Бозёфтҳои нав барои дарки муҳимтарин масоили фарҳангӣ моддии Суғди қадим кӯмак хоҳанд кард.
Бо ташаббуси мутахассисони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, дар асоси иҷозатномаи расмии Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз санаи 13 то 30 июни соли 2025 дар яке аз гӯшаҳои таърихии кишвар — Фароби шаҳри Панҷакент корҳои бостоншиносӣ идома доранд.
Дар кори ҳафриёт мутахассисони Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Раҳмонов М., Асомиддинзода С., Шарипов М., Бурҳонов Ғ. бо роҳбарии Пӯлотов А. инчунин н.и.т Қурбонов Ш.Ф. (аз МД "Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент - Саразм") иштирок доранд.
Ҳафриёт дар гурхонаҳои зардуштии назди ёдгории Теппаи Фароб (Ошхона), ки соли 2023 аз ҷониби бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ бори нахуст мавриди таҳқиқ қарор гирифта буд, дар мавсими ҷорӣ идома дода шуд. Муфассал>>