RU
ФАРҲАНГИ МОДИИ СУҒДИ АСРИМИЁНАГӢ ДАР ОСОРИ АКАДЕМИК ЮСУФШО ЯҚУБОВ
Дар таърихи башарият шахсиятҳое ҳастанд, ки бо фаъолияти илмию эҷодии худ номи худро абадан ҷовидона мегардонанд. Ба зумраи чунин олимони барҷаста ва маъруф академик, доктори илмҳои таърих Юсуфшо Яқубов мансуб мебошад. Ӯ ҳамчун яке аз намояндагони намоёни илми бостоншиносии муосир ва ташкилотчии варзидаи соҳаи илми бостоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст.
Энергия, ҷустуҷӯ ва эҷодкорӣ – ҳамин се хислате мебошанд, ки бо истеъдоди нодири таҳқиқотӣ пайваста гардида, меъёри фаъолияти илмӣ ва зиндагии академик Ю. Я. Яқубовро муайян месозанд. Ӯ ҳамчун шахсияти барҷаста дар рушди илмҳои гуманитарии Тоҷикистон, махсусан бостоншиносӣ ва таърихнигорӣ, ҷойгоҳи арзанда касб намудааст.
Академик Ю. Яқубов бо таҳқиқотҳои амиқу фарогири худ дар самти омӯзиши таърихи қадим ва асримиёнагии халқҳои Осиёи Марказӣ, бахусус фарҳанги моддии Суғд, миёни ҷомеаи илмӣ мақоми баландро соҳиб гардидааст. Ӯ ҳамчун муҳаққиқи нуқтасанҷ, ҳақиқатҷӯ ва содиқ ба илм дар рушди илми таърих ва бостоншиносии миллӣ саҳми назаррас гузоштааст [3, с. 7].
Таҳқиқоти академик Ю. Яқубов дар самти омӯзиши фарҳанги моддии Суғд аҳаммияти бузурги илмӣ доранд. Ӯ дар асоси маводи бостоншиносӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аҳолии Суғди асримиёнагиро таҳлил намудааст. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба шаҳрсозӣ, меъморӣ, ҳунармандӣ, муносибатҳои тиҷоратӣ ва оинҳои динии аҳолии муқимии Осиёи Марказӣ дар осори илмии ӯ мавқеи муҳим доранд.
Шиносоии амиқ бо осори илмии ин муҳаққиқ нишон медиҳад, ки таҳқиқоти ӯ ба равшан намудани масъалаҳои муҳими таърихи давраи қадим ва аввали асримиёнагии тоҷикон равона гардидаанд. Муаллиф дар асоси сарчашмаҳои муътамади бостоншиносӣ ва хаттӣ масъалаҳои марбут ба дину оинҳои зардуштӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва хусусиятҳои фарҳанги моддии Суғдро мавриди таҳлили воқеъбинона қарор додааст [3, с. 11].
Хусусияти муҳими таҳқиқоти академик Ю. Яқубов дар он зоҳир мегардад, ки ӯ фарҳанги моддии Суғди асримиёнагиро на танҳо ҳамчун маҷмӯи бозёфтҳои бостоншиносӣ, балки ҳамчун омили муҳимми ташаккули тамаддуни тоҷикон арзёбӣ намудааст. Бозёфтҳои бадастомада аз ҳафриёти Панҷакент, Саразм ва дигар ёдгориҳои таърихӣ имконият доданд, ки бисёр паҳлуҳои норавшани таърихи фарҳанги моддии Суғд мавриди омӯзиши илмӣ қарор гиранд.
Ҳамин тавр, осори илмии академик Юсуфшо Яқубов дар омӯзиши фарҳанги моддии Суғди асримиёнагӣ аҳаммияти бузурги илмӣ дошта, ҳамчун манбаи муҳим барои таҳқиқи таърихи қадим ва асримиёнагии тоҷикон хизмат менамоянд. Мероси илмии ӯ имрӯз низ барои муҳаққиқони соҳаи таърих ва бостоншиносӣ аҳаммияти арзишманд дошта, дар рушди илми миллии тоҷик нақши муҳим мебозад.
