RU
 
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БА ДАСТ ОВАРДАНИ СУЛҲИ ДЕРИНТИЗОРИ ТОҶИКОН
 
Дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, давлатҳои аз лиҳози сохтори сиёсӣ куллан мустақил ба вуҷуд омаданд, ки дар назди онҳо вазифаҳои ниҳоят муҳиму тақдирсоз, яъне, ҳамаҷониба мустаҳкам ва қавӣ гардонидани мустақилияти бадастоварда меистод ва дар қатори мамолики мутамаддини имрӯза сиёсати дохилӣ ва хориҷии хешро дар асоси принсипҳои байналхалқӣ ба миён гузоштан буд. Тоҷикистон, низ, аз зумраи чунин мамлакатҳои мустақил маҳсуб меёбад. Дар назди Тоҷикистон ҳам имрӯз вазифаҳои қавӣ гардонидани мустақилияти бадастоварда, муайян намудани сохтори нави давлатдории миллӣ ва муайян кардани асосҳои сиёсати дохилӣ ва берунӣ меистанд. Аммо, таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни ташаккулёбии сохти нави сиёсӣ бо якчанд сабабҳои объективию субъективӣ ниҳоят пуразоб ва аламнок сурат гирифт.
Воқеае, ки тирамоҳи соли 1991 дар Тоҷикистон сар зад, ба чандин сабабҳо ҳамбастагӣ дошт. Ин ҷараён қабл аз ҳама ба вазъияти ногувору душвори баамаломадаи иқтисодии он замон ва фалокати экологӣ (яъне натиҷаи ҷорӣ кардани сиёсати якказироатии пахта), ҷаҳонбинии танги қавмию авлодӣ вобастагии зич дошт. Ин омилҳо, дар натиҷа, ба муборизаи тезу тунди қавмиу авлодии байни мавзеъҳои аз лиҳози саноатӣ нисбатан тараққикардаи қисми шимолӣ ва сусттараққикардаи ноҳияҳои ҷанубу марказии Тоҷикистон оварда расонид. Сабаби дигари сар задани душвориҳо, ба дину мазҳаб сахт эътиқод доштани аҳолӣ ва вобаста ба ин инкишофи босуръати ҳизбҳои исломӣ ва ҳаракатҳое, ки барои ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ кӯшишу талошҳои зиёде ба харҷ медоданд, маҳсуб меёбад. Ба ғайр аз ин, муборизаҳои оштинопазири байни собиқ сарварони коммунистон ва қувваҳои миллӣ-демокративу исломӣ низ ба душвориҳои ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ сабаб гардиданд. Воқеаҳои ба ҳамагон маълуми моҳи августи соли 1991, ки дар қаламрави Русия сар заданд, ба қувваҳои мухолифин имконияти мувофиқе фароҳам оварданд, то бо дастгирии гурӯҳҳои манфиатдори қавмиву қабилаӣ ва вобастагӣ ба сохторҳои исломӣ, дар зери байрақи мубориза баҳри ба даст овардани демократия, мақсадҳои асосии дар пеш истодаи хеш, яъне, соҳиби ҳокимияти сиёсӣ шуданро амалӣ созанд.
Ҷанги шаҳрвандие, ки соли 1992 дар қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон сар зад, яке аз воқеаҳои калон ва хуношуб дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёфт. Ин воқеа ба оқибатҳои сангини иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва илмиву фарҳангӣ оварда расонид. Ба ғайр аз он, ин ҷанги бемаънӣ сабаби ҳалокати ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон шуда буд ва ба амалӣ кардани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол монеаи ҷиддӣ расонид.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ашхоси ба майдони сиёсӣ ворид гардида, ба хотири ҳарчи зудтар ба даст овардани ҳокимият бо мадади «душманони дохилӣ ва берунӣ», дар кишвари мо сабабгори сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва гуреза гаштани даҳҳо ҳазор мардуми осоиштаи ҷумҳурӣ гардиданд. Президенти ҷумҳурӣ, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 2007 ба ифтихори 10-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чунин ибрози ақида намуд: «Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки яке аз сабабҳои асосии ҷанги дохилии мо мансабталошӣ буд ва аз ҷониби дигар мубориза барои дигаргун сохтани низоми давлатии дунявӣ ба сохти давлатдории динӣ ҳарчи ошкортар мегашт».[1]
Бо баъзе маълумотҳо бар асари сар задани ҷанги бемаънӣ ва бародаркуш, аз тарсу ваҳми зиёд ва ҳарчи тезтар аз ин гирудорҳои нобаҳангом халос кардани ҷони хеш, зиёда аз якуним миллион одамон бо аҳли оила, қабл аз ҳама аз ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистгон, ба гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ табдил ёфтанд. Ба ғайр аз ин, зарари умумие, ки бар асари ин ҷанг ба вуҷуд омад, ба 7 миллиард доллари амрикоӣ баробар буд ва ба болои он зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қисми асосиашонро ҷавонони қувваи корӣ дошта ташкил мекарданд, қурбони гирудорҳои бемаънӣ ва талошҳои мансабталошиву ҳокимиятталабӣ гардиданд. Дар натиҷа, қариб 60 ҳазор кӯдакон бепарастор монданд, 25 ҳазор занони ҷавон бешавҳар шуданд. Ба болои чунин шикасту рехти сангин бисёр биноҳои истиқоматӣ, таълимӣ, муассисаҳои мадани-маърифатӣ, купруку роҳгузарҳо, ки бо заҳмати чандинсолаи меҳнаткашон барои беҳбудии зиндагии омма бунёд карда шуда буданд, дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби ғоратгарону ҳангоматалабон сӯзондаву хароб гардиданд.
