RU
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ
31 марти соли 2026 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият, олимону кормандони Институт ва меҳмонон иштирок намуда, ҷашни Наврӯзро ҳамчун рамзи эҳёи табиат, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ истиқбол гирифтанд.
Чорабиниро директори Институт доктори илмҳои таърих, дотсент Муродзода А.А. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфт. Зикр гардид, ки Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, имрӯз низ ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ арзишҳои баланди инсонпарвариро таҷассум менамояд.
Дар доираи барнома намоиши ҳунарҳои мардумӣ таомҳои суннатӣ ва расму ойинҳои наврӯзӣ ташкил карда шуд.  
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки таҷлили Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва рушди ҳамбастагии ҷомеа нақши муҳим дорад.