RU
ГУЗОРИШ АЗ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «АРҶГУЗОРӢ БА АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ БАҚОИЯТИ ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ»
 
Санаи 19 декабр дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ – омили муҳими бақоияти худшиносию худогоҳии миллӣ» дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” баргузор гардид.
Ба кори ҳамоиши илмӣ директори Институт д.и.т. Муродзода А.А. ҳусни оғоз бахшида таъкид намуданд, ки арҷгузорӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳанги вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси кишвар аст. Сипас, сухан ба академики АМИТ Ю.Яқубов дода шуд. Академики АМИТ Ю.Яқубов дар мавзуи «Пайдоиши номи тоҷик ва забони тоҷикӣ дар сарчашмаҳои таърихӣ» маърузаи илмии пурмӯҳтаво намуда, қайд намуданд, ки дар ибтидо тоҷиконро бо ибораи ориёӣ мешинохтанд.
Дар идомаи ҳамоиши илмӣ д.и.т., профессор А.Раҷабов дар мавзуи «Ҳифзу густариши арзишҳои таърихӣ–фарҳангӣ тавону такяи барҷоияти худшиносиву худогоҳии миллӣ» маърӯза намуданд. Сипас, д.и.т. Л.Додхудоева дар мавзуи «Идентификационные знаки этничности таджикского народа» баромад намуданд. Дар фарҷом ходимони илмии Институт ба музокира баромада, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Аз ҷумла д.и.т., профессор Саидов А. илова намуданд, ки калимаи «тоҷик» ва ё «тозик» дар аксарияти сарчашмаҳои таърихии асрҳои IX ва XII аз ҷумла дар асарҳои А.Берунӣ ва М.Қошғарӣ ёдовар шудаанд. Инчунин профессор Ҳ.Камолов роҷеъ ба мафҳуми тамаддуни ориёӣ шарҳу эзоҳ доданд. Н.и.т. Неъматов И. қайд карданд, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон тоҷиконе зиндагӣ менамоянд, ки дар насаби худ калимаи «тоҷик»-ро илова намуда бо он мефахранд, н.и.т. А. Ғафуров пешниҳод намуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилотӣ ва ба ин васила таъсир расондан ба фаҳмишу тафаккури насли наврасу ҷавон мо олимону пажӯҳишгаронро мебояд дар ташвиқу тарғиби дурусти таъриху фарҳанги миллӣ дар байни омма фаъол бошем.