Тезу тунд шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон метавонист ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хатари таркишноке оварад ва минбаъд сабаби дахолати қувваҳои беруна, қабл аз ҳама баъзе шаҳрвандони Афғонистону Эрон гардад.
Ҳолатҳои ба сӯи Тоҷикистон барангезонидани ҷангиёни саропо мусаллаҳ, ки аз ҷониби муҷоҳидони афғон махсус тайёр карда мешуданд дида мешуд. Масалан, танҳо дар муддати моҳҳои июл ва августи соли 1992 садҳо ҷангиён кӯшиши ба сарҳади Тоҷикистон гузаштанро карда, зиёда аз 400 нафари онҳо бо ҳар роҳ мусаллаҳ ба ҳудуди ҷумҳурии мо ворид гардиданд. Ба сарҳадбонон лозим меомад, ки зуд-зуд бо дастаҳои мусаллаҳи сарҳадшикан рӯ ба рӯ шаванд. Дар шароити сар задани ҷанги гражданӣ авҷ гирифтани қочоқи маводи мухаддир, ки асосан ба қаламрави Русия ва дигар мамолики муштаракулманофеъ ворид мегардид, бонги хатари ҷиддиро ба амал овард.
Роҳу самти нави ҳукумати қонунӣ, ки асоси онро қарорҳои таърихии Сессияи ХV ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хуҷанд, ноябри соли 1992) гузошт, натиҷаи зарурияти объективӣ буд. Шароите, ки ин ҷаласа кори худро идома медод, ниҳоят душвор ва фазояш гуногунақида буд. Махсусан, оқибатҳои ҷанги гражданӣ ва ҳанӯз мавҷуд будани муқобилияти ду тараф ба мубоҳисаҳои доманадор оварда мерасонид.[2]
Дар он сессияи таърихӣ дар қатори бисёр масоили ҷамъиятӣ, ҳарбӣ, сиёсӣ, инчунин, роҳҳо ва шаклу воситаҳои минбаъда ба Ватан баргардонидан, барқарор кардани хоҷагиҳои вайронгаштаи гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Гурезагон ба муҳоҷирони иҷбории давраи ҷанги шаҳрвандиро ба чаҳор гурӯҳ ҷудо кардан ҷоиз аст, ки ҳар кадоми он хусусиятҳои махсуси худро соҳибанд.
Ба гурӯҳи якум он муҳоҷирони иҷборие дохил мешуданд, ки пас аз ғорати моҳи феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе ҷумҳуриро тарк кардан гирифтанд. Ин ҷараён асосан то тирамоҳи соли 1992, вақте гурӯҳҳои ба ҳам муқобил рӯирост барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ муборизаи ошкорои мусаллаҳ оғоз карданд, давом кард.
Гурӯҳи дуввум шомили муҳоҷирони дохили ҷумҳурӣ аст . Ба ин гурӯҳ он деҳқононе дохил мешаванд, ки дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бо мақсади азхуд ва тахту ҳамвор кардани ҳазорҳо гектар заминҳои асрҳои аср бекорхобидаи водии Вахш муҳоҷир карда шуда буданд. Ин ҷараён ниммаи аввали соли 1992, ҳангоми аз ҷониби тарафҳои ба ҳам муқобил дар пойтахти ҷумҳурӣ, дар майдонҳои «Шаҳидон» ва «Озодӣ», ташкил кардани намоишҳо, сурат гирифт. Баъд аз он ки гирдиҳамомадагон ба ноҳияҳо баргаштанд, дар ҳама ҷо зиддиятҳои маҳалгароиву авлодӣ тезу тунд грдид. Чунин зиддиятҳои бемаънӣ моҳҳои июн-сентябри соли 1992 ба арши аъло расид. Дар натиҷа ҷараёни муҳоҷирати иҷбории дохилиҷумҳурӣ оғоз гардид, ки қисми асосии онро бошандагони вилояти онвақтаи Кӯлоб ташкил мекард.
Ба гурӯҳи саввумро гурезагоне ташкил мекарданд, ки дар ҷараёни тезу тунди оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакати ҳамсояи Афғонистон барои худ паногоҳ ҷустанд. Зеро, маҳз дар ҳамин вақт байни артиши ҳукумати қонунӣ, ҷабҳаи халқӣ ва қисми муайяни сокинони Ҷумҳурии Узбекистон задухӯрдҳои шадид рух дода буд. Таркиби иҷтимоии чунин гурезагонро асосан намояндагону истеҳсолкунандагони хоҷагии кишоварзӣ, саноат, маорифи халқу маданият ташкил мекарданд. Ҷараёни ба мамлакати ҳамсоя кӯч бастани гурезагон аз соли 1992 то ибтидои соли 1993 давом кард.
Гурӯҳи чаҳорум ва охиринро ба гурезагони сиёсӣ, ки дар Афғонистону дигар мамолики Шарқи Миёна ва нимҷазираи Арабистон паноҳ ёфтаанд, нисбат додан ҷоиз аст. Ба ҳайати чунин гурӯҳи гурезагон роҳбарони дастаҳои мусаллаҳи мухолифин, роҳбарону идеологҳои онҳо ва дигар қувваҳои зидди давлатӣ дохил буданд.
