17 марти соли 2022 мулоқоти директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Убайдулло Насрулло Каримзода бо Мушовири Муовини роҳбари намояндагии Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Томонари Ҳасегава баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои рушди ҳамкории илмии муассиса бо марказҳои илмии Ҷопон махсусан дар самти омӯзиши таърих, бостоншиносиро баррасӣ намуданд.