Наврузбеков Маснав
антрополог, ходими илмии шуъбаи
этнологии ва антропологияи Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ
Наврузбеков Маснав Ниёзмамдович 26 январи соли 1983 дар деҳаи Парзудҷи ноҳияи Шуғнони (ҳозираи Роштқалъа) Вилияти Мухтори Кӯҳистони Бадашон Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.Сол1991 ба мактаби ибтидоии №19 ба таҳсил фаро гирифта шуда, соли 2001 мактаби миёнаи № 18-и ноҳияи Роштқалъаро бо баҳои аъло хатм кардааст. Солҳои 2001 дар факултети рӯзонаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ дохил шуда, дар соли 2006 факултети мазкурро бо ихтисоси муаррих ва муаллими таърих ва ҷомеашиносӣ бо дипломи аъло хатм намудааст.
Солҳои 2008-2010 ассистенти кафедраи таърих халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ва соли 2010-2015 дар Ташкилоти Мухтори Тиҷоратии илмӣ-мадании «Маркази Научно-просветительный центр «Мост в будущее»» ба ҳайси ассистенти гурӯҳи тадқиқотӣ кору фаъолият доштааст.Аз 02.05.2017 то 02.05.2018 бозомӯзи Институти этнология ва антропологияи ба номи Миклухо-Маклая АИР (ш. Москва) буда, рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таснифоти антропологии аҳолии наздик ба замони муосири Тоҷикистон» омода карда истодааст.Аз соли 2016 то ҳол корманди илмии шуъбаи этнология ва антропологияи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ мебошам.Иштирокчии як 13 экспедитсияҳои саҳроӣ, муаллифи 20 мақола ва як монография(дар ҳаммуаллифӣ мебошад.