Муҳоҷирони иҷбории дохилиҷумҳурӣ дар ноҳияҳои нисбатан бехавф парешон шуданд, аз ҷумла зиёда аз 90 ҳазор одамон дар мавзеи Кӯлоб макон гирифтанд. Дар ҳамин мавриди ниҳоят сангин қувваҳои мусаллаҳи мухолифин, дидаву дониста, чанд моҳ аҳолии вилояти Кӯлобро дар ҳалқаи муҳосираи иқтисодӣ гирифтанд.
Дар давоми ин солҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ роҳу воситаҳои зиёде, аз ҷумла ба роҳ мондани сиёсати байналхалқӣ, кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки ҳарчи зудтар даҳҳо ҳазор гурезагони иҷбориро аз мамолики хориҷӣ бозоварда, дар ҷову макони пешинаашон ҷойгир кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон 9 феврали соли 1993 бо намояндагии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрда, оид ба роҳу воситаҳои ба Ватан баргардонидани гурезагон гуфтушуниди махсусро доир намуд. Аз рӯи маълумоти комиссияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаи гурезагон, дар ин муддат, дар қаламрави Афғонистон зиёда аз 30 ҳазор нафар муҳоҷирони иҷборӣ муваққатан ҳаёт ба сар мебурданд.[3] Ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон нисбатан дуру дароз идома ёфт ва ҷумҳурӣ хисороти ниҳоят зиёди моддӣ ва маънавӣ дид. Иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба душвории ниҳоят сангин дучор шуд. Дар ноҳияҳое, ки зери муҳосираи қувваҳои даргир монда буданд, гуруснагӣ дида мешуд.
Таҷрибаи таърихӣ нишон дод, ки роҳи ба даст овардани сулҳ дар Тоҷикистон кори соддаву оддӣ набуда, баръакс, ниҳоят печ дар печ ва душвор буд. Расо се солу се моҳ фурсат лозим шуд, то гуфтушуниди сулҳи деринтизор байни ҳукумати қонунӣ ва иттиҳоди мухолифини тоҷик (ИМТ) баста шавад. Дар ин муддат, дар чандин мамолики хориҷӣ зиёда аз бист вохӯриҳои расмӣ байни намояндагони ҳукумати қонунӣ ва ИМТ доир гардид. Дар охир, баъд аз як соли робитаи пешакии тарафҳо дар шаҳри Москва (6-9 моҳи апрели соли 1994) давраи аввали гуфтушуниди байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ доир шуд.
Ин вохӯрии аввал ва ниҳоят душвори тарафҳо ба ҳисоб мерафт,- ба хотир меоварад собиқ вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ш. Зуҳуров. Зеро, аз рафти самараноки он маълум мешуд, ки минбаъд ба муқобили якдигар истодан хотима дода мешавад ва ё муқобилат нишон додан идома меёбад.[4] Ҳаминро бояд қайд намуд, ки вохӯрии аввали гуфтушуниди тоҷикон дар шароити бағоят душвори ҳарбӣ-сиёсӣ доир гардид. Зеро, қувваҳои асосии мухолифин дар наздикии шаҳрҳои Қундуз, Талукан, Ҳазагар ва Файзободи Афғонистон гирд оварда шуда буданд, ки ҳар вақт метавонистанд ба хоки Тоҷикистон гузаранд.
Намояндагии махсуси муншии умумии СММ дар Тоҷикистон дар зарфи 7 солу 4 моҳ вазифаи сулҳу оштии миллиоварро адо кард. Ин ташкилоти байналхалқӣ пас аз муроҷиати Раиси Шӯрои Олӣ Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз моҳи декабри соли 1992, ба унвони котиби Генералии СММ, дар рӯзҳои аввали ба итмом расидани кори Сессияи XYI ғайринавбатии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, фаъолияти хешро дар Тоҷикистон дар вақти ниҳоят душвор ва тақдирсоз оғоз кард.
Раиси Шӯрои Олӣ Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 декабри соли 1992 ба унвони Котиби Генералии СММ, ҷаноби Бутрос Бутрос Ғоли, мактуб фиристод ва хоҳиш кард, ки ба Тоҷикистон намояндаи нозири СММ-ро бо мақсади ҳамкорӣ ва аз байн бурдани ихтилофи байни гурӯҳҳои ба ҳам зид равона кунад. Гурӯҳи авали нозирон дар айни авҷи ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷумҳурӣ омад.
Моҳи январи соли 1993 гурӯҳи начандон калони коркунони СММ ба Тоҷикистон омад ва дар шаҳри Душанбе намояндагии ин ташкилоти байналхалқӣ кори худро оғоз кард. Дар давраи фаъолияти хеш дар Тоҷикистон Намояндагии Нозирони СММ бо Ҳукумати ҷумҳурӣ на танҳо доир ба танзим овардани низоъи сиёсии байни тоҷикон, инчунин, ба баҳо додани вазъияти гуманитарӣ, баргардонидани гурезаҳо ва баъди ба анҷом расидани воқеаҳои сиёсӣ дар кор карда баромадани лоиҳаи барқароркунии хоҷагии халқ ва инкишофи сохтори мамлакат, корҳои назаррасро ба сомон расонид.[5]
Ҳамин тавр, давраи аввали гуфтугӯ, ки хишти аввали таҳкурсии сулҳ ва устувориро дар Тоҷикистон гузошт, дар шароити ниҳоят душвору тақдирсози ҳарбӣ-сиёсӣ кори худро ба сомон расонд.
