RU
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Бо таъсиси Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) 30 декабри соли 1922 ва татбиқи сиёсати тақсимоти миллӣ-маъмурӣ соли 1924, барои тоҷикон марҳилаи нави таърихӣ оғоз гардид. Дар натиҷаи ин ислоҳот, 14 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶМШСТ) дар ҳайати Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Ӯзбекистон ташкил ёфт. Маҳз дар ҳамин давра номи «Тоҷикистон» дар таърих расман сабт гардид. Бо талошу ҷонфидоии фарзандони фарзонаи миллат Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигарон 16 октябри соли 1929 Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҶШСТ) дар ҳайати ИҶШС ташкил гардид ва ба ҳайси ҳафтумин ҷумҳурии иттифоқӣ шомили Иттиҳоди Шуравӣ шуд.
Дар давраи шуравӣ халқи тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардид: рушди иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳо. Аммо бо вуҷуди ин ҳама, Тоҷикистон ҳамчун як ҷумҳурии иттифоқӣ соҳибихтиёрии комил надошт ва сиёсати умумии кишварро марказ - Маскав муайян мекард.
Дар солҳои 80-уми асри ХХ, дар замони бозсозии Горбачёвӣ, ки бо сиёсатҳои ошкорбаёнӣ ва дигаргуниҳои куллӣ дар тамоми Иттиҳоди Шуравӣ тавъам буд, дар Тоҷикистон низ андешаҳо оид ба мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ба миён омаданд. Аз моҳи январи соли 1989 дар саҳифаҳои рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мақолаҳо оид ба ҳимояи забони модарӣ ва арзишҳои миллӣ нашр гардиданд. Ин иқдомҳо боиси афзоиши худшиносии миллӣ гардида, 22 феврали соли 1989 дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоии бузурге бо иштироки ҳазорон шаҳрванд баргузор шуд. Гирдиҳамомадагон талаб мекарданд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ эътироф карда шавад.
24 августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи соҳибистиқлолиро қабул кард. Дар моддаи аввали он таъкид мегардид: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад».
Ниҳоят, 9 сентябри соли 1991, бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, халқи тоҷик истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Ин рӯйдоди бузург барои миллати тоҷик воқеан як санади сарнавиштсоз буд, ки мардуми кишварро ба ояндаи нав раҳнамун сохт. Аз ҳамон рӯз инҷониб, 9 сентябр ҳамчун иди муқаддаси Истиқлолият таҷлил мешавад.
Бо шарофати истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби беш аз 180 кишвари ҷаҳон эътироф гардид ва бо онҳо робитаҳои дӯстона, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор кард. Кишварҳои гуногун бо шиносоӣ аз таърихи ғанӣ ва фарҳанги бойи миллати тоҷик ба ҳайрат омада, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибфарҳанг ва куҳанбунёд мешиносанд.
Сохтани давлати миллӣ ва навини тоҷикон бо назардошти воқеиятҳои таърихӣ ва вазъи сиёсиву геополитикии минтақаю ҷаҳон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Ӯ бо сиёсати сулҳпарварона ва тадбирҳои оқилонаи худ тавонист миёни ҷомеаи парокандаву ҷангзада иттиҳод ба вуҷуд оварад. Хизматҳои ин шахсияти таърихӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ арзишманд мебошанд, зеро ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи ӯ дар ҳалли мушкилоти байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштаанд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар корҳои бузурге дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, иқтисод ва иҷтимоъ амалӣ шуданд. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ аз томактабӣ то муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бунёди марказҳои тандурустӣ ва барномаҳои рушди сармояи инсонӣ аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбанд. Дастрасӣ ба таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати он дар сиёсати давлатӣ ҷойгоҳи муҳим дорад.
Даврони соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик давраи созандагиву бунёдкорӣ гардид. Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, рушди соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таъмини амният аз самтҳои калидӣ маҳсуб меёбанд. Ҳадафҳои стратегии кишвар то соли 2030 низ ба он нигаронида шудаанд, ки Тоҷикистон ба давлати рушдкардаи иқтисодӣ табдил ёбад ва сатҳи зиндагии мардум ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардад.
Мо ҷавонони зодаи даврони Истиқлол хушбахт аз он ҳастем, ки дар чунин як Ватани ободу зебо умр ба сар мебарем ва озодона кору фаъолият мекунем, ба қадри Истиқлолияту озоди расидан , хизматҳои шоистаи Пешвои миллатро гиромӣ доштан, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии Тоҷикистон қарзӣ инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.
Дар маҷмуъ, истиқлолият барои халқи тоҷик танҳо як воқеаи сиёсӣ набуда, балки рӯйдоди тақдирсоз ва шароити таърихиест, ки ба эҳёи худшиносӣ, эҳёи фарҳанг, таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мусоидат намуд.
Юсуфзода Муҳаммадҷон Шафеъ–
ходими илмии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон
