УБАЙДУЛЛО Насрулло Каримзода
доктори илмҳои таърих, профессор,
сарходими илмии ИТБМ ба номи А. Дониши АМИТ
ТАЪРИХ - ИН МАКТАБИ БУЗУРГИ ХУДОГОҲИЮ ХУДШИНОСИСТ
Имрӯзҳо дар ҳаёти ҷомеаи кишвар ба пешвози 35-солагии ҷашни фархундаи миллии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди бунёдкорию созандагӣ, сохтмону навсозӣ ва тармиму таъмир бо суръати баланду сифати хуб идома доранд. Расонаҳои хабарӣ ҳар рӯз аз дастовардҳои шаҳру навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ барои истиқболи ин ҷашни миллӣ хабару гузоришҳои ҷолибу фараҳбахш паҳн намуда, доир ба идомаи сохтмони бузурги аср НОБ-и Роғун, бунёди иншоотҳои нави саноатӣ, роҳу нақбҳо, ташаббусу олиҳиматии шаҳрвандони алоҳидаи ҷумҳурӣ, ба истифода додани муассисаҳои гуногуни иҷтимоию фарҳангӣ ва дигар муваффақиятҳо ба хонандагону сокинони кишвар маълумоти муфассал медиҳанд. Новобаста ба вазъи ноороми сайёра, талошу бархӯрдҳои ҷаҳонию минтақавӣ, ҳаводиси нигаронкунандаи табиӣ ва дигар мушкилоту мураккаботи мавҷуда ҷумҳурии тозаистиқлоли мо зери парчами сиёсати созандаву бунёдгарона ва ҳувиятсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ устуворона ба пеш қадам мезанад.
Дар шароити кунунии пурзитаззоди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи муҳимтарини рӯз ҳифз ва боз ҳам устуворсозии дастовардҳои истиқлол, таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа, роҳ надодан ба воридшавии унсурҳои фарҳанги бегона, паҳншавии ақидаву андешаҳои вайронкору тиннатсӯз, махсусан дар байни насли ҷавони кишвар мебошад. Бавижа, имрӯз паҳншавӣ ва решадавонии ҷараёнҳои гуногуни тундрави диниву мазҳабӣ, ифротгароӣ, хурофотпарастӣ, гаравидани ҷавонони ноогаҳу дорои сатҳи пасти ҷаҳонбинӣ ба гурӯҳу ташкилотҳои террористӣ ва дигар падидаҳои номатлуб боиси нигаронии ҷомеаи башар, бахусус сокинони кишвари мо гардидаанд. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат тадбиру чораҳои мушаххасу таъсирбахш андешида, баҳри пойдории истиқлолият ва дастовардҳои он, ягонагии ҷомеаи кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон, бавижа ҷавонон, ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии аҷдодӣ ҳадафмандона фаъолияти густурдаеро роҳандозӣ менамояд. Воқеан, тадбирҳои давлати соҳибистиқлол дар роҳи ҳифзу нигаҳдошти мероси ниҳоят ғании аҷдодӣ, фарҳанги волои миллӣ ва арҷгузорию гиромидошти нухбагони илму адаб ва сиёсату кишвардории халқи тоҷик имрӯз яке аз воситаҳои муҳим ва муфиди нигаҳдошти асолати миллӣ дар ҷомеаи кишвар гардидааст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 декабри соли 2023 дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик», ки ба ифтихори 115-солагии ин чеҳраи шинохта баргузор гардид, бори дигар таъкид намуданд: «Ҳадафи мо аз гиромидошт ва зинда нигоҳ доштани ному корномаи фарзандони бузурги миллати тоҷик ин аст, ки таърихи пурифтихор ва мероси пурбори илмӣ, адабӣ ва фарҳангиву тамаддунии худро соҳибӣ ва ҳимоя кунем, ин таърихи пурифтихор ва ин мероси гаронмояро ба хотири иттиҳоду сарҷамъӣ ва сарбаландиву сарфарозии мардумамон, ободии Ватани аҷдодиамон ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллиамон ҳарчи бештар ва оқилона истифода барем».
