RU
КОНФРОНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ ТАЪРИХИ НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX – ИБТИДОИ АСРИ XX ДАР ТАҲҚИҚОТИ ОЛИМОНИ ВАТАНӢ»
31 марти соли 2026 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои муҳимми таърихии нимаи дуюми асри XIX – ибтидои асри XX дар таҳқиқоти олимони ватанӣ» баргузор гардид.
Конфронсро директори Институт, доктори илмҳои таърих, дотсент Муродзода А.А. бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, ба аҳаммияти омӯзиши давраҳои муҳимми таърихи миллӣ ва нақши олимони ватанӣ дар таҳқиқу баррасии онҳо таъкид намуд.
Дар ҷараёни конфронс олимону муҳаққиқони соҳа бо маърӯзаҳои илмии худ баромад карда, масъалаҳои гуногуни таърихнигории давраи мазкурро мавриди таҳлил қарор доданд. Аз ҷумла, профессор Ҳотамов Н.Б. доир ба масъалаҳои омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX дар осори олимони ватанӣ суханронӣ кард.
Ҳамчунин, маърӯзаҳои Абдурашитов Ф.М. оид ба таърихнигории таърихи Тоҷикистони Шуравӣ, Убайдулло Н.К. вобаста ба таърихи маорифи давраи шуравӣ, Абулҳаев Р.А. доир ба масъалаҳои муҳоҷират ва обёрӣ, Ғафуров А.М. оид ба аҳаммияти маводи бойгонӣ ва Неъматов И. дар мавриди таърихнигории муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуданд.
Дар бахши музокира иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳимми таърихнигории давраи мазкур баён намуданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки натиҷаҳои конфронс метавонанд дар рушди минбаъдаи таҳқиқоти таърихӣ, махсусан омӯзиши масъалаҳои таърихии нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX саҳми назаррас гузорад.