Давраи дуввуми гуфтушуниди байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ таҳти сарпарастии СММ ва бо иштироки нозирон аз Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳрии Исломии Эрон, Покистон, Федератсияи Русия, Шӯрои амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз 18 то 28 июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд.
Дар рафти давраи дуввуми гуфтушунид мухолифин ҳаракат мекард, ки талабҳои аз будаш зиёдро коре карда бар дӯши ҳукумати қонунӣ бор кунад. Зеро, мухолифин ба қувваи худ, ки нисбат ба довари хеш бартарӣ дошт ва тарафҳои иртиҷоӣ дастгирӣ мекарданд, такя мекард. Аммо, алакай тобистони соли 1994 мухолифин чунин бартариро аз даст дода буданд.
Воқеаи бузурге, ки дар ҳаёти сиёсии ду мамлакат рух дод ин моҳи маи соли 1993 ба Русия сафар кардани роҳбари давлати Тоҷикистон буд. Гуфтушуниди байни намояндагони Тоҷикистону Русия дар Маскав дар муносибатҳои дӯстонаи ин ду мамлакат саҳифаи навро оғоз намуд.
Давраи саввуми гуфтушуниди тарафҳо аз 20 октябр то 1 ноябри соли 1994 дар Исломобод бо иштироки ҳайати намояндагие, ки дар Теҳрон кору амал мекард, доир гардид. Дар ин давраи гуфтушунид тарафҳо протоколи таъсис ёфтани комиссияи муштарак оид ба татбиқи Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва қатъи дигар амалиёти душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишварро ба имзо расониданд.
Дар интихоботи моҳи ноябри соли 1994 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид. Мухолифин оид ба ин интихобот бо изҳороти А. Тӯраҷонзода ба радиостансияи «Садои Тоҷикистони озод» диққат ҷалб карда, баён намуданд, ки мухолифин андеша доранд минбаъд ба муқобили тартиботи имрӯзаи Душанбе амалиётҳои ҳарбиро вусъат диҳанд.
Роҳбарони мухолифини тоҷик дар ибтидои соли 1995 якчанд шартҳои беасосу дағали пешакӣ пешниҳод намуданд, ки онҳо сабаби борҳо ба қафо партофтани ҷараёни гуфтушуниди байни тоҷикон гардид. Вазъияти тезу тунди ҳарбӣ-сиёсиро ба эътибор гирифта, 25 январи соли 1995 президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба унвони котиби Генералии СММ мактуб равон карданд.
10 феврали соли 1995 дар шаҳри Алма-ато машварати шӯрои сарварони давлатҳои муштаракулманофеъ баргузор гардид. Дар ин машварат намояндагони Русияву Тоҷикистон ширкат дошта, ба имзо расидани чунин ҳуҷҷати муҳим «Номаи Дипломатӣ (Меморандум) оид ба дастгирии сулҳ ва устуворӣ дар мамолики муштаракулманофеъ, мавқеи асосиро ишғол мекард.
Иштирокчиёни вохурӣ Муроҷиатномаи президентҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистонро ба Раиси Шӯрои Бехатарии СММ барои дар ҶТ дар зери ҳимояи СММ гузаронидани амалиёти ҳақиқатан ҳам башардӯстона ҳаматарафа тарафдорӣ намуданд. Ин қарор маънии онро дошт, ки ташаббуси Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба қувваҳои мамолики муштаракулманофеъ додани статуси (вазъият, ҳолат) «қувваҳои башардӯстона дар зери сарпарастии СММ», ки 30 моҳи сентябри соли 1994 дар Ассамблеяи Генералии СММ изҳор дошт, дастгирӣ карда шавад.
Дар таърихи 17 то 19 моҳи маи соли 1995 дар шаҳри Кобул вохӯрӣ дар сатҳи олӣ барпо гардид, ки дар он Президенти Давлати Исломии Афғонистон, Бурҳониддин Раббонӣ, намояндаи махсуси Муншии умумии СММ Р. Перес Баллон, ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон иборат аз 8 нафар бо сардории Президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳаракати наҳзати исломӣ Саид Абдуллоҳи Нурӣ ширкат варзиданд.
Баъд аз машварату муҳокимаҳои тӯлонӣ ва баҳсу мунозираҳо байни ҳайатҳои намояндагӣ атрофи масоили оштии миллӣ ва дар Тоҷикистони офатзада барқарор кардани сулҳу салоҳ изҳорот қабул карда шуд. Изҳорот, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҳаракати наҳзати исломӣ Саид Абудуллоҳи Нурӣ 19-ми маи соли 1995 ба имзо расид, дар қатори дигар масоили мубрам, масъалаи бозовардани гурезагон ва муҳоҷирони иҷбориро низ фаро гирифта буд. Аз рӯзи 22 май то 1 июни соли 1995 дар шаҳри Алма-ато таҳти сарпарастии СММ ва бо иштироки нозирон аз Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Покистон, Федератсияи Русия, Узбекистон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲЕ) ва созмони Конфронси Исломӣ давраи чоруми гуфтушуниди байни тоҷикон баргузор гардид.