Таҷлили ҷашни 115-солагии фарзонафарзанди миллат аллома Бобоҷон Ғафуров ва баргузор намудани ҳамоиши бузурги илмии сатҳи ҷаҳонӣ бо иштироки олимони зиёди хориҷивию дохилӣ, пеш аз ҳама баҳри таҳкиму тақвияти худшиносӣ, таърихогаҳӣ ва дарки мақому манзалати миллати тоҷик дар масири таърихи инсоният аст. «Дар таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик, - таъкид намуданд Пешвои миллат дар ҳамин ҳамоиши илмӣ, - садҳо чеҳраҳои мондагоре ҳастанд, ки нақши онҳо барои пойдории миллат, посдории илму фарҳанг, худшиносиву худогоҳии мардум ва ободии сарзамини аҷдодӣ басо арзишманд мебошад». Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров яке аз чунин чеҳраҳои мондагори таърихи миллат аст.
Падидаи дигари ҳушдорсозандаи ҷомеаи кишвар аз ҳаводису падидаҳои номатлуби имрӯза ин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат дар арафаи ҷашни миллии аҷдодӣ - Наврӯзи байналмилалӣ ва воридшавии моҳи шарифи Рамазон буд. Пешвои миллат дар ин мулоқот баррасии масоили ниҳоят мубрам, мушкилот ва равишҳои нигаронкунандаи имрӯзаи ҷомеаро ба миён гузошта, омилҳои пайдоиш ва сабабҳои паҳншавии онҳо, роҳу равишҳои мушаххаси пешгирӣ ва барҳамзании камбудиву қаҷравиҳо, нофаҳмию ба инобат нагирифтани ҳадди хатарнокии бархе аз онҳоро дар шароити соҳибистиқлолӣ ва равандҳои ҷаҳони муосир бо таҳлилҳои амиқ манзур намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дастовардҳои ҷумҳурии соҳибистиқлол, махсусан дар ду даҳсолаи охир ниҳоят назаррас мебошанд. Аммо баробари муваффақиятҳо дар шароити мураккаби бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои динию мазҳабӣ густариши терроризму экстремизми динӣ, духӯрагии сиёсати давлатҳову ташкилотҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро аз хатарҳо ва равандҳои нигаронкунандаи ҷаҳони муосир ва таъсири он ба ҷомеаи кишвар набояд мадди назар намуд.
Дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, баробари корҳои зиёди басомон расида, мо бояд нақшаи хуби тарҳрезишудаи мубориза муқобили ҳама гуна хурофоту таассуб, тафриқаандозӣ, сиёсисозии ислом ё бо таъсиргузории исломи сиёсӣ ноором намудани зиндагии мардум, бегонапарастиву зиёдаравӣ, гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳою ташкилотҳои ифротӣ дошта бошем. Таҳлил нишон медиҳад, ки яке аз омилҳои ниҳоят хатарнок дар ҷомеаи имрӯзаи мо ин ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта мебошад. Пешгирӣ намудани раванди ғайриқонунии таҳсили ҷавонон дар мактабҳои динии хориҷӣ, роҳ надодани ақидаву андешаҳои намояндагони дигар равияю мазҳабҳо ва ҳимояи асолати мазҳаби аҷдодӣ – ҳанафия, покизагӣ ва олуда нашудани он вазифаи дигар ва ниҳоят муҳим дар ҷомеаи кунунии мо мебошад.
Имрӯз морро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имконоту василаҳо ин ва дигар равандҳои нигаронкунанда, ба мисли таълими ғайриқонунии динӣ, риоя нагардидани тартиби гузаронидани ҷашну маъракаҳо, бахусус, маросими манъшудаи динӣ, исрофкорию зиёдаравӣ, зоҳирпарастӣ, шуҳратталабиву намоишкорӣ ё худро аз дигарон боло гузоштани шахсони алоҳидаро комилан пешгирӣ намоем.
Масъалаҳои ҳифзу нигаҳдории мероси таърихию фарҳангӣ, покизагии ҷомеаи кишвар аз воридшавии ҳамагуна унсурҳои бегона, боздоштани раванди олудашавии мафкуравии ҷавонон ва умуман сокинони кишвар аз ақидаву андешаҳои ғаразноки ҳадафмандонаи дунявию мазҳабии аз берун воридшаванда, такя ба ҷаҳонбинӣ ва андешаи илмӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, зарурати таҳаввулоти ҷиддӣ дар низоми маорифу илми ватанӣ бори дигар ва, ба таври густурда дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-юми моҳи майи соли 2024 дар мулоқот бо аҳли илму маорифи ҷумҳурӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Ин мулоқоти Пешвои миллат дар ҳаёти кишвари соҳибистиқлоли мо боз як падидаи наву созанда ва таконбахш баҳри рушди давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид.
