Рӯзи 4 апрели соли 2025 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ таҳти унвони "Таҳқиқи таърихи халқи тоҷик аз диди муҳаққиқони Институт" доир гардид. Семинарро бо сухани муқаддимавӣ ҷонишини директори Институт оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ д.и.т. Иброҳимов М. Ф. ҳусни оғоз бахшида қайд намуд, ки чорабинӣ бахшида ба Ҳафтаи илм баргузор мешавад.
Дар кори семинар бо маърӯзаҳои илмӣ н.и.т. С. Ҳусайнов "Бозтоби таърихи Кӯлоб дар маъхазҳои таърихии Ҳинд (асри XVI), н.и.т. Шоинбеков Ф. "Натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ-бостоншиносӣ дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз дар соли 2024", директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон А. Пӯлодов "Масоили омӯзиши ёдгориҳои бостоншиносии саргаҳи Қашқадарё (ҳудуди Тоҷикистон", олими антрополог М. Наврӯзбеков "Масъалаи пайдоиши нажоди Варорӯдӣ-Мовароуннаҳрӣ (Помиру-Фарғонагӣ) дар антропологияи ҷисмонӣ", муаррихи ҷавон С. Амиршоев "Саҳми Аҳмад Фанокатӣ дар умури идории империяи Юан (асрҳои XIII - XIV)", муҳаққиқи бостоншинос М. Юсуфзода "Шаҳракҳои болооби Зарафшон дар шоҳроҳи Абрешим ва гуруҳбандии онҳо", раиси олимони ҷавони Институт Ҳ. Нуруллозода "Пешвои миллат ва сатҳи ҷаҳонӣ", муҳаққиқи санъатшинос Э. Меликиён "Ҳунари хушнависӣ дар меъмории Аморати Бухорои асри XIX" баромад намуданд.
Баъди муаррифии маърӯзаҳо аз ҷониби ҳозирин музокирот ташкил карда шуд. Семинарро д.и.т. Иброҳимов М. Ф. ҷамъбаст намуда аҳамияти доир намудани чорабинӣ ва саҳми онро дар пешравии илми таърихшиносии Тоҷикистони соҳибистиқлол қайд кард ва даъват ба амал овард, ки дар семинарҳо ва конференсияҳое, ки дар оянда ба нақша гирифта шудаанд, ҳама кормандон илмии Институт бояд фаъол бошанд.