Дар таърихи барқарор кардани сулҳи пойдор ва мусолиҳаи миллӣ дар Тоҷикистон мавқеи калонро ба ном мулоқоти ғоибона бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, сарвари мухолифин Абдулло Нурӣ ва бо миёнаравии намояндаи махсуси Муншии умумии созмони Миллали Муттаҳид Р. Перес- Баллон, ки дар шаҳрҳои Душанбе-Кобул доир гардид, бозӣ мекард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари мухолифин Абдулло Нурӣ барои риояи таъмини манфиатҳои олии халқи тоҷик нияти ҷиддӣ дошта таъкид мекунанд, ки музокира ва ҳамкорӣ василаи зарурии дастрасӣ ба сулҳи устувор дар кишвар мебошад.
Нимаи дуввуми моҳи октябри соли 1995 дар шаҳри Москва маҷлиси бошукӯҳи шӯроҳои сарварони давлатҳои муштаракулманофеъ доир гардид. Дар он намояндагони расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд. Дар байни масоили муҳокимашаванда чунин масъалаҳо – давраи додани муҳлати дар Тоҷикистон боз мондани Комиссияи Қувваҳои сулҳпарвар ва муҳлати фаъолияти қарори Шӯрои давлатҳо «Оид ба чорабиниҳои муътадил гардонидани вазъи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон» буданд.[6]
Пас аз марҳилаи дуввуми давраи панҷуми гуфтушуниди байни тоҷикон дар шаҳри Ашқобод аз 11-12 моҳи марти соли 1996 дар Душанбе иҷлосияи махсуси маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он гузориш «Оид ба фаъолияти Комиссияи Ҳукуматӣ дар гуфтушуниди байни тоҷикон» шунида шуд. Дар ин ҷаласа Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад карда, нишон доданд, ки тамоми низоъҳо бо роҳи гуфтушуниди тарафайн ва сулҳ ҳал карда мешавад. Ӯ таклиф гузошт, ки тирпарронӣ абадан бас карда шуда, давраи минбаъдаи гуфтушуниди тоҷикон дар ҳудуди Тоҷикистон доир гардад.
Дар ин давра вазъияти муташанниҷ дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон мушоҳида карда мешуд.
Дар чунин вазъияти ниҳоят мушкил ибтидои моҳи декабри соли 1996 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар гузориши хеш ба рӯзномаи «Независимая газета» изҳор карданд, ки аз ҷониби ҳукумат доимо ва пай дар пай оиди ба низом даровардани низоъи байни тоҷикон, қадамҳои чобуконаву матин гузошта шуданд ва оид ба масоили ниҳоят тезу тунд ва тақдирсоз низ гузаштҳо карда шуданд. Аммо, мухолифин афсус, ки чун ҳарвақта, ба ин масъалаи тақдирсоз ба таври манфӣ назар афканда, танҳо оид ба давом додани оташбас дар муддати се ва ё шаш моҳ розигӣ баён менамуду бас.[7]
Баъдан Президент дар изҳороти хеш рӯирост қайд карданд, ки мо барои иштироки мухолифин ба сохтори идоракунии ҳамадараҷа, яъне аз деҳот сар карда то дастгоҳи болоии давлатӣ имкониятҳоро фароҳам меоварем. Маълум, ки чунин нуқтаи назар дар ҳуҷҷатҳои қабулкардаи пешина, дар рафти гуфтушуниди тоҷикон, аз ҷумла дар протоколи машҳури барқарории сулҳу салоҳ, аз 17 моҳи августи соли 1995, таҷассум ёфтааст.[8]
Ҳукумати Тоҷикистон ва ИМТ ибтидои моҳи декабри соли 1996 дар гуфтугӯи байни якдигар ба муваффақиятҳо ноил гаштанд. Масалан, 10 ва 11 моҳи декабри ҳамин сол президент Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллои Нурӣ дар шаҳри Хосдеҳи шимоли Афғонистон вохӯрии пешакӣ доир карда, ба вохӯрии дар пеш истодаи сатҳи боло, ки бояд дар шаҳри Москва баргузор мешуд, замина гузоштанд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Саидабдуллои Нурӣ матни лоиаҳои созишномаи вохӯрии Хосдеҳро, ки мебоист дар вохӯрии расмии шаҳри Москва ба ҳукми қонун медаромад, пешакӣ ба имзо расониданд. Мазмуни асосӣ ва аз он иборат буд, ки то 1 моҳи июли соли 1997 мухолифати мусаллаҳона бояд ба охир мерасид, яъне гуфтугуи байни тоҷикон дар зарфи 12-13 моҳ ба анҷом расида, сулҳи пойдор баста мешуд. Аз 13 то 19 декабри соли 1996 дар Москва байни президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари ИМТ Саидабдуллои Нурӣ гуфтушунид доир гардид.