Осори асосии академик Ю. Яъқубов дар омӯзиши ёдгориҳои Болооби Зарафшон асарҳои «Фалғар дар асрҳои VII–VIII мелодӣ», «Деҳаҳои аввали асримиёнагии Кӯҳистони Суғд» ва «Дини қадими Суғд»-ро дар бар мегиранд, ки дар рушди таҳқиқоти бостоншиносии минтақа нақши муҳим доранд. Дар идома, мо мехоҳем маълумоти фишурда оид ба ин осор пешниҳод намоем.
«Фалғар дар асрҳои VII-VIII мелодӣ» (Паргар V-VIII вв. н. э. (Верхний Зеравшан в эпоху раннего средневековья) яке аз асари муҳимми илмии бостоншиносӣ ва таърихӣ буда, соли 1979 дар ҳаҷми 219 саҳиф ба табъ расидааст, ки ба омӯзиши таърихи кӯҳистони Болооби Зарафшон дар асрҳои V–VIII мелодӣ бахшида шудааст.
Академик Ю. Яқубов дар ин асар масъалаҳои марбут ба таърихи Болооби Зарафшонро дар давраи забти арабҳо ва муборизаи суғдиён барои озодӣ ва истиқлол ба таври возеҳу муфассал баррасӣ намудааст. Бо шарофати кашфи маҷмуаи нодири ҳуҷҷатҳои суғдӣ дар қалъаи кӯҳи Муғ, ки аз ҷониби забоншиносони шуравӣ рамзкушоӣ гардидаанд, маълумоти арзишманд оид ба таърихи хоҷагии Фалғар дар асрҳои VII-VIII мелодӣ ба даст омадааст. Ин маълумот минбаъд бо натиҷаҳои бозёфтҳот нави бостоншиносӣ, ки аз ҳафриёти ёдгориҳои наздики кӯҳи Муғ (Абаргард ё Абарғад), Мадм ва Кум (таҳқиқоти академик Ю. Яқубов) ҳосил шудаанд, такмил дода шудааст [5, с. 3].
Ин асар аз ду бахш ва чор боб иборат мебошад. Дар бахши аввал академик Ю. Яқубов пиромуни масъалаҳои таърихи сиёсӣ ва иқтисодии Болооби Зарафшон мавриди баррасӣ қарор додааст. Аз ҷумла, таърихи сиёсии минтақа, масъалаи муборизаи Деваштич яке аз шахсиятҳои барҷастаи Суғд, инчунин вазъи сиёсии Панҷ ва шуриши арабҳо ба Буттам дар соли 722 таҳлил шудаанд [5]. Ҳамзамон, дар доираи ҳамин бахш масъалаҳои муҳимми ҳаёти иқтисодӣ низ фаро гирифта шудааст, ки ба соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва истеҳсолоти косибӣ иртибот доранд. Бахши дуюми китоб ба омӯзиши ёдгориҳои муҳимми бостоншиносии Болооби Зарафшон бахшида шудааст. Пеш аз ҳама, дар он таърихи таҳқиқи ёдгории Қалъаи Муғ баррасӣ гардида, сохтор ва тарҳи ҳуҷраҳои кашфшуда, хусусиятҳои меъморӣ ва таъиноти вазифавии биноҳо таҳлил карда шудааст. Ҳамчунин, бозёфтҳои нодири аз ин ёдгорӣ бадастомада, ки дорои аҳаммияти баланди таърихию фарҳангӣ мебошанд, ба таври муфассал шарҳ дода шудаанд. Илова бар ин, дар бахши мазкур натиҷаҳои ҳафриёти ёдгории Гардани Ҳисорак низ инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, қисматҳои ҳафриётшуда, сохтори меъморӣ, хусусиятҳои сохтмонӣ ва таъиноти ҳуҷраҳо таҳлил гардида, дар асоси онҳо хулосаҳои илмӣ оид ба нақш ва ҷойгоҳи ин ёдгорӣ дар таърихи минтақа пешниҳод шудаанд.
