Пӯлотов А.Ғ.- Директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
Мероси фарҳангӣ – пайвандгари гузашта ва оянда: баррасии нақши фарҳанг дар рушди Тоҷикистон
(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 28.12.2024)
Фарҳанг ва мероси таърихӣ на танҳо оинаи гузашта, балки раҳнамои фардо мебошанд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди фарҳанг ҳамчун яке аз асосҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ ва заминаи ҳифзи ҳастии миллат таъкид гардид. Ин паём бо равшанӣ нишон медиҳад, ки мероси фарҳангӣ барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеа нақши калидӣ мебозад.
Тоҷикистон дорои мероси беназирест, ки аз амиқи таърих боқӣ монда, дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун манбаи маънавӣ ва эҷодӣ хизмат кардааст. Бо вуҷуди ин, таъмиру барқарорсозии ин мерос бо тамоми мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ яке аз бартариҳои сиёсати давлатӣ гардидааст.
Президенти кишвар бо зикри нақш ва аҳамияти муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла театрҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва мактабҳои санъат, таъкид намуданд, ки фарҳанг ҳамчун заминаи рушди маънавиёти миллӣ бояд дар маркази диққати роҳбарон ва ҷомеа қарор гирад.
Яке аз самтҳои муҳими пешбурди сиёсати фарҳангӣ афзоиши маблағгузорӣ мебошад. Агар дар соли 2000 барои соҳаи фарҳанг ва варзиш 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2024 ин рақам ба 1,7 миллиард сомонӣ расидааст. Ин нишондиҳанда на танҳо аз афзоиши имкониятҳои иқтисодӣ, балки аз дарки аҳамияти фарҳанг дар ташаккули ҷомеаи пешрафта шаҳодат медиҳад.
Бо талошҳои ҳукумати кишвар, дар тӯли 33 соли истиқлолият: 18 театр, ки оинаи ҳаёти мардум мебошанд, бунёд шуданд; 126 китобхона, ки маъхази донишу фарҳанганд, ба истифода дода шуданд; 20 осорхона, ки шоҳидони таърихи миллатанд, таъсис ёфтанд.
Ин муассисаҳо имрӯз на танҳо маҳалли нигоҳдории мерос, балки майдони ташаккули идеяҳо ва тарбия кардани истеъдодҳои наврасу ҷавонанд.
Дар ҷаҳони пуртазоди муосир, фарҳанги миллӣ метавонад ба унсуре табдил ёбад, ки ҳувияти миллиро ҳифз намуда, мардумро муттаҳид созад. Президенти кишвар бо таъкид ба зарурати ҳифзи фарҳанги миллӣ изҳор доштанд, ки: “Агар фарҳанги миллӣ заиф шавад, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад.”
Ин фикр нишон медиҳад, ки ҳифзи фарҳанги миллӣ ва таҳкими арзишҳои анъанавӣ бояд яке аз вазифаҳои асосии насли имрӯз бошад.
Нақши Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО, ҳамчун як кишвари дорои мероси ғании таърихӣ беназир аст. Президенти кишвар ба хотири гиромидошти арзишҳои миллӣ, аз ҷумла таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ташаббусҳои нав пешниҳод намуданд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба рушди соҳаи сайёҳӣ низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Сарвари давлат иброз доштанд ки, шумораи “Шумораи сайёҳоне, ки соли 2024-ум ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019-ум 12 фоиз афзудааст. Вале нишондиҳандаи мазкур ба имкониятҳои таърихиву табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобативу истироҳатии кишвар мувофиқ нест. Дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ, бояд ба рушди сайёҳии дохилӣ, ки бо фарҳанг ва мероси таърихии кишвар алоқаманд аст, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад”. Тоҷикистон, ки дорои ганҷинаи бойи фарҳангӣ ва ёдгориҳои таърихӣ мебошад, метавонад бо истифода аз имкониятҳои фарҳангӣ, анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ ба ҷалби сайёҳон ва рушди сайёҳии дохилӣ мусоидат кунад. Робита ба ин Президенти кишвар дар паёми имсолаи худ таъкид намуданд, ки  “Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ ва фарҳанг, хусусан, бунёди инфрасохтори зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешад”.
Ҳамин тавр Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо нақшаи рушди фарҳангро муаррифӣ мекунад, балки даъвати воқеӣ ба ҳамагон барои ҳифз ва таҳкими арзишҳои миллӣ аст. Тоҷикистон метавонад бо рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси худ намунаи бузурге барои дигар кишварҳо гардад. Мероси фарҳангии мо пайвандгари гузашта ва оянда аст, ва ҳифзи он масъулияти ҳар як фарди миллат мебошад, ки дар меҳвари сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат қарор гирифтааст.