Ҳукумати Ҷмуҳурии Тоҷикистон мехост ба Комиссияи оштии миллӣ танҳо вазифаи маслиҳатгарро диҳад ва махсусан муқобили ба он додани ҳуқуқи баробарӣ дар ташаккул ёфтани ҳукумат баромада буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИМТ Саидабдуллоҳи Нурӣ бо дарки натиҷаи ҳалокатовари муқовимати ҳарбию сиёсӣ, эҳсоси баланди ояндаи халқу давлати тоҷик 23 декабри соли 1996 дар шаҳри Москва во хӯрда, ба созиши зерин расиданд: дар тӯли 12-18 моҳи баъди имзои Созишномаи мазкур бояд гуфтушуниди байни тоҷикон ва татбиқи созишномаҳо, ки дар рафти он имзо мешаванд ба анҷом расонида шавад. Аз лаҳзаи имзои ҳамин созишнома дар муддати тамоми давраи гуфтушуниди байни тоҷикон оташбаси доимӣ ва қатъи ҳамаи амалиёти душманона эълон карда шавад.[9]
Бегоҳии 23 моҳи декабри соли 1996 бо иштироки раиси Шӯрои вазирони Федератсияи Россия В. Черномирдин протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва Саидабдуллои Нурӣ имзо карда шуд. Дар ин ҳуҷҷати таърихӣ зикр карда шуда буд, ки бо назардошти он ки дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллии Тоҷикистон марҳалаи сифатан наве оғоз ёфтааст, тарафҳо Созишномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари ИМТ Саидабдуллои Нуриро ба асос гирифта, қарор доданд барои давраи гузариш Комиссияи оштии миллӣ таъсис диҳанд.
Баъд аз муҳокима ва қабули ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршуда, инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сардори ИМТ Саидабдулло Нурӣ ба ҳамватанон муроҷиат намуданд, ки он ҳам дар роҳи оштии миллӣ ва таҳкими сулҳу салоҳ дар он солҳо мавқеи худро низ бозид. Дар ин ҳуҷҷати тақдирсоз, аз ҷумла, чунин изҳор карда шуда буд: «Мо-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари ИМТ Саидабдуллои Нурӣ дарду машақат ва орзуву омоли шуморо бо ҳам дида, масъулияти хешро дар назди шумо ва наслҳои оянда дарк карда, ибтикори роҳбарии Русия ва намояндагии СММ дар Тоҷикистонро пазируфта, расман дар Маскав во хӯрдем. …Мо тасмими сиёсӣ гирифта, Комиссияи мусолиҳаи миллӣ таъсис намудем. Ният дорем якҷоя чунон ислоҳоту дигаргуниҳои демократиро амалӣ созем, ки онҳо муқовимати низомиро пурра аз байн баранд ва гуногунақидагии сиёсӣ меъёри умумии иҷтимоӣ гардад.»[10]
Дар ин шароити номӯътадили ҳарбӣ-сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳайатҳои тарафҳо рӯзҳои 5-19 январи соли 1997 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари ИМТ Саидабдуллоҳи Нурӣ дар шаҳри Теҳрон таҳти сарпарастии СММ дар бобати масъалаҳое, ки дар созишнома ва Протоколи рӯзи 23 декабри соли 1996 дар Москва имзокардаашон зикр шудаанд, музокира намуданд.
Бо сабаби он ки дар раванди гуфтушунид душвориҳо пеш омаданд, бо мақсаде, ки Комиссияи оштии миллӣ ҳар чи зудтар ба кор оғоз намояд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдулло Нурӣ дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон 20-21 феврали соли 1997 во хӯрда, Протоколи иловагиро ба Протокол «Дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ» қабул карданд: Дар Протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ, ки 23 декабри соли 1996 имзо шудааст, аз банде, ки ба ислоҳоти ҳукумат таалуқ мегирад, (охири саҳ.1) ибораи «ба миқдори баробарӣ намояндаҳои тарафҳо дар комиссияи оштии миллӣ» бароварда шавад. Бо намояндагони мухолифин (ИМТ) дар сохторҳои ҳокимияти иҷроия ва шумули вазоратҳо, идораҳо, мақомҳои ҳокимияти маҳаллӣ, мақомҳои суд ва прокуратура бо назардошти усули минтақавӣ фоизи ҷойҳо ҷудо карда шавад.[11]
Аз 26 моҳи феврал то 8 моҳи марти соли 1997 дар шаҳри Маскав давраи ҳафтуми гуфтушуниди байни тоҷикон доир шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ бо нияти амиқ баррасӣ кардани масоиле, ки чорчӯби музокироти байни тоҷикон арзёбӣ мешавад, 16-18 майи соли 1997 дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳри Бишкек во хӯрданд. Дар меморандуми қабул кардашуда инчунин зикр карда шуда буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ИМТ тасмим гирифтанд, ки масъалаи ивази асирони ҳарбӣ ва маҳбӯсон ҳамаҷониба ҳангоми гуфтушунидҳои минбаъда дар Теҳрон ва Маскав баррасӣ шуда, барои татбиқашон механизми мувафақе тайёр карда шавад.[12]
Ба ғайр аз Протокол 28 маи соли 1997 дар давраи ҳаштуми гуфтушунид, дар шаҳри Теҳрон, тарафҳо инчунин ҳуҷҷати таърихии дигар, яъне бо номи «Дикларатсияи Теҳрон»-ро муҳокима ва қабул карданд. Дар ин ҳуҷҷат таъкид шуда буд, ки дар давоми ду марҳалаи давраи хотимавии музокирот дар Теҳрон пешрафти назаррасе ҳосил шуд: оид ба аксарияти мавзӯъҳои Протоколи сиёсӣ, ки дар вақти вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИМТ Саидабдуллои Нурӣ 18 маи соли ҷорӣ дар Бишкек ба имзо расид, мувофиқа ҳосил шуд, ҳамчунон Протоколи Кафилони татбиқи Созишномаи умумӣ дар бораи барқарории сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон тайёр ва ба имзо расид.