Китоби мазкур дорои аҳаммияти баланди илмӣ буда, дар доираи васеи муҳаққиқон, аз ҷумла бостоншиносон, таърихшиносон, забоншиносон ва мардумшиносон сарчашмаи арзишманд оиди таҳқиқотҳои бостоншиноси дар Болооби Зарафшон маҳсуб меёбад. Асар на танҳо таърихи як минтақаи муҳимми Тоҷикистонро ба таври муфассал равшан месозад, балки дар омӯзиши забони суғдӣ ва равобити иҷтимоию иқтисодии давраи ибтидои асрҳои миёна низ саҳми назаррас мегузорад. Дар маҷмуъ, асари мазкур яке аз манбаъҳои муҳими илмӣ дар омӯзиши таърихи Суғд ва Болооби Зарафшон ба шумор меравад.
Ҳамин тавр, академик Ю. Яқубов дар асари худ «Фалғар дар асрҳои VII-VIII мелодӣ» бо такя ба далелҳои боэътимоди бостоншиносӣ ва ҳуҷҷатҳои нодири таърихӣ тавонистааст тасвири амиқ, мукаммал ва илмии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақаи Болооби Зарафшонро дар асрҳои V–VIII милодӣ таҳия намояд..
«Деҳаҳои аввали асримиёнагии Кӯҳистони Суғд (оид ба масъалаи ташаккули феодализм)» («Раннесредневековые сельские поселения горного Согда (К проблеме становления феодализма)», ки соли 1988 дар ҳаҷми 292 саҳифа ба нашр расидааст, яке аз пажӯҳишҳои муҳими илмӣ дар соҳаи бостоншиносӣ ба ҳисоб меравад. Дар доираи ин таҳқиқот бори аввал дар таърихнигории бостоншиносӣ деҳотҳои аввали асримиёнагии Кӯҳистони Суғд ба таври мукаммал ва амиқ мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
Навгонии илмии асар, пеш аз ҳама, дар татбиқи усулҳои миқдорӣ ва таҳлили иқтисодии маводди бостоншиносӣ зоҳир мегардад. Академик Ю. Яқубов дар асоси таҳқиқи анборҳои ғалла дар манзилҳои деҳотӣ ва, махсусан, қасри Гардани Ҳисор, имконият пайдо намудаанд, ки ҳаҷми даромад ва масрафи ғаллаи хоҷагиҳои алоҳида ва марказҳои иқоматиро муайян намоянд. Ҳамзамон, андозаи заминҳои обёришаванда ва мансубияти онҳо ба хоҷагиҳои алоҳида муайян карда шуда, заминаи воқеии таҳлили сохтори иқтисодии ҷомеа фароҳам оварда шудааст [6, с. 161].
Дар асар масъалаҳои гуногуни марбут ба ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии аҳолии кӯҳистони Суғд дар асрҳои V–VIII мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, ба рушди ҳунармандӣ ва истеҳсолоти ҳунармандӣ, сохтори оила ва ҷамоаи деҳот, табақабандии иҷтимоӣ, шаклҳои гуногуни заминдорӣ ва равандҳои ташаккули муносибатҳои феодалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Ин масъалаҳо дар заминаи маводди воқеии бостоншиносӣ таҳлил гардида, барои таҳлили хусусиятҳои ташаккули феодализм дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамоянд [6, с. 162].
Асар аз ҳашт боб иборат буда, ҳар яке ба масъалаҳои мушаххаси илмӣ бахшида шудааст. Дар боби аввал хусусиятҳои таърихию ҷуғрофӣ ва маъмурии кӯҳистони Суғд мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Боби дуюм ба масъалаҳои намуд, сохтор ва марҳилаи рушди маҳалҳои деҳотӣ, аз ҷумла таъсири омилҳои экологӣ ва марҳилаҳои ташаккули онҳо бахшида шудааст.
