RU
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ДАСТОВАРДИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ТАЪРИХ ВА ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК
 
Тоҷикему якдилу ҷонем,
Партави як субҳи тобонем.
Шуълаи як моҳи шомафрӯз,
Нури як хуршеди тобонем.
 
Ваҳдати мо – иқтидори мо,
Ваҳдати мо – ифтихори мо.
Сайидалӣ Маъмур
 
Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди таърихӣ ва рамзи сарҷамъии миллат аст, ки сулҳу субот ва рушди устувори давлатро таъмин менамояд. Ин арзиши муқаддас пояи асосии ободии Ватан ва пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар замони муосир, асри ҷаҳонишавӣ, сулҳу осоиш ва Ваҳдати миллӣ омили рушди ҷомеаи инсонӣ, аз ҷумла тамаддуни фарҳанг ба ҳисоб меравад. Ҷомеа фақат дар давраи сулҳу ваҳдат ва осоиши комил ба рушди фарҳанг, санъат муяссар мегардад. Яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеъаи инсонӣ дар тӯли таърих, инкишофи фарҳангу тамаддун ин сулуҳу осоиштагӣ ва Ваҳдати комил аст. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид, новобаста ба мушкилоти зиёди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту саноат далели пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон дар фарҳанг ва санъат мебошад. Ва барои пешрафти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол фазои мусоиди эҷодиву фарҳангӣ ва созандагию бунёдкориро фароҳам овард.
Раванди сулҳи Тоҷикистон нақши муборизро на танҳо ба пешрафти иқтисодиёту саноат, балки барои рушди фарҳангу ҳунари миллӣ низ гузошт. Зеро Ваҳдати миллии ҳамчун таҷассуми хиради халқи тоҷик як рукни муҳими фарҳанги миллӣ низ ба ҳисоб меравад. Истиқлолияти давлатӣ, ки бар ваҳдати миллии тавъам бо фарҳанги пурғановату куҳанбунёти тоҷикон пойдор аст, пайваста таҳким меёбад ва ин боиси мақоми арзанда ва устувор пайдо намудани Тоҷикистон дар радифи мамлакатҳои мутамаддин гардидааст. Ваҳдати миллӣ оғози марҳилаи нав ва осоиштаи рушди фарҳанги миллӣ гардид.
Дар замони Иистиқлолият Ваҳдат ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи қувваҳои ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаю муосир, анъанот, одоб ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи фарҳанг диққати хеле ҷиддӣ медиҳанд. Дар аксари баромадҳои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши фарҳанг дар ҷомеъа баҳои хеле баланд додаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки дар баробаи эҳёи давлатдории тоҷикон, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон нуфузу эътибори онро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи бесобиқа бояд баланд бардошт.
Дар шароити ваҳдати миллӣ муносибатҳои байналмилалӣ майдони равобити фарҳангиро васеъ менамоянд, имконияти эҳёи анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва беҳдошти асолати онро афзун мегардонад. Дар ин росто фарҳанги миллӣ барои таҳаввули муносибатҳои пешина ва намудҳои нави робита аҳамияти бағоят муҳиме пайдо мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистони тозабунёд бо анъанаҳои ҳазорсолаи фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеи баландро ишғол менамояд.
Дар асри XX ва оғози асри XXI, вобаста ба инкишофи ҷараёни мазкур вусъати тозаи шиддатнокро падид овард. Дарки авзои воқеӣ саволҳои зиёдеро оиди фарҳангшиносӣ ба миён меовард: муносибат ба мероси фарҳангӣ (омӯзиш, нигаҳдорӣ ва инкишофи минбаъдаи он), тарбияи насли наврас дар рӯҳи анъанаҳои миллӣ (эҳтиром ба калонсолон ва ахлоқи ҳамида), ин ҳама барқарор кардани мероси маънавиро тақозо менамояд. Дар бораи арзишҳои башардӯстона андеша карда, мо ногузир ба тафаккури пешқадам гузашта, таҷрибаи ҳаётии ҳамаи давраҳо ва наслҳо, ба ахлоқи ҳамидаи халқ, ки дар эҷодиёташ ифода ёфтааст, рӯ меоварем. Чунин ҷараёни худшиносии миллии аҳолии Тоҷикистон нишонаи пешравии муносибати онҳо ба мероси фарҳангӣ ҳисоб меёбад. Аз ҳамин сабаб, мо ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳем, ки халқ агар таърих, мероси миллӣ ва оғозгоҳи фарҳанги худро надонад, ҳувияти миллии хешро ҳифз карда наметавонад.
Боиси ифтихор аст, ки аз замони ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ то имрӯз, бахусус, дар лаҳзаҳои барои давлату миллати тоҷик сарнавиштсоз, баъди роҳбари давлат интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқи тоҷик дар симои ин шахсият сарвари ҳақиқии хешро дарёфт, фарҳангиёни тоҷик баҳри тарғибу татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон талош варзида, дар таҳкими истиқлолияти воқеии кишвар, сулҳу ризоияти миллӣ, осудагиву ободии Ватани азизамон дар радифи дигари табақаҳои ҷомеа содиқонаву софдилона саҳми худро гузоштанд.
Ҳамин тавр дар давраи Истиқлолият фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусу роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумуъ ёфт ва ба авҷи аълои тараққиёти худ расид. Албатта ҳамаи ин натиҷаи Истиқлолият ва Ваҳдати Миллӣ мебошад, зеро бе Истиқлолият ва Ваҳдату якдигарфаҳмӣ бе сулҳу осоиштагӣ ба ин муваффақиятҳо ноил гаштан амри маҳол аст.
 Ходими илмии шуъбаи таърихи санъати
Институти таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ
Қурбонова С.М.