Ҳисоботи
Конференсияи ҷумҳуриявии илмии “Таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалитии Тоҷикистон – падидаи нав дар ташаккули низоми давлатдории навини тоҷикон”, ба ифтихори 100 солагии таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ва пойтахт эълон шудани шаҳри Душанбе.
15 октябри соли 2024 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмии “Таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалитии Тоҷикистон – падидаи нав дар ташаккули низоми давлатдории навини тоҷикон”, ба ифтихори 100 солагии таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ва пойтахт эълон шудани шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар кори конференсия кормандони АМИТ, намояндагони макотиби олии кишвар, ҷонишини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва собиқадори ҳизбиву давлатӣ Р. Мусоева ширкат намуданд
Дар қисмати пленарии конференсия сухани ифтитоҳии Президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қ. шунида шуд, ки ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 100 сол бахшида шуда буд. Маърузаи ҷонишини Раиси шаҳри Душанбе Д. Одилзода ба дигаргуниҳои ҳаёти пойтахти кишвар дар давоми 100 соли охир ва бахусус замони истиқлол бахшида шуд.
Сипас олимон  Пирумшоев Ҳ., (Дар сархати  таърихи эҳёи давлатдории миллӣ), Ҳотамов Н.Б. (Ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон),  (Убайдулло Н.К. (Марзбандии милливу ҳудудӣ ва инъикоси он дар таърихнигории миллӣ), (Ғафуров А.М., (Душанбе - нахустпойтахти Тоҷикистон) ва Набизода В.М. (Аҳаммияти таърихии мулоқотҳои Пешвои миллат бо ҷавонони Тоҷикистон”) суханронӣ намуданд.
Дар қисмати дуюми конференсия 22 маъруза шунида шуд, ки ба масъалаҳои тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна, таъсиси ҶМШС Тоҷикистон, ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар замони мухторият, ислоҳоти иқтисодии солҳои 20-30-уми асри ХХ, таъкиботи сиёсии солҳои 30-уми асри ХХ, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар тули 100 сол ва ғайра бахшида шуда буданд.
Дар анҷоми конференсия қатънома қабул шуд. Дар  Қатъномаи конференсия таъкид шуд, ки дар таърихи Тоҷикистон ҳануз масъалаҳое мавҷуданд, ки бояд мавриди таҳқиқи муаррихон қарор гиранд.
 
dsc02735.jpg dsc02740.jpg dsc02755.jpg dsc02748.jpg
 
dsc02752.jpg dsc02743.jpg dsc02738.jpg dsc02781.jpg
 
Мутасадди баргузорнамоии конференсия, номзади илмҳои таърих, дотсент   А. Ғафуров.