ДАСТПАРВАРИ АРЗАНДАИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
 
Ба дасти хонандагон расидани китоби арзишманд ва ниҳоят ороишёфтаи «Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат» (Душанбе, 2025.- 280 с.), воқеан як туҳфаи нодире ба пешвози 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Шиносоӣ бо мазмуни китоб, ки аз ҷониби чеҳраҳои шинохтаи ҷомеаи имрӯзаи ҷумҳурӣ, ходимони намоёни давлатӣ ва сиёсатмадорон, онҳое ки бевосита қаҳрамони китобро мешиносанду бо эшон ҳамкории наздик ҳам доранд ба се забон таълиф шудааст. Ороиши зебо, тарроҳии хуб, аксҳои зебо ва ифодакунандаи мазмуни асосии матн ба китоб шукӯҳу ҷолибияти тозаеро илова менамояд. 
Мавзӯи асосии интихобшуда, воқеан муҳим, саривақтӣ ва барои ҷомеаи имрӯзаи ҷумҳурӣ хеле мубрам ва дорои аҳаммияти бузурги тарбиявӣ мебошад. Китоб аз ду фасл - «Андешаҳои ходимони намоёни давлатӣ ва сиёсатмадорон» ва «Рустами Эмомалӣ – дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат» иборат аст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки мактаби давлатдории тоҷикон таърихи ниҳоят тӯлонӣ дорад ва тоҷикон ҳамчун халқи соҳибтаъриху соҳибфарҳанг ва соҳибдавлати минтақа оину суннатҳои зиёди давлатдориро соҳиб мебошанд, ки имрӯз ҳамчун манобеи аслии омӯзиши илмҳои ҷомеашиносии дунё қарор гирифтаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Таърихи ҳазорсолаҳои дуру наздик гувоҳ аст, ки оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳёро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқирози чашмрас, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон фарҳанги давлатдории тоҷикон номид». (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Иборат аз чаҳор китоб. Душанбе: «Ирфон», 2009.- С.146.).
Дар фарҳанги давлатдории тоҷикон чеҳраҳои барҷастаи сиёсию давлатӣ, ки соҳибмактаб буданду дар сарнавишти халқи тоҷик нақши боризу созанда гузоштаанд кам нестанд. Аммо, ба назари мо, вобаста ба нақши мондагоре, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, хатару таҳдидҳои миёншикану қисматсӯз мақоми се давлатсолору давлатдори тамаддуни давлатдории тоҷикӣ-форсӣ ё ориёӣ аз замонҳои қадим то имрӯз – Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус ва аҳммияти барҷастаи омӯзиширо соҳиб мебошад. Ҳар се ин чеҳра дар саргаҳи истиқлоли сиёсию давлатӣ, баҳамҷамъоии мардуми ориёӣ, ягонагию ваҳдат, оғози як марҳалаи бузурги рушду созандагии мардуми ориёӣ истода, ба рағми ҳама ситезандагони ин ақвоми таърихсозу тамаддунсоз марҳалаҳои нав ба нави таърихро паси сар кардаанд ва аз арсаи таърих берун нарафтаанд. 
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон доир ба ду мактаби аввали давлатдории аҷдодӣ менависанд: «Куруш дар ҳайати империяи худ қариб 70 қавму миллатҳои гуногунро муттаҳид карда, ба ҳамаи онҳо расман озодӣ ва баробарҳуқуқӣ ато намуд. Башарият метавонад имрӯз ҳам аз таҷрибаи инсондустӣ ва адолатпарварии ин шахсияти беназир истифода барад. Таҷрибаи давлатдории Куруши Кабир ибратомӯз аст, мо бояд онро ҳамаҷониба омӯзем, зеро сохтори давлатии Ҳахоманишиён яке аз муҳимтарин тарзи ҳукуматҳои императории аҳди бостон башумор меравад». (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. - Душанбе: «ЭР-граф», 2016. - С. 21.)
Ва ё дар сифати Исмоили Сомонию фарҳанги давлатдории Сомониён мефармоянд: «Бунёдгузори ҳақиқии давлати Сомониён Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ - абармарди хирад ва сиёсат буд» ва идома медиҳанд: “Хизмати бузурги таърихии Исмоили Сомонӣ ва ниёгони ӯ дар он буд, ки низоми ниҳоят муназзам, муассир ва фаъоли идораи марказӣ ва маҳаллиро бунёд гузоштанд. Ин низом унсурҳо ва арзишҳои муҳимтарини давлатдории ориёиро эҳё намуда, онҳоро бо арзишҳои тамаддуни гузаштаву мавҷудаи давр омезиш дод. Дар натиҷа, ин низом таҷассумгари арзишҳои беҳтарини давлатдорӣ ва ба эътирофи аксари донишмандон, мутамаддинтарин давлати замони худ гардид”. (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. - Душанбе: «ЭР-граф», 2016.-С.210.)
