Профессор Насрулло Убайдулло: «Туҳфаи «Тоҷикон» ба ҳар хонадони кишвар — иқдоми беназири Пешвои миллат ва таҳрикдиҳандаи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ”
ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунии инкишофи ҷумҳурӣ афзалиятро бештар ба соҳаҳои илму маориф дода, дар бораи омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва арҷ гузоштан ба аҷдодони худ дастуру супоришҳо доданд. Дар робита ба ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо доктори илмҳои таърих, профессор, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло УБАЙДУЛЛО суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш ба нақши китобхонаҳо ҳамчун маркази муҳими илму фарҳанг ва омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ, муҳимтарин воситаи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинон ва пешрафти тафаккуру ҷаҳонбинии онҳо бештар таваҷҷуҳ намуданд. Миллати соҳибфарҳанги мо дар тӯли ҳазорсолаҳо дар минтақаҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросон китобхонаҳои азим бунёд менамуд. Аз он махзани бузург на танҳо аҳли адабу мансаб, балки фақирону дигар қишрҳои ҷомеа низ метавонистанд истифода баранд. Дастури Пешвои миллат ба ҷомеаи кунунӣ доир ба хондани китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосир ба чӣ хотир аст?
Профессор Насрулло Убайдулло
Насрулло Убайдулло: Сарвари давлдат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат дар баробари рушди илму маориф ва сифати таълиму тарбия ба нақши китобхонаҳо ҳамчун маркази муҳими илму фарҳанг ва омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ, муҳимтарин воситаи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинон ва пешрафти тафаккуру ҷаҳонбинии онҳо бештар таваҷҷуҳ намуданд, ки ин бесабаб нест. Зеро дар шароити рушди босуръати технологияи итилоотии имрӯза, ки аз кӯчактарин то бузургтарин аҳли ҷомеа аз истифодаи фаъоли он бархӯрдор аст, таваҷҷуҳ ба китоб ва китобхонӣ, махсусан дар байни насли наврас ва ҷавонон ба маротиб коҳиш ёфтааст. Ташкили чорабиниҳои сатҳи гуногун, озмунҳо, ба мисли Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…», зиёд намудани теъдоди китобхонаҳо, нуқтаҳои паҳнкунанда ва фурӯши китоб, аз ҷумла китобҳои электронӣ ва дигар маъракаю ҳамоишҳо тадбири муҳиме дар роҳи ҳарчи бештар ҷалб намудани аҳли ҷомеа ба хониши мустақилонаи китоб мебошанд.
Тоҷикон таърихан ва табиатан мардуми соҳибфарҳанг, тамаддунофар, китобдору китобхонанд ва кам нестанд шумораи китобҳое, ки имрӯз хондани он ба ҳар як фарди ҷумҳурии соҳибистиқлол зарур ва ҳатмӣ аст. Дастури Пешвои миллат ба ҷомеаи кунунӣ доир ба хондани китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосир ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ ҳидояти саривақтӣ ва хирадмандона аст.
АМИТ «Ховар»: Пешвои миллат инчунин дар Паёми хеш ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров- «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа намоянд. Ба андешаи шумо, омӯзиши ин асари бунёдӣ ва чопу дастраси ҳар хонаводаи мамлакат намудани ин китоби арзишманд чӣ аҳамият дорад?
Насрулло Убайдулло: Бешак, яке аз китобҳое, ки хондани он ба сокинони мамлакат ва ҳар нафар тоҷики худшинос заруру воҷиб аст, ин «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. «Арзиши илмии ин асари бунёдӣ,- таъкид менамоянд Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ,- бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон шинос кард».
Аз ин рӯ, иқдоми Пешвои миллат дар самти тавассути фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп ва дастраси ҳар хонаводаи мамлакат намудани ин китоби арзишманд бисёр беназир буда, таҳрикдиҳандаи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар ниҳоди ҳар сокини кишварамон хоҳад гардид.
Воқеан, таърихи пурифтихори халқи тоҷик бузургтарин мактаби худшиносӣ барои сокинони мамлакат, ба вижа наврасону ҷавонони он мебошад. Роҳи асосии шиносоии ҷавонону калонсолони мамлакат бо ин мактаб- омӯзиши адабиёти илмию бадеии таърихӣ аст. Танҳо бо хондану омӯзиши чунин асарҳо насли имрӯза ва ояндаи ҷумҳурӣ дар рӯҳияи меҳанпарастию миллатдӯстӣ ва худшиносию дарки ҳувияти миллӣ тарбия ёфта, аз саҳифаҳои дурахшон, қаҳрамонию диловарии гузаштагон, нақши пешгузаштагони худ дар таърих ва тамаддуни ҷаҳонӣ огаҳӣ пайдо менамоянд.
АМИТ «Ховар»: Олимон бар ин назаранд, ки ин китоби пурарзиш дар баробари «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакри Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда низ хизмат менамояд. Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун асари бунёдии таҳқиқотӣ дар илми таърих ва ховаршиносии ҷаҳон чӣ гуна мақомро ишғол менамояд?
Насрулло Убайдулло: Академик Бобоҷон Ғафуров, ки худ бешак дар саргаҳи омӯзиши илмии таърихи халқи тоҷик ва ташаккули таърихшиносии миллӣ меистод тва ин китобро дар шароити бениҳоят вазнин офарида буд. Бо таълифи ин асар ӯ ба оноҳое, ки бо ҳар роҳу восита тоҷиконро ҳамчун халқи соҳибтаъриху тамаддунофар ва сокинони аслии марзу буми минтақа нодида мегирифтанд, зарбаи қотеъона зад.
