70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ
       Илми таърих дар фарҳанги ҷаҳонгири тоҷикӣ ҳамеша ҷойгоҳи олӣ ва арҷманд дошт ва мактаби таърихшиносии тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз бо усули нигориш ва воқеъназарӣ дар минтақа пайваста мақоми пешсафиро соҳиб аст. Нахустин китоби таърихию ҷуғрофии аҷдодӣ - Авесто, ба мисли як қомусномаи бузург, ки «қариб ҳамаи паҳлуҳои зиндагии инсонро фаро гирифта, бобҳои сершумори он ба давраҳои гуногуну самтҳои мухталифи фаъолияти одамон сарукор дорад»[1] ҳамчун «муҳимтарин маъхаз оид ба таърихи қадимтарин»[2]-и минтақаи Осиёи Марказӣ пазируфта шудааст. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки мактаби таърихшиносии тоҷик реша аз аҳди қадим дошта, дар марҳалаҳои баъдинаи таърихӣ бо сайъу кӯшиши ниёкони хирадманд боз ҳам сайқал ёфтаву суфта гардидааст. Катибаву сангнабиштаҳо, бойгониҳои расмию деворнигораҳо, китобҳои муқаддаси «Авасто», «Динкард», «Бундаҳишн», зиндагиномаву корномаҳои шаҳриёрону фарзонагон, ба мисли достонҳои «Худойнома», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Корномаи Анӯшервон», «Шаҳрҳои Эрон», ки ҳанӯз дар аҳди бостон таълиф шудаанд, аз ин шаҳодат медиҳанд. Танҳо дар асрҳои IX-X, махсусан дар давраи Сомониён асарҳои зиёди таърихӣ ва таърихӣ-ҷуғрофӣ бо забонҳои тоҷикӣ-форсӣ ва арабӣ навишта шуданд, ки имрӯз ҳамчун маъхазҳои арзишманди хаттии дасти аввал мавриди эътирофанд. Аз ҷумла, асарҳои Хурдодбеҳ (820-26-875 ё 912), Табарӣ (839- 923), «Таърихи Табарӣ» дар тарҷумаи Балъамӣ, Фақеҳи Ҳамадонӣ (асри IX-ибтидои асри X), Ҷайҳонӣ (ваф. 942), Истахрӣ (тав. 849), Ҳамзаи Исфаҳонӣ (883/84- 961 ё 971), Наршахӣ (899/900-960), «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ (935-1020), асари «Ҳудуд-ул-олам» ва амсоли инҳо аз рушд ва пешрафти илми таърихи тоҷик ҳанӯз дар ибтидои асрҳои миёна гувоҳӣ медиҳанд. Ба андешаи мутахассисон «Таърихи Табарӣ» дар тарҷумаи Абӯалии Балъамӣ аввалин асари таърихнигории миллии тоҷикӣ маҳсуб мешавад.[3] Маҳз ҳамин китоб дар шаклгирии илми таърихнигории тоҷику форс ва таҳкими худогоҳии миллии қавмҳои ориёӣ зиёда мусоидат намудааст.[4]
  Дар марҳалаҳои баъдина низ дар ҳавзаҳои гуногуни Варазрӯду Хуросон, махсусан дар шаҳрҳои марказӣ теъдоди зиёди мактабҳои тоҷикии таърихнигорӣ амал менамуданд. Бо ҳисоби муҳаққиқи англис Ч. Сторӣ дар асари сеҷилдааш «Феҳраствораи адабиёти форсӣ» шумораи таърихномаҳои тоҷикӣ-форсӣ беш аз ҳазор адад аст.[5]  Ҷолиб боз он аст, ки таърихномаҳои машҳуру муътабар, ки ба забони арабӣ навишта шудаанд, ба қалами донишмандони тоҷикиасл Абдулло ибни Муқаффаъ, Муҳаммад ибни ҷарири Табарӣ тааллуқ доранд. Дар асрҳои  баъдина асарҳои ниҳоят арзишманди таърихии Абӯнасри Утбӣ «Таърихи Яминӣ», Абӯрайҳони Берунӣ «Осор-ул-боқия», Маҳмуди Гардезӣ «Зайну-л-ахбор», Абулфазли Байҳақӣ «Таърихи Масъудӣ» ё «Таърихи Байҳақӣ», Низомии Арӯзии Самарқандӣ «Маҷмаъу-н-наводир» ё «Чаҳор мақола», Абулҳасани Байҳақ «Таърихи Байҳақ», Минҳоҷи Сироҷ «Табақоти Носирӣ», «Таърихи Систон»-и муаллифи номаълум, Хоҷа Низомулмулк «Сияру-л-мулк» ё «Сиёсатнома», Ҳамдуллоҳи Муставфӣ «Таърихи гузида», Атомалики Ҷувайнӣ «Таърихи Ҷаҳонкушой», Рашуддидини Фазлуллоҳ «Ҷомеъу-т-таворих», Мирхонд «Равзату-с-сафо», Хондамир «Ҳабибу-с-сияр», «Таърихи Вассоф», дар охири асрҳои миёна «Таърихи Муқимхонӣ», «Убайдуллонома», «Таърихи Абулфайзхонӣ», «Таърихи Раҳимхонӣ», «Мунтахабу-т-таворих»-и Муҳаммад Ҳакимхон, асарҳои Биноӣ, Ҳофизи Таниш, Муншӣ, Аҳмади Дониш, Мирзо Азими Сомӣ, Гулшанӣ ва дигарон, ки имкони овардани номгӯи пурраи таълифоти онҳо ин ҷо нест, нишонаи рушди пайвастаи мактаби суннатии таърихшиносии миллии тоҷик мебошанд. Ин силсилаи таърихномаҳо баробари маъхазҳои муҳим ва арзишманди хаттӣ буданашон, воситаи асосии пайвандгари мактабҳои таърихшиносии марҳалаҳои гуногуни таърихӣ ва идомаи суннатҳои таърихноманависии миллӣ буданд.
   Албатта, онро низ бояд сарфи назар накард, ки ҳарчанд дар таърихномаву солномаҳои асримиёнагии тоҷикию форсӣ маводи зиёде мавҷуд аст, вале бештари онҳо мазмунан тавсифӣ буда, аз усули таҳлили айнӣ, назари интиқодӣ ба маъхазҳо бархӯрдор нестанд. Бо вуҷуди ҷой доштани маводҳои зиёди таърихӣ дар ин таърихномаҳо, мавҷуд будани асарҳое, ки ба инъикоси таърихи ҷаҳон равона шудаанд, теъдоди бештари онҳо ба таърихи расулон, ҳокимон, хонадонҳои алоҳида, муҳорибаҳову лашкаркашиҳои онҳо, тавсифи ҳаёти дарбор, мубориза барои ҳокимият, низоъҳои байниҳамдигарии сулолаву хонадонҳои гуногун бахшида шудаанд. Аммо, бидуни шак ин таърихномаҳо паҳнкунандагони асосии донишҳои таърихӣ ва маҳфуздорандагони ҳофизаи таърихии миллати тоҷик буданд.
   Гузариш аз донишҳои таърихӣ ва ташаккули таърих ҳамчун соҳаи алоҳидаи илм аввалан асри XVIII дар Аврупо ва каме баъдтар дар мамолики Шарқ ба вуқуъ меояд. Яке аз омилҳои асосии гузариш аз донишҳои таърихӣ ба илм ин раҳоӣ аз фаҳмиш ва дарки динии қонуниятҳои рушди ҷомеаи инсонӣ ва тавсифи ҳаводиси таърихӣ мебошад. Дар таърихшиносии миллии тоҷикӣ низ то замони Аҳмади Дониш муаррихон аз кӯшиши муайян намудани қонунияти воқеии таърихӣ дурӣ ҷуста, вуқӯъ ва амали ҳаводисро ба амри тақдир, қазову қадар ё насибу сарнавишт ҳавола мекарданд.[6] Дар ибтидо Аҳмади Дониш (1827-1897) ва баъдан устод Садриддин Айнӣ (1878-1954) бо таълифи асарҳои таърихии худ ба рушди афкори сиёсию ҷамъиятӣ, ҷаҳонбинии нави таърихӣ ва ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии устод Садриддин Айнӣ таъсири дастовардҳои илмии ховаршиносии ҷаҳонӣ, ба вижа олимони шинохтаи рус В.В. Бартолд, А.А. Семенов ва М. С. Андреев мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки аз муаррихони миллӣ, поягузори омӯзиши воқеан илмии таърихи халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ буда, таҳқиқоти таърихии ӯро метавон чун анҷоми гузариш ба омӯзиши илмӣ дар таърихнигории миллӣ эътироф кард.