Мулоқоти навбатии Пешвои миллат асосан бо аҳли илму маориф баргузор гардид ва ин гувоҳ аз он аст, ки ин ду соҳаи муҳимми иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати фарҳангпарваронаи давлату ҳукумат қарор доранд. Дар вохӯрии чаҳор сол қабл ба вуқуъ омада, Пешвои муаззами миллат дар назди кормандони илму маориф вазифаҳои ниҳоят муҳим ва барои пешрафти соҳаҳо заруру саривақтӣ гузошта буданд ва дар ин мулоқот дараҷаи иҷрои он супоришу дастурҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Пеш аз ҳама, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар таҳлили ҳамаҷонибаи худро ёфтанд. «Мо бояд донем, - таъкид намуданд Пешвои миллат, - ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод». Агар ба таври дигар иброз намоем, оё илми ватанӣ рисолати созандаю пешбарандаи худро дар ҷомеаи муосири кишвар дар кадом сатҳ иҷро мекунад. Ва мақсад аз таҳлилу баррасии масъала боз дар он аст, ки имрӯз чӣ тадбирҳое бояд андешид, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони рушду таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои инкишофу пешрафти давлат ва ҷомеа ҳамвор созад ва ба давлату халқи Тоҷикистон хизмат намояд. «Зеро, - таъкид менамоянд Пешвои миллат, - дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд».
Таҳлили ҳаматарафаи Сарвари давлат нишон медиҳад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ илму маорифи ҷумҳурӣ новобаста аз пешравиҳо, ислоҳоти соҳа, таҳаввулоти низомию сохторӣ, дастовардҳои сатҳи гуногун ҳоло ҳам ниёз ба дигаргунӣ ва тадбирҳои ҷиддӣ доранд. Аз тарафи дигар дигаргуниҳо ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар барои батараф намудани камбудиву норасоиҳои дар самти илми ватанӣ ҷойдошта, шароити муфид ва созгорро ба миён овардааст. Имрӯз олимони моро зарур аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳми ҷиддӣ дошта бошанд. Аммо, мутаассифона алъон саҳми илми ватанӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки чунин нишондиҳанда наметавонад талаботи ҷомеаи муосири кишварро қонеъ гардонад.
Агар бо шарофати шароити мусоиди соҳибистиқлолӣ таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати тоза пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардида бошад ҳам, аммо фаъолияти муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ, раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани бозёфтҳои илмии олимону ихтироъкорон ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Новобаста аз афзоиши омории шумораи мутахассисони касбии дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар замони соҳибистиқлолӣ дар маҷмуъ, раванди ҷалби ҷавонон ва тайёр намудани олимони соҳибунвон талаботи рӯзафзуни ҷомеаи кишварро қонеъ гардонида наметавонад. Пеш аз ҳама дар самти илмҳои табиию риёзӣ нарасидани мутахассисони ҷавон ва донандаи хуби соҳаи интихобнамудаи илм бештар мушоҳида мешавад. Дар баъзе бахшҳои илмҳои дақиқу табиатшиносӣ раванди омодасозии мутахассисони ҳирфавӣ ниёз ба таҳаввулоти ҷиддӣ дошта, ҷалби бештари ҷавонони болаёқатро талаб менамояд.
Дар самти илмҳои ҷомеашиносию гуманитарӣ норасоии мутахассисони касбӣ дар баъзе ихтисосҳо ва ё камчинии кадрҳои унвондор дар соҳаҳои алоҳидаи илм ба назар мерасанд. Гарчанде имрӯз барои омода намудани мутахассисони зарурии самтҳои гуногуни илм шароит ва имконияти воқеӣ мавҷуд мебошад. Пеш аз ҳама, шумораи зиёди мактабҳои олӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва ихтисосҳои мавҷудаи таълимии онҳо аз як тараф, ва имконияти берун аз кишвар фиристодани ҷавонон (ҳоло зиёда аз 40 ҳазор нафар дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд) муҳимтарин имконконият баҳри тайёр намудани кадрҳои соҳибтахассус барои ҷумҳурӣ мебошанд.
Ҳамзамон мебояд таъкид намуд, ки имрӯз дар шароити соҳибистиқлолӣ зарурати воқеии омӯзиши кулли сарчашмаҳои таърихӣ ва осори хаттӣ доир ба тоҷикон ва ҷойгоҳи онҳо дар масири таърихи ҷаҳон ба миён омадааст. Дар баъзе кишварҳои ҳамсоя бо роҳҳои гуногун ва маблағгузории зиёд кайҳо даст ба ин кор зада, на танҳо маводи марбут ба миллату халқи хеш, балки он ҳама чизе ки ба таърихи минтақаи Осиёи Миёна ё чи тавре, ки имрӯз мегӯянд – Осиёи Марказӣ дахл дорад ҷамъоварӣ намуда истодаанд. Сарчашмаҳои таърихӣ ва осори хаттии марбут ба таърихи халқи тоҷик дар бисёр кишварҳои дунё, аз ҷумла давлатҳои Аврупо ва Осиё мавҷуданд.
