Қаландарова Олия Искандаровна
Номзади илмҳои таърих,
ходими илмии шӯъбаи бостоншиносӣ
Хатмкардаи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Точикистон ба номи В. Ленин (1993). Пас аз хатми донишгоҳ ба вазифаи лаборанти калони шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А Дониш АМИТ қабул карда шуд. Аз соли 2013 то имрӯз - корманди илмии ҳамин шӯъба
Соли 2021 рисолаи илмиро барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои таърих дар мавзӯи «Семантикаи сужаҳои ороишоти заргарӣ дар Бохтар - Тахористон ва Суғд» химоя кардааст.
Таваҷҷуҳи илмиаш ба омӯзиши ҷавоҳироти Бохтар - Тахористон ва Суғд нигаронида шудааст. Муаллифи зиёда аз 15 мақолаи илмӣ оид ба масъалаҳои семантикаи маснуоти заргарӣ мебошад. Бо маърӯзаҳо дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок мекунад.