авесто», муассисаҳои фарҳангӣ – Қасри фарҳангии иттифоқҳои касаба, комплекси киною консерти «Борбад», Сирк, Театри бачагонаи лӯхтак, Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов, мактабҳои олии таълимӣ – Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи М. Турсунзода, Донишкадаи тарбияи бадан ва варзиш, Донишкадаи забонҳо зеб доданд. Навбатҳои аввали комплексҳои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ- Дӯстии халқҳ, Ғалаба ба муҷтамаи ёдгориаш, даҳҳо биноҳои ҷамъиятӣ, таълимгоҳҳои таъсилоти ҳамагонӣ, муассисаҳои тиббӣ, даҳҳо боғ, кинотеатрҳо ва ғайра ба истифода дода шуданд. Дар роҳҳо гузаргоҳҳои пиёдарави зеризаминӣсохта шуданд.
Соли 1974 ба муносибати 50-солагии ташкилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои комёбиҳои хоҷагию фарҳангӣ, барои саҳми меҳнаткашони тоҷик дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо фармони Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС шаҳри Душанбе бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофонида шуд.
Дар охири солҳои 100-ум бо сабаби вазъи ноустувори ҷамъиятию сиёсӣ ва бар асари он якбора ҳиҷрат намудани мардуми русзабон, аҳолии Душанбе аз 650 ҳазор то 540 ҳазор кам гардид.
Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон яке аз давраҳои вазнинтарин ва тезутунд дар таърихи халқи тоҷик ба шумор меравад, зеро сабабҳои ин зиддияти яроқнокро муайян кардан хеле душвор аст. ҷанг бо оштинопазирӣ ва бераҳмиаш ҳамто надошт. Дар он бо тарзи вазеҳ бартарии сиёсат бар омилҳои ҳарбию стратегӣ, бахусус нақши сабабҳои иҷтимоию рӯҳӣ – боварии сангарнишастагон ба ҳақиқати кори худ, ташаббускорӣ, ҷонфидоии фавқулодда ва ғайраҳо ҷой доштанд. Фоҷеаи ҷанг ҳамчунин аз он иборат буд, ки бераҳми бераҳмиро ба бор меовард ва ба гирдоби ҳаводиси фоҷеавӣ миллионҳо одамони бегуноҳи аз мансабҳои дур кашида шуда буданд.
Ҷанги шаҳрвандӣ моҳи маи соли 1992 ба задухрди тезутунди як халқ дар ду майдони Душанбе – Шаҳидон (собиқ майдони ба номи И. Путовский) ва Озодӣ, ки дар хиёбони Рӯдакӣ дар масофаи 500 метр аз ҳамдигар дурӣ доштанд, оғоз ёфт.
Шаҳри дӯстию меҳмоннавоз, ки дар он халқҳои гуногун дӯстона мезистанд, дар рӯзҳои башумор ба шаҳри ноором, ваҳшат, ғаму андӯҳ ва дарду аламталаб табдил ёфт.
Хушбахтона, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қасри Арбоби ш. Хуҷанд моҳҳои ноябр-декабри соли 1992 баргузор гардид, пеши роҳи парокандагии давлату миллатро боздошт ва пойтахти азизи мо ба давраи нави тараққиёти хеш ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ворид гащт.