Паёми табрикотии директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон УБАЙДУЛЛО НАСРУЛЛО КАРИМЗОДА ба ифтихори 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Устодон, кормандон, донишҷӯён ва ҳамдиёрони арҷманд!
Бо камоли эҳтиром Шумо, родмардони Ватан ва кулли сокинони сарбаланди кишварро аз номи ҳайати профессорон ва кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш бо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоем.
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврал ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷашн гирифта мешавад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки яке аз аркони муҳими давлатдорӣ дар баробари дигар унсурҳо мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар самти ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, ягонагии кишвар, марзу бум, тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ нақши калидӣ дорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷоъи худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд».
Аз таъсисёбии Артиши миллии Ватани азизамон - Тоҷикистон ҳамагӣ 29 сол сипарӣ шуда дар ин муддат мо роҳеро тай намудем, ки он бо арзиши таърихию тадбирҳои анҷомёфта қиммати чандин даҳсолаҳоро дорад.
Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Артиш барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худшиносиву меҳанпарастӣ мебошад.
Вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки сулҳи пойдор, тамомияти арзии Тоҷикистони азиз ва ваҳдати миллии халқи шарафмандамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод, ҳамдиёрони азиз!