Дар боби сеюм сохтори дохилии маҳалҳои деҳотӣ, аз ҷумла таркиби маҳаллаҳо, навъҳои манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти қасрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Боби чорум хусусиятҳои меъморӣ ва санъати амалии ин давраро дар бар гирифта, масъалаҳои тарҳрезӣ, унсурҳои дифоӣ, кандакорӣ ва санъати тасвириро таҳлил менамояд.
Боби панҷум ба таҳлили имконияти иқтисодӣ ва таркиби аҳолии маҳалҳои деҳотӣ (дар асоси маводди Гардани Ҳисорак) бахшида шуда, навъҳои гуногуни манзил (аз якҳуҷрагӣ то панҷҳуҷрагӣ) ва хусусиятҳои иқтисодии онҳо мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Дар боби шашум масъалаҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла истеҳсоли сафол (асрҳои V-VIII мелодӣ), оҳангарӣ ва дигар намудҳои касбу ҳунар таҳлил карда шудаанд.
Ниҳоят, боби ҳафтум ба масъалаҳои сохтори иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ бахшида шуда, дар он сохтори оила, ҷамоаи деҳот, табақабандии ҷомеаи суғдӣ, муносибатҳои феодалӣ, шаклҳои истисмор ва низоми идоракунӣ таҳлилу баррасӣ карда шудааст.
Ҳаминтавр, асари мазкур дар омӯзиши таърихи иҷтимоӣ-иқтисодии Суғд саҳми арзанда гузошта, барои дарки равандҳои мураккаби ташаккули феодализм дар минтақа аҳаммияти муҳим дорад.
Чунонки дар боло ишора гардид, дар солҳои 70-80-уми асри гузашта доираи таҳқиқот ва ковишҳои саҳроии академик Ю. Яъқубов ба таври назаррас васеъ гардида, натиҷаҳои илмии ин ҳафриётҳо дар асари ӯ «Деҳаҳои аввали асримиёнагии Кӯҳистони Суғд (оид ба масъалаи ташаккули феодализм)» ҷамъбаст ва таҳлили амиқи илмии худро ёфтаанд.
Яке аз дастовардҳои муҳимми илмии муҳаққиқ, ки аз муҳтавои ин таълифот бармеояд, нисбат ба назарияҳои қаблан мавҷудбуда амиқтар муайян намудани раванди ташаккули муносибатҳои феодалӣ дар минтақа мебошад. Агар то он замон аксари мутахассисон оғози ташаккули феодализмро ба асрҳои V-VI мансуб медонистанд, таҳлили ҳамаҷонибаи сарчашмаҳои бостоншиносӣ ва хаттӣ академик Ю Яъқубовро ба хулосае овард, ки ин раванд хеле пештар ҳанӯз дар асрҳои III-IV оғоз ёфтааст. Ин натиҷагирӣ ба даврабандии муосири таърихӣ, ки оғози давраи асрҳои миёнаро дар кишварҳои Шарқ, аз ҷумла дар таърихи халқи тоҷик, ба давраи давлати Сосониён нисбат медиҳад, мутобиқат мекунад [2, с. 35-40; 1, с, 23-28].
Дар пешгуфтори ин китоб, муҳаррири масъул олими барҷаста Б. Я. Ставиский аҳаммияти илмии асарро ба таври возеҳ арзёбӣ намудааст. Ба андешаи ӯ, муаллиф тавонистааст масоили марбут ба сохтори иҷтимоӣ, вазъи иқтисодӣ, низоми хоҷагидорӣ ва дар маҷмӯъ раванди ташаккули муносибатҳои феодалиро дар минтақа бо далелҳои муътамад ва таҳлили воқеъбинона асоснок намояд. Аз ин рӯ, муҳаррир нашри ин асарро ҳамчун падидаи муҳим дар рушди таърихнигории Осиёи Марказӣ ва махсусан Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.