Аз «Таърихи мухтасари халқи тоҷик», ки ҳанӯз соли 1947 бо забони тоҷикӣ нашр шуда буд ва баъдан шакли таҳкимёфта ва пурратари он бо забони русӣ (се маротиба дар Москва нашр шудааст) то нашри русии «Тоҷикон» (соли 1972) ва нашри тоҷикии он (солҳои 1983, 1985) дар такя ба консепсияи қавии илмӣ таърихи тӯлонии халқи тоҷик бо тамоми паҳлуҳояш ба риштаи тасвир кашида шудааст.
«Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар заминаи асноду далел, бо истифода аз сарчашмаю мадракҳои таърихӣ ва таҳлили дақиқонаи пажӯҳишҳои илмии таърихшиносию ховаршиносии ватанию хориҷӣ таълиф гардидааст. Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун асари бунёдии таҳқиқотӣ аз рӯзи аввал дар илми таърих ва ховаршиносии ҷаҳон мақоми арзанда ишғол намуд, ки шаҳодати ин чоп шудани тақризҳои зиёд аз тарафи олимони шинохта ва тарҷума гардидани он ба забонҳои гуногун дар давлатҳои хориҷӣ мебошад. Олими барҷаста, ки худ муддати зиёда аз 20 сол сарварии Институти шарқшиносмии Академияи илмҳои собиқ СССР-ро ба зимма дошт ва тавонист обрӯю нуфузи ин пажӯҳишгоҳи илмиро ба сатҳи ҷаҳонӣ барорад, ба таърихи миллати хеш аз мавқеи воқеият, бо асноду далели қавӣ дар чаҳорчӯбаи муқаррар намудаи илми замон ҳамчун ҷузъи таркибии таърихи умумибашарӣ муносибат намудааст.
АМИТ «Ховар»: Бале, Шумо дуруст мегӯед, академик Бобоҷон Ғафуров ягона олими тоҷик буд, ки ӯро чун сиёсатмадори варзида дар миқёси ҷаҳон, хусусан дар Шарқ хуб мешинохтанд. Бо ташаббус ва зери таҳрири ӯ танҳо бо забони англисӣ қариб 30 асар дар мавзӯъҳои муҳими таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардидаанд…
Насрулло Убайдулло: Ҳамин тавр аст, академик Бобоҷон Ғафуров таърихи халқи худро дар робита ба таърихи бою рангини Шарқ ва дар пайвастагӣ бо таърихи дигар сокинони минтақа таҳқиқ намуда, дар баробари тоҷикон нақши онҳоро низ дар рушди минтақа нишон додааст.
Бобоҷон Ғафуров бо чопи ин шоҳасар исбот намуд, ки тоҷикон дорои таърихи бениҳоят бой ва тӯлонӣ ҳастанд ва ниёзе ба таърихи сохтаю бофта ё таҳрифи таърих надоранд. Ӯ дар ҳама ҳолат ҳангоми пажӯҳиши ин ё он масъала ҳадди муайяну заруриро нигоҳ медошт ва пайваста таъкид менамуд, ки «ҳадде ҳаст, ки аз он гузаштани таърихшинос мумкин нест, зеро агар вай аз ин ҳад гузарад, таърихшинос не , балки қиссапардоз мешавад».
Олими шинохта тавассути асарҳои хеш, махсусан «Тоҷикон» ба мо ва оламиён саҳифаҳои таърихи бою рангини миллати тамаддунофари тоҷикро бо ҳама бурду бохташ нишон дода, муқаррар намуд, ки ин халқ дорои таърихи зиёда аз шашҳазорсола буда, сокинони аслии Хуросону Варорӯд, офарандагони тамаддуни минтақа ва оину суннатҳои наҷиби то имрӯз побарҷои аҷдодӣ мебошад. Тоҷикон дар масири таърих ҳамеша ҳамчун мардуми давлатсозу давлатдор, эҷодкору бунёдкор, тамаддунсозу сулҳофар ва дар баробари ин муборизи роҳи озодию истиқлолият, ҳомии марзу бум ва суннатҳои аҷдодӣ, забони модарӣ ва фарҳанги ниёкон тасвир ёфтаанд. Аз саҳифаҳои ин асар бармеояд, ки миллати тоҷик ҳамеша аз ҳама гуна гирдобу кӯрдуди замона, ки бисёрии он ҷонкоҳу камаршикан буд, на танҳо зиндаву саломат берун омад, балки дар фурсати ками ба даст омада аз нав қомат меафрохт ва эҳё мешуд.
АМИТ «Ховар»: Вазъияти ҷаҳони мутамаддин тақозо мекунад, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд аз гузаштаи худ огоҳ бошад. Ба андешаи Шумо дар ҳимояи муқаддасоти милливу давлатӣ ва эҳёи сунннатҳои волои давлатдорию фарҳангӣ мо бояд бештар ба чӣ таваҷҷуҳ намоем?
Насрулло Убайдулло: Имрӯз дар шароити соҳибистиқлолӣ, бунёди давлати комилан нави миллӣ, эҳёи сунннатҳои волои давлатдорию фарҳангӣ моро зарур аст мисли академик Бобоҷон Ғафуров ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, боз бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ бори дигар таъкид намуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Дар ин росто бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик пешниҳоди Пешвои миллат доир ба чопи «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва аз номи Сарвари давлат ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа шудани он иқдоми наҷибона ва хирадмандона мебошад.