RU
Семинари илмӣ таҳти унвони “Меҳргон – ҷашни бостонии тоҷикон” баргузор гардид
31 октябри соли 2025 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ семинари илмӣ таҳти унвони «Меҳргон – ҷашни бостонии тоҷикон», бахшида ба Ҷашни Меҳргон, баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ директори Институт доктори илмҳои таърих, Муродзода А.А. кормандонро ба ифтихори ҷашни Меҳргон табрик гуфта, таъкид намуд, ки ин ҷашни бостонӣ аз рамзҳои муҳими худшиносии миллӣ ва фарҳанги қадимаи мардумони ориёинажод маҳсуб меёбад.
Дар ҷараёни чорабинӣ муҳаққиқон ва кормандони илмии шуъбаҳо бо маърузаҳои илмӣ дар бораи таърих, моҳият ва арзишҳои фарҳангиву маънавии ҷашни Меҳргон баромад намуданд.
Зимни муҳокима таъкид гардид, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадима ва миллӣ буда, рамзи меҳру муҳаббат, адолат ва фаровонӣ ба шумор меравад.
Баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи суннатҳои фарҳангии ниёгон ва густариши донишҳои таърихиву фарҳангӣ мусоидат менамояд.