Аз тарафи дигар, Б. Я. Ставиский ба сабаби дар асари мазкур пурра инъикос наёфтани масоили марбут ба дин ва эътиқоди динии мардуми Суғди тоисломӣ ишора намуда, зарурати рӯ овардани шогирди худро ба омӯзиши амиқи ин самт таъкид кардааст [4, с. 4]. Маҳз бо дар назардошти ҳамин норасоӣ ва камбудиҳои мавҷуда дар таҳқиқоти қаблӣ, Ю. Яъқубов пажӯҳиши илмии худро дар ин самт оғоз намуда, дар натиҷа асари бунёдии худ таҳти унвони «Дини қадими Суғд»-ро ба табъ расонид.
Асари «Дини Суғди қадим» («Религия древнего Согда»), ки соли 1996 дар ҳаҷми 260 саҳифа ба нашр расидааст, яке аз таҳқиқоти муҳим ва бунёдӣ дар соҳаи бостоншиносӣ ва таърихи динҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин китоб нахустин асари ҷамъбасткунандаест, ки ба таври мукаммал масъалаҳои марбут ба таърихи дини суғдиёнро баррасӣ менамояд.
Академик Ю. Яқубов ин асарро дар заминаи таҳлили ҳамаҷонибаи маводди бостоншиносӣ ва сарчашмаҳои хаттии авестоӣ таълиф намуда, бо истифодаи васеи сарчашмаҳои юнонӣ, арабӣ ва тоҷикӣ-форсӣ, инчунин маълумоти мардумшиносӣ ва топонимикаи таърихӣ ғанӣ гардонидааст. Чунин равиши мукаммали сарчашмашиносӣ имкон медиҳад, ки масъалаҳои динию эътиқодии суғдиён дар заминаи воқеиятҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба таври дақиқтар равшан гарданд [7, с. 161].
Дар асар ба масъалаҳои калидии марбут ба низоми эътиқодӣ ва мазҳабии суғдиён таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Бобҳои алоҳида ба омӯзиши ибодатгоҳҳо ва маъбадҳои оташ, инчунин парастиши худоён (бутҳо) бахшида шудаанд. Дар ин замина, хусусиятҳои маъадҳои оташ дар Кӯҳистони Суғд, ашёҳои марбут ба маросимҳои оташпарастӣ ва масъалаи се оташи муқаддас дар Тӯрон мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.
Ҳамзамон, масъалаи бутпарастӣ дар Суғди қадим ва робитаи он бо парастиши оташ ба таври илмӣ баррасӣ гардида, муносибати мутақобилаи ин унсурҳои эътиқодӣ муайян карда шудааст. Боби ҷудогона ба инъикоси маросимҳои дафн дар маводди тасвирӣ (иконографӣ)-и осори суғдӣ бахшида шуда, дар он инчунин баъзе тасаввуроти суғдиён дар бораи олами баъд аз марг таҳлил гардидаанд [7, с. 162].
Яке аз бахшҳои муҳимми асар ба омӯзиши худоёни авестоии олами охират ва нақши онҳо дар ҷаҳонбинии динии суғдиён ихтисос ёфтааст. Илова бар ин, дар китоб маводди марбут ба зурвонизм ва дигар ҷараёнҳои зардуштия ҷамъоварӣ ва мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифтаанд, ки барои дарки равандҳои таҳаввули эътиқодоти динӣ дар минтақа аҳаммияти назаррас доранд.
