СЕМИНАРИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

    Дар таърихи 20 - уми феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ семинари илмии "Артиши миллӣ - кафили амният ва якпорчагии давлат" доир гардид, ки дар он кормандон аз тамоми шуъбаҳо ва бахшҳои Институт иштирок доштанд.

    Сухани ифтитоҳиро директори Институт н.и.т Муродзода А. А. баён намуда аз аҳамият ва ҷойгоҳи артиш дар сохтори давлатдории миллӣ ёд карданд. Баъдан сухан ба ходими пешбари шуъбаи таърихи навтарин н.и.т. Мирзоев Ҷ. А. дода шуд. Мирзоев Ҷ. А. дар мавзуи "Санъати ҳарбии тоҷикон" маъруза пешниҳоди ҳозирин намуданд. Дар ин маърузаи муфассал ходими пешбари шуъбаи таърихи навтарин аз тактикаву маҳорати ҷангӣ ва афзорҳои ҷангии сарбозон ёд карда онҳоро давра ба давра тавзеҳ доданд. Дар ин замина н.и.т Акрамов М. дар мавриди ҳодисоти солҳои аввали истиқлоли кишвар ва мушкилоти таъсиси артиши ягонаи давлатӣ ёд карданд. Ҳамчунин д.и.т профессор Абулҳаев Р. ба суҳбат ҳамроҳ шуда аз таърихи ташаккули артиши миллии тоҷикон ёд намуданд ва чанде аз воқеоти таърихии вобастаро нақл намуданд. Дар охири семинар директори Институт н.и.т Муродзода А. А. ҳозиронро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда аз аҳамияти артиши миллӣ ва давраи ташаккули он дар авоили соҳибистиқлолии кишвар ва ҷойгоҳи вижаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси артиши миллии тоҷикон суханронӣ намуд.

 

  1.jpg