Ҳамчунон аҳамияти ду вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИМТ Саидабдуллои Нурӣ, ки моҳи июли соли 1995 дар Теҳрон ва феврали 1997 дар Машҳад доир шуданд, дар раванди сулҳ бебаҳост.[13]
24 моҳи июни соли 1997 ду нафар намояндагони Тоҷикистон яке бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва дигари бо роҳбарии ИМТ Саидабдуллои Нурӣ бо мақсади ба имзо расонидани Созиши умумӣ оид ба барқарор кардани сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ дар Тоҷикистон ҷамъ омада буданд. Ҳарчанд, ки лоиҳаи созиши умумӣ, сохти вай, дар байни тарафҳо пешакӣ маслиҳад шуда бошад ҳам, аммо ИМТ бо сиёсати хеш содиқ монда, ҳаракатҳои зӯроварӣ ва талабҳои таҳдидомезро бакор мебурданд.
Дар арафаи дар Москва ба имзо расидани созиши умумӣ доир ба сулҳ Эмомалӣ Раҳмон (26 июни соли 1997) бо собиқ вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Е. Примаков суҳбат ороста, ӯро бо вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос кард. Дар рафти суҳбат инчунин ба масоили вазъи кишвар ва вазъият дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон дахл карда шуд. Оид ба мустаҳкам кардани муносибати байни Росияву Тоҷикистон мубодилаи афкор доир гардид.[14]
27 июни соли 1997 Президент Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саидабдуллои Нурӣ ва намояндаи махсуси Муншии умумии СММ дар Тоҷикистон Герд Меррем созишномаи умумӣ дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва изҳороти Москва ба имзо расониданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИМТ Саидабдуллои Нурӣ дар ҳузури Герд Мерри, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Е. Примаков ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон Алӣ Акбари Вилоятӣ Протоколро низ ба имзо расониданд.
Дар созишномаи умумӣ зикр шудааст, ки бо мақсади дастрасӣ ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва барҳам додани оқибати ҷанги шаҳрвандӣ аз 5 апрели соли 1994 сар карда то ҳамин рӯз зери сарпарастии СММ гуфтушуниди байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ давом кард. Ҳангоми ҳашт давраи гуфтушуниди байни ҳайатҳои хукуматӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик (ИМТ), ки минбаъд тарафҳо номида мешаванд ва дар Алма-ато, Ашхобод , Бишкек, Исломобод, Кобул, Машҳад (Эрон), Маскав, Теҳрон ва Хосдеҳ (Афғонистон) баргузор шуданд, шаш мулоқоти Президенти ҶТ ва Роҳбари ИМТ, ҳамчунон, се машварати тарафҳо, прокол ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар маҷмӯъ созишномаи умумиро дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (Созишномаи умумӣ) ба миён меоранд, мувофиқа ва имзо шуданд.[15] Ин созишнома ҳовии асноди зерин аст:
Протокол дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, аз 17 августи соли 1995; Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ аз 18 маи 1997 Созишномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ оид ба ҷамъбасти вохӯриашон дар Москва 23 декабри соли 1996, ки ҷузъи он мебошад; Протокол «Дар бораи вазифа ва ваколатҳои асосии Комиссися оштии миллӣ» аз 23 декабри соли 1996; Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ аз 21 феврали с. 1997; Протоколи иловагӣ ба Протокол «Дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ» аз 21 феврали соли 1997; Протоколи масъалаҳои низомӣ; Протокол оид ба масъалаҳои гурезаҳо аз 13 январи соли 1997; Протокол бар бораи кафилони татбиқи Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 28 маи соли 1997.[16]
Дар мавриди ба имзо расидани созишномаи Умумӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки «Таҷрибаи талхи мо ба таври раднопазир исбот кард, ки танҳо бо роҳи сулҳ оромиву якдигарфаҳмиро дар мамлакат ба даст овардан имконпазир аст. Роҳи тайкардаи мо ба суи сулҳу салоҳ роҳи осон набуд. Барои онки ин воқеаи тақдирсозро тайёр кунем ба мо лозим омад, ки баёзан қувваи аз будаш зиёдтар бакор бурда, иродаи қавӣ ва худидоракуниро бакор барем. Баробари ин мо қадам ба қдам баъзан ба ноумедиҳо дучор шуда, ба якдигарфаҳмӣ омада мерасидем.»[17]
