Назармамадова Хоҷабегим - ходими илмии
Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон
Конститутсия – кафили хушбахтии мо
Имрӯзҳо дар саросари кишварамон 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи аввалини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки дастоварди бузург ва рӯйдоди таърихӣ мебошад, ҷашн гирифта мешавад.
6 ноябри соли 1994 ҳамчун рӯйдоди фаромӯшношудание дар таърихи навини давлатдории кишвари азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Ин сана оғози марҳилаи нави низоми давлатдорӣ, таҳкими муносибатҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистонро, ки дар заминаи Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул шудааст, ифода мекунад. Маҳз дар ҳамин рӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ роҳи ояндаи давлати худро дар сатрҳои Конститутсия интихоб намуданд.
Конститутсия ҳамчун қонуни олӣ мазмуну муҳтавои тамоми қонунҳои амалкунандаи кишварро муайян намуда, такягоҳи мустаҳками қудрати сиёсӣ ва кафолати ҳадду ҳудуди салоҳияти мақомоти давлатиро таъмин мекунад. Илова бар ин, Конститутсия кафили суботи ҷомеа, ваҳдати миллӣ, тартибу низом, адолат ва амнияти кишвар мебошад.
Дар Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавқеи басо муҳим доранд. Таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб меёбад. Хусусан, пас аз тағйиру иловаҳое, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид карда шуданд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, табақаҳои ҷомеа ва созмонҳо бо назардошти манфиати умумӣ ва баробар такмил дода шуданд. Тибқи Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон "Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд."
Конститутсия муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатиро аз рӯи принсипи таҷзияи он муайян кардааст: "Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад." Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоби вакилоне, ки намояндагии халқро ба уҳда доранд, ба амал мебарорад.
Маҳз ба ҳамин маънӣ, Конститутсияи Тоҷикистон вазифаи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро ҳамчун мароми халқи Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол санади воқеан таърихӣ ва тақдирсоз буда, истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни олӣ сабт намудааст ва асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои пешрафти ояндаро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба мо муяссар гардид, ки пояи устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣро таҳким бахшем, рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодии кишаварамонро таъмин намуда, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам оварем.”
Ташкили дуруст ва самараноки кори Комиссияи конститутсионӣ бо роҳбарии хирадмандона ва бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаҳои он лоиҳаи Конститутсияи нав ба таври дақиқ ва борҳо баррасӣ шуда, барои муҳокимаи мардум пешниҳод гардид ва сипас аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд, далели равшани раванди комили демократӣ дар таҳия, муҳокима ва қабули ин санади муҳим мебошад.
Конститутсия инчунин шароити зарурии ҳуқуқиро барои бартараф кардани хатарҳое, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекарданд, муҳайё намуд. Он заминаи ҳуқуқӣ гузошт, ки давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз нобудӣ наҷот дода, миллати парокандаро аз парокандагӣ раҳоӣ бахшад ва роҳи расидан ба ваҳдати миллиро ҳамвор созад. Дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ Конститутсия нақши ҳалкунанда ва тақдирсозро дар бунёди асосҳои давлатдории тоҷикон бозид.
Бо дарназардошти нақш ва мавқеи Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштаанд: «Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддас барои ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад».
Боиси ифтихор аст, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол шароити моддӣ ва техникии кишвар беҳтар шуда, вазъи иҷтимоии шаҳрвандон низ пешрафт кардааст.
Ҷашни 30-солагии қабули Конститутсия фурсати муносибе аст, ки дастовардҳои сисолаи худро баррасӣ намуда, дар бораи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мулоҳиза ронем. Дар ин роҳ Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоламон ҳамчун роҳбалад ва роҳнамо амал мекунад, зеро Конститутсия санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуҳои халқи Тоҷикистон аст. Конститутсияи соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба мо имконият дод, ки ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир пайваст шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.
Ба ҳамаи мардуми шарафманди кишвари азизамон 30-солагии Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, орому ободро муборакбод мегӯем!