RU
КАШФИЁТИ МУҲИМ ДАР ЁДГОРИИ «ЧОРТЕППА»: ОСОРИ МАРОСИМИ ДАФНИИ САКОӢ-БОХТАРӢ ОШКОР ГАРДИД
Гурӯҳи бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 17 июн то 17 июли соли 2026 дар гӯрхонаи №2-и ёдгории бостоншиносии «Чортеппа», воқеъ дар ноҳияи Данғара, корҳои ҳафриёти бостоншиносиро бомуваффақият анҷом доданд.
Дар ҷараёни ковишҳо, дар қисмати ҷанубу ғарбии бурише, ки масоҳати 4х4 (16м2)-ро ташкил медод, чӯби рост дарёфт гардид, ки он аз болои теппа то сатҳи қабати маданӣ рафта мерасид. Ҳамчунин, дар сатҳи хоки қадим (қабати маданӣ) осори оташ, устухони ҳайвон ва як кӯзаи сафолии давраи бостонӣ ошкор гардид. Ин бозёфтҳо аз эҳтимоли баргузории маросими ёдбуди дафн (тризна) ва қурбонӣ намудан дар назди қабр, ки ба суннатҳои маросимии аҳолии сакоӣ-бохтарӣ хос аст, шаҳодат медиҳанд. Ҳамчунин, дар наздикии маҳалли баргузории ин маросим як адад сарнайзаи оҳанӣ дарёфт гардид, ки аз робитаи ин маҷмааи дафнӣ бо муҳити фарҳангии аҳолии сакоӣ-бохтарӣ ва анъанаҳои ҷанговарии онҳо дарак медиҳад.
Натиҷаи таҳқиқот нишон медиҳад, ки сохтори ибтидоии худро нигоҳ доштааст. Гарчанде дар қисми марказии он хандақи санҷишӣ бо андозаи 2×2 метр ва умқи 3 метр кофта шуд, худи ҳуҷраи асосии дафн ошкор нагардид. Бо дарназардошти сохтори қӯрғон ва маълумоти стратиграфӣ, эҳтимол меравад, ки гӯрхона (ҳуҷраи дафн) дар умқи бештар ҷойгир мебошад. Аз ин рӯ, идомаи корҳои ҳафриётӣ барои муайян намудани сохтори пурраи қӯрғон ва омӯзиши ҳамаҷонибаи он зарур аст.
То имрӯз дар ҳудуди Бохтари Шимолӣ чунин навъи қурғонҳо (гӯртеппаҳо) мавриди ҳафриёти илмии бостоншиносӣ қарор нагирифта буданд. Ҳамзамон, дар қаламрави вилояти Хатлон осори марбут ба фарҳанги сакоӣ-скифӣ хеле маҳдуд ба қайд гирифта шуда буд.
Далелҳои илмии бадастомада аз таҳқиқоти ёдгории «Чортеппа» имкон медиҳанд, ки ин маҷмааи дафнӣ ҳамчун дафнгоҳи шоҳӣ (ашрофӣ)-и қавмҳои сакоӣ-бохтарӣ арзёбӣ гардад. Аз рӯи сохтори меъморӣ, тарзи бунёди қӯрғон ва хусусияти бозёфтҳо он ба машҳуртарин қӯрғонҳои шоҳии ҷаҳони сакоӣ, аз ҷумла қӯрғони Иссиқ (Қазоқистон), Толстая Могила (Украина) ва Пазирик (кӯҳистони Олтой) шабоҳат дорад. Эҳтимол меравад, ки дар ин ҷо яке аз пешвоёни қабила, сарлашкар ё намояндаи табақаи олии ҷомеаи сакоӣ-бохтарӣ гӯронида шудааст.
Ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ёдгории мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ оиди омӯзиши қурғонҳо як қатор нозукиҳо, аз ҷумла равиши сохтани он, ки аз қабатҳои мураттаби хокӣ муайян гардид, нишон медиҳанд, ки қурғонҳо на танҳо ҳамчун қабри ҳоким, балки ҳамчун зиёратгоҳ ва назргоҳ шинохта мешуд. Ҳалқаи сангӣ гирдогирди қурғонро печонида нишон медиҳад, ки барои мардуми оддӣ аз ин ҳалқа гузаштан мамнуъ буд. Инчунин барои тақвияти ин ақида устухонҳои ҳайвони қурбонишуда ва кӯзаи дар наздаш гузошташуда, далели равшани ин гуфтаҳост.
Омӯзиши чунин ёдгорӣ барои бостоншиносии Тоҷикистон падидаи комилан нав ба шумор рафта, барои таҳқиқи низоми иҷтимоӣ, фарҳанги дафн, ҷаҳонбинӣ ва таркиби этникии аҳолии Бохтари қадим аҳаммияти бузурги илмӣ дорад. Натиҷаҳои бадастомада замина фароҳам меоранд, ки ёдгории «Чортеппа» ҳамчун маҷмааи гӯртеппаҳои шоҳӣ (ашрофӣ)-и Хатлони бостонӣ эътироф гардида, дар омӯзиши таърихи этникӣ ва фарҳангии халқи тоҷик саҳифаи нав боз намояд.
Асомуддинзода С.А.,
мудири шуъбаи бостоншиносии ИТБМ ба номи А. Дониш