Бояд гуфт, ки ин сифатҳо ва корномаҳо ба фаъолияти Пешвои муаззами миллат низ бевосита рабт доранд ва мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз ҳамин ду мактаби бузурги аҷдодӣ маншаъ мегирад. Инро сиёсатмадорони шинохтаи дунё ва роҳбарони эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ, донишмандону коршиносон борҳо эътирофу иброз намудаанд. Таҷрибаи давлатдорӣ, меҳанпарастӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, наҷоти миллат ва сулҳу ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайҳо ба адабиёти таълимии давлатдории ҷаҳонӣ ҳамчун намуна ворид гардидааст. Оини сарварии мактаби давлатдории Пешвои миллат аз афкору андешаи миллӣ, суннату анъанаҳои давлатдории ниёгонамон, афкору андешаҳои мутафаккирони халқи тоҷик сарчашма мегирад ва ба он такя менамояд.
Яке аз самтҳои асосии ин мактаби бузург омода намудани ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ба идоракунии давлат, омӯзиш ва тарбияи суннатҳои асосии давлатдории тоҷикон мебошад. Шинохтатарин ва эътирофшудатарин чеҳраи дастпарварони ин мактаби бузурги давлатдорӣ бешак Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳастанд. “Ҳоло фаъолияти пурсамари  Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки, -навиштаанд Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дар ҳамин китоби муаррифишаванда,-мабдаи фаъолияти сиёсии мавсуф аз ҷавҳари пайкори сиёсӣ ва ғоявии мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон сар задааст, далели ин гуфтаҳо мебошанд”. («Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат» (Душанбе, 2025.- С.7).
Воқеан фаъолияти созандагию бунёдкории Раиси муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бавижа дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри азизи Душанбе, ки дар ин китоб ба таври фаррох инъикос ёфтааст, намунаи беҳтарини натиҷаи фаъолияти дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат мебошад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз синни 19-солагӣ аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон гардида, аз ҳамон вақт то имрӯз пайрави мактаби ташаккулёфтаи сарварии ҷадди бузурги худ шуда, зина ба зина бо гирифтани таҳсилоти гунгунҷабҳаи тахассусӣ, ба камолоти касбӣ соҳиб гардидаанд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ новобаста ба ҷавонии хеш бо ҳидояти Сарвари давлат ва ниёзмандии ҷомеаи ҷумҳурӣ ба чунин чеҳраҳои ҷавон вазнинтарин ва масъултарин вазифаҳои давлатиро ба дӯш гирифта, дар ҳама ҳолат садоқат ба Ватан, миллат, Истиқлолият ва дастовардҳои он, дастпарвари воқеии мактаби бузурги давлатдории Пешвои муаззами миллат буданро собит намудаанд.
Муаллифони матни китоб тавонистаанд бо далелу санад, таҳлилу ташхис ва ифшои мушаххас самтҳои гуногуни фаъолияти ин Сарвари ҷавон, вале  дорои таҷрибаи мукаммали роҳбарӣ, дастпарвари мактаби бузурги давлатдории навини тоҷиконро инъикос намоянд. Дастовардҳо ва натиҷаҳои назаррас дар рушди шаҳри Душанбе, ки дар давоми 9 соли шаҳрдорӣ, фаъолияти бисёрҷабҳаи сарвари ҷавон ба сифати Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми зиёда аз панҷ сол, вохӯриҳо бо сиёсатмадорони шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ, роҳбарони кишварҳои гуногун, махсусан шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарӣ ба дигар ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ба шакли муфассал тасвир ёфтаанд. Тағйир ёфтани симои шаҳри Душанбе дар муддати нӯҳ соли охир, ба як маркази сатҳи ҷаҳонии сиёсию фарҳангӣ табдил ёфтани он, босуръат афзоиш ёфтани раванди шаҳрсозӣ ва ҳудуди маъмурии он, маркази бузурги саноатӣ гардидани шаҳр ва, аз ҳама бештар ба маркази фарҳангии тоҷикони дунё  ва сайёҳию варзишӣ мубаддал гардидани он гувоҳӣ аз корҳои рустамононаи шаҳрдори ҷавону боғайрат ва соҳибтаҷриба мебошад.
Бешак омода ва нашри китоби «Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат»  дар арафаи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ва муаррифии дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ иқдоми нек ва дастовези арзанда буда, нашри чунин китобҳо ҳидояти дигаре баҳри рушди кишвари азизамон мебошад.
Насрулло УБАЙДУЛЛО, д.и.т., профессор,
сарходими илмии ИТБМ ба номи А.Дониши АМИТ