RU
 ОСОРХОНАҲО ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз, 15 май бахшида Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ" ва 25- солагии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии "Осорхонаҳо ва нақши онҳо дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ" баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми олимону кормандони соҳаро ба муносибати Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо табрик гуфта, иброз дошт, ки осорхонаҳо ҳамчун махзани таъриху фарҳанги миллат дар ҳифз, муаррифӣ ва интиқоли арзишҳои миллӣ ба наслҳои оянда нақши бисёр муҳим доранд.
Қайд гардид, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба ҳифзу эҳёи мероси таърихию фарҳангӣ бештар гардида, барои рушди фаъолияти осорхонаҳо ва ҳифзи бозёфтҳои нодири таърихӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Зикр карда шуд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди осорхонаҳо, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ заминаи устувор гузошта, имрӯз осорхонаҳо ба марказҳои муҳими илмию фарҳангӣ ва маърифатӣ табдил ёфтаанд.
Таъкид гардид, ки Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон аз ҷумлаи муассисаҳои муҳими фарҳангӣ ва илмии кишвар ба ҳисоб рафта, дар ҳифз, омӯзиш ва муаррифии мероси таърихиву тамаддунии миллати тоҷик саҳми назаррас дорад. Ин осорхона бо доштани нигораҳои нодири бостоншиносӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ ҳамчун яке аз марказҳои муҳими илмӣ ва маърифатӣ шинохта шуда, ҳамасола таваҷҷуҳи муҳаққиқон, донишмандон ва дӯстдорони таърихро ба худ ҷалб менамояд.
Дар идомаи конфронс директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муродзода Аҳмадхон Амрохон ва дигар олимону муҳаққиқон дар мавзуъҳои гуногуни марбут ба таъриху фарҳанги миллӣ, ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин рушди осорхонашиносӣ маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.
Таъкид намуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ зарурати тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти омӯзиши бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳифзи ёдгориҳои нодири таърихӣ ва ҷалби насли ҷавон ба омӯзиши таърихи миллат бештар мегардад. Ҳамчунин зикр шуд, ки ҳамкории зичи муассисаҳои илмӣ бо осорхонаҳо метавонад барои муаррифии беҳтари мероси фарҳангии тоҷикон ва густариши худшиносии миллӣ заминаи устувор фароҳам оварад.