Дар созишномаи умумӣ, ки 27 моҳи июни соли 1997 дар шаҳри Маскав дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон қабул карда шуда буд зикр меоварад, ки бо мақсади дастрасӣ ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва барҳам додани оқибати ҷанги шаҳрвандон аз 5 апрели 1994 сар карда то ҳамин рӯз зери сарпарастии СММ гуфтушуниди байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ давом кард. Ҳангоми ҳашт давраи гуфтушуниди байни ҳайатҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик (ИМТ) дар шаҳрҳои Алма-ато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул, Машҳад (Эрон), Москва, Теҳрон ва Хӯсдеҳ (Афғонистон) баргузор шуданд, шаш мулоқоти Президенти ҶТ ва Роҳбари ИМТ, ҳамчунон се машварати тарафҳо протокол ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар маҷмӯъ Созишномаи умумиро дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (Созишномаи умумӣ) ба миён меорад, мувофиқа ва имзо шуданд.[18]
Баъдан дар ин ҳуҷҷати тақдирсоз зикр шуда буд, ки Президенти ҶТ ва Роҳбари ИМТ мувофиқа ҳосил намуданд, ки бо имзои ҳамин Созишномаи умумӣ марҳалае шурӯъ мешавад, ки Созишномаҳои ҳосилшуда ба таври умумӣ ва алоқамандӣ бо ҳам иҷро мешаванд, ки ин ба моҷарои бародаркушӣ дар Тоҷикистон ба таври абадӣ хотима мегузорад, ҳамдигарбахшӣ ва авфро таъмин мекунад, гурезаҳоро ба зодгоҳашон бозмегардонад, барои инкишофи демократии ҷомеа, гузаронидани интихоботи озод ва барқарор кардани кишвар, ки аз моҷарои бисёрсола хароб шудааст, шароит фароҳам месозад. Нишонаи олии миллии кишвар сулҳ ва ваҳдати миллии ҳамаи тоҷикистониҳо, сарфи назар аз миллият, диди сиёсӣ, эътиқоди динӣ ва мансубияти маҳаллӣ хоҳад буд.[19]
Дар изҳороти дар Москва қабул кардашуда бо қаноатмандӣ гуфта шуда буд, ки гуфтушуниди байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ бомуваффақият ба анҷом расид. Пас аз панҷ соли муқовимати шаҳрвандон, ки дар таърихи бисёрасрии кишвар яке аз саҳифаҳои фоҷианоктарин мебошад, рӯзи умед, бовари ба ақл, ки солҳо интизораш будем, фаро расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба Созмони Миллали Муттаҳид, ки таҳти сарпарастӣ ва миёнаравии он се сол гуфтушуниди байни тоҷикон давом дошт, миннатдории амиқ изҳор менамояд, ки СММ дар татбиқи созишномаҳои ҳосилшуда низ ба Тоҷикистон ёрӣ мерасонад.
Ба ғайр аз фикру мулоҳизаҳои дар боло зикр шуда, дар ҷараёни гуфтушунид Протокол оид ба ҳамдигарфаҳмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ бо мақсади такмили раванди оштии миллӣ дар Тоҷикистон рӯзи 27 июни соли 1997 дар Москва, дар вохӯрии хоссе ба имзо расид, ки масъалаҳои марбут ба мустаҳкам кардани ҳисси боварии тарафайнро ба миён гузошт.
Дар натиҷаи он вохӯрӣ мувофиқаи зерин ҳосил гардид: маҷлиси аввали Комиссияи оштии миллӣ бо мақсади баррасӣ ва ба парламенти Тоҷикистон пешниҳод кардани Қонун дар бораи авфи умумӣ дар Москва то 7 июли соли 1997 даъват карда шавад; бо нияти татбиқи он қисмати Меморандуми Бишкек аз 18 маи соли 1997, ки ба масъалаи табдили асирони ҳарбӣ ва маҳбӯсон бахшида шудааст, чун рамзи ҳисси эҳтиром то 15 июли соли 1997 50 нафари асирон ва маҳбӯсон, аз ҷумла ҳамаи онҳое, ки пас аз феврали соли 1997 бандӣ шудаанд, озод карда шаванд.[20]
Ҳамин тавр, гуфтушуниди тоҷикон, ки аз соли 1994 дар зери ҳимояи СММ гузаронида мешуд, моҳи июни соли 1997 бо қабул кардани Созишномаи умумӣ бомуваффақият ба анҷом расид. Ва ин сулҳи деринтизор ба хонаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон офтоби бахту саодатро шӯълабор кард.
 
Абулҳаев Рақиб –
доктори илмҳои таърих, профессор
 

[1] http://www.president.tj/node/197; Комиссияи Оштии Миллӣ – вазифа ва салоҳиятҳои он. Нашри ҳайати нозирони СММ дар Тоҷикистон (ХНСММТ). Ноябри соли 1998. – С. 56.
[2] Махонина С. Военно-политическое содружество между Россией и Таджикистаном в 1993-1999гг. - Душанбе, 1999. - С. 73-74.
[3] Дубовицкий В. Око тайфуна. - Душанбе, 1999. - С.70.
[4] Азия плюс, 23 июни с. 2005.
[5] Назаров Т.Н. Асари номбурда. - С.153.
[6] Информационный бюллетень МИД РТ.-1995. - № 8. - С. 11.
[7] Независимая газета. -1996. - 3 дек.
[8] Ҳамон ҷо.
[9] Роҳи Сулҳ…- С. 73-74.
[10] Роҳи сулҳ… - С. 76-77.
[11] Протоколи иловагӣ ба протокол «Дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссия оштии миллӣ» // Роҳи сулҳ… - С. 81.
[12] Роҳи сулҳ... - С. 98-99.
[13] Роҳи сулҳ.. - С. 104-105.
[14] Инфорационный бюллетень МИД РТ. – 1997. - № 9. - С. 56.
[15] Роҳи сулҳ… - С.106-107.
[16] Роҳи сулҳ… - С. 107.
[17] Белов Е. В. Асари номбурда. - С.77.
[18] Роҳи сулҳ… - С.106-107.
[19] Роҳи сулҳ… - С. 107.
[20] Роҳи сулҳ…с.110-111.