Хулоса, асари мазкур ҳамчун як пажӯҳиши бунёдӣ ва мукаммал дар самти омӯзиши таърихи дини суғдиён арзёбӣ мегардад. Академик Ю. Яқубов бо такя ба доираи васеи манбаъҳо ва истифодаи усулҳои муосири таҳқиқ, бахусус усули муқоисавӣ, тавонистааст низоми эътиқодии суғдиёни бостониро ба таври амиқ ва ҳамаҷониба таҳлил намояд. Гарчанде ки дар китоб ба мавҷудияти равияҳои гуногуни динӣ дар Осиёи Марказӣ ишора шудааст, диққати асосӣ ба омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни дини суғдӣ равона гардидааст. Дар натиҷа, ин асар на танҳо дар ғанисозии таърихнигории миллӣ саҳми назаррас мегузорад, балки барои таҳқиқоти минбаъда дар соҳаи таърихи динҳои қадимаи минтақа заминаи боэътимоди илмӣ фароҳам меорад.
Ҳамин тавр, таҳлили асарҳои академик Ю. Яъқубов нишон доданд, ки онҳо дар омӯзиши таърихи Болооби Зарафшон аҳаммияти бунёдӣ ва стратегӣ доранд. Ин осор, аз ҷумла «Фалғар дар асрҳои VII-VIII мелодӣ», «Деҳаҳои аввали асримиёнагии Кӯҳистони Суғд » ва «Дини қадими Суғд», як низоми ягонаи илмиро ташкил медиҳанд, ки тавассути он равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии минтақа дар давраи ибтидои асрҳои миёна ҳамаҷониба равшан мегарданд.
Яке аз дастовардҳои муҳимми ин таҳқиқот дар он аст, ки омӯзиши Болооби Зарафшон аз сатҳи тавсифӣ ба сатҳи таҳлили амиқи сохторӣ ва функсионалӣ бароварда шудааст. Академик Ю. Яқубов бо истифода аз маводи бостоншиносӣ, ҳуҷҷатҳои суғдии қалъаи Муғ, сарчашмаҳои хаттӣ ва маълумоти муқоисавӣ тавонистааст на танҳо воқеиятҳои таърихиро барқарор намояд, балки робитаи байни равандҳои иқтисодӣ ва тағйироти иҷтимоиро низ ошкор созад.
Дар натиҷа, метавон гуфт, ки асарҳои академик Ю. Яқубов як маҷмӯи ягонаи илмиро ташкил медиҳанд, ки дар он Болооби Зарафшон ҳамчун як фазои таърихии мураккаб бо робитаи зичи омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баррасӣ мешавад. Ин осор на танҳо барои таърихнигории миллӣ, балки барои рушди бостоншиносӣ ва омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ аҳаммияти бузурги назариявӣ ва методологӣ доранд.
-
Пирумшоев Ҳ. Даврабандии таърихӣ // Таърих ” хотираи гӯёи миллат. Маводи Конференсияи илмӣ-назариявӣ. ‚Масоили мубрами таърихнигории тоҷтк дар давраи муосир (Рашт. 5-6 ноябри соли 1916). ” Душанбе, 2017. ” С.23-28.
-
Пирумшоев Ҳ. Даврабандии таърихӣ: проблема ва назарҳо // Маводи конференнсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. ” Душанбе: ДДОТ, 2016. ” С.35-40;
-
Пирумшоев Ҳ. Равшангари таърихи кӯҳан. Проблемы археологии и истории Таджикистана. (К 80 летию со дня рождения академика Академии наук Республики Таджикистан Юсуфа Якубовича Якубова).- Душанбе: «Дониш». – 2017. С. 7-13
-
Ставиский Б.Я. От редактора. Предисл. К кн.:Якубов Ю. Раннесредневековые сельские поселения горного Согда (к прблеме становления феодализма). – Душанбе: «Дониш»,1988. – С.4.
-
Якубов Ю.Я. Паргар в VII-VIII вв. н.э.: (Верхний Зеравшан в эпоху раннего средневековья). – Душанбе: «Дониш»,1979. – 218 с.
-
Якубов Ю.Я. Раннесредневековые сельские поселения горного Согда. – Душанбе: Дониш, 1988. – 289 с.
-
Якубов Ю.Я. Религия древнего Согда. – Душанбе: Дониш, 1996.–195с.
Мудири шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии
ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