Ҷамъоварии ҳамаи ин маъхазҳои дар шароити кунунӣ зарур ва ҳатмӣ мебошад. Барои ин мо бояд корҳои зиёдеро ба анҷом расонем. Аввалан зарур аст, ки ташкили сафарҳои хидматии илмӣ-омӯзишии гирдоварии мавод ба китобхонаҳо, осорхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва ҳамҷавор, ки то имрӯз ба таври бояду шояд мавриди омӯзиши бевоситаи муҳаққиқони тоҷик қарор нагирифтаанд, ба роҳ монда шаванд. Баъдан, вақти он аст, ки олимону муҳаққиқони тоҷик ҳадафмандона баҳри омӯзиш ва нусхабардории электронии кулли сарчашмаҳои хаттии марбут ба мероси таърихӣ-фарҳангию адабии халқи тоҷик ба он кишварҳое, ки чунин осорро бештар ҷамъ овардаанд, сафарбар карда шаванд. Дар тӯли таърихи дарози халқи тоҷик, ҳанӯз аз замони истилои юнону мақдуниҳо сар карда, то замони соҳибистиқлолӣ теъдоди ниҳоят зиёди осори моддию маънавии аҷдодии мо аз тарафи истилогарону аҷнабиён ва ё олимону муҳаққиқони хориҷӣ берун аз кишвар бароварда шуданд. Аз тарафи дигар, доир ба таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик дар осори хаттии мардумони дигар, пеш аз ҳама маъхазҳои хаттии хитойӣ, тиббетӣ, юнонӣ, арманӣ, лотинӣ ва дигар забонҳои қадима маълумоти ниҳоят фаровоне мавҷуданд, ки мунтазири муҳаққиқони таърихи миллат мебошанд.
Боиси хушнудист, ки дар замони истиқлол таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ба маротиб афзуда, ёдгориҳои зиёди таърихӣ таҳқиқ ва ба оламиён муаррифӣ гардиданд. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидани мероси таърихию фарҳангӣ корҳои назаррасе ба анҷом расиданд. Дар натиҷаи ин ғамхориҳо ёдгориҳои зиёди моддии таърихию фарҳангии халқи тоҷик, аз ҷумла Саразми бостонӣ ва Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардида буданд. Боиси ифтихор аст, ки 17-уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Ал-Риёзи Арабистони Саудӣ ҷаласаи 45-уми байниҳукуматии Кумитаи ҳифзи мероси фарҳанги моддии ЮНЕСКО 9 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии долони «Зарафшон-Қароқум»-и Шоҳроҳи бузурги абрешим аз Ҷумҳурии Тоҷикистон - "Панҷакенти Қадим", "Шаҳраки Санҷаршоҳ", "Шаҳраки Ҳисорак", "Гардани Ҳисор", "Қалъаи Муғ", "Кум", "Тали Хамтӯда", низоми обёрикунии "Токсанкорез" ва мақбараи "Хоҷа Муҳаммади Башоро" ба ин феҳристи мероси фарҳанги ҷаҳонӣ дохил намуд. Ҳоло дар навбат ёдгориҳои дигари моддии таърихи миллат қарор доранд.
Имрӯз дар партави сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фазои орому осоиштаи кишвари соҳибистиқлол домани ҳадаф ва вазифаҳо дар роҳи ҳифзу нигаҳдошт ва муаррифии таърихи бойю рангини халқи тоҷик, дастовардҳои назарраси замони соҳибистиқлолӣ ва нақшу мақоми халқи тоҷик дар таърихи ҷаҳонӣ боз ҳам фаррохтартар гардидааст. Аз ин рӯ, мо бояд ба мисли гавҳараки чашм истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва озодию суботи ҷумҳурии соҳибистиқлоли худро ҳифз намуда, аз таърихи пурғановати аҷдодии худ огаҳ бошем, аз тоҷик будани хеш ифтихор намоем, ба воридшавии унсурҳои фарҳанги бегона ва андешаҳои тиннатсӯз